23.10.2025

 img

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар доираи марҳилаи дуюми бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфтааст.

 

Ба Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии рақами 2 бо 45 синфхонаи таълимӣ барои 1200 донишҷӯ ва бинои таълимии рақами 3 бо 49 синфхонаи таълимӣ барои 1416 донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

 

Ҳамзамон дар биноҳои нави таълимӣ 9 синфхонаи озмоишӣ, 2 толори маърӯзавӣ, 1 маркази тестӣ бо фарогирии 2600 ҷойи нишаст ва 6 кафедра аз ҷумла “Биохимия ва биология” , “Фармакология ва микробиология”, “Тибби ҳарбӣ”, “Беҳдошт ва эпидемиология”, “Химияи тиббӣ ва экология” ва “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ омода карда шудаанд.

 

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон бо кадрҳои баландихтисоси соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуда, 31 августи соли 2016 бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии донишгоҳ  оғоз бахшида шуд.

 

Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо бинои таълимии рақами 1 моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он замон донишгоҳ бо зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нишаст дар як вақт таъмин гардида буд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар ин даргоҳи илму маърифат 2600 ҷойи нишаст зиёд гардид. Ҳоло дар донишгоҳ дар маҷмуъ 5 ҳазору 412 ҷойи нишаст барои донишҷӯён омода карда шудааст.  

 

Шумораи умумии донишҷӯён дар соли хониши 2025-2026 2 ҳазору 852 нафар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳайати омӯзгорону профессорон  215 нафарро ташкил медиҳанд.

 

Фаъолияти илмӣ-инноватсионии донишгоҳ аз соли 2018 инҷониб роҳандозӣ гардида, то имрӯз 1465 таълифоти илмӣ, 6 монография, 6 ихтироот, 65 пешниҳоди навоварона, 112 санади воридсозӣ, 14 китоби таълимӣ ва зиёда аз 60 дастури методӣ аз ҷониби олимони донишгоҳ ба нашр расидааст. Инчунин аз соли 2018 инҷониб 3 корманди донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 8 кас рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Дар самти таҳқиқот ва гузаронидани корҳои илмӣ  олимони ҷавони донишгоҳ низ муваффақ буда, ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  ширкат меварзанд. Ин аст, ки донишҷӯёни ин муассисаи олии касбӣ дар озмунҳо 25 ҷойи аввал, 27 ҷойи дуюм, 30 ҷойи сеюм, 20 ҷойи ифтихорӣ ва 9 дипломи дараҷаи 1 ва 2-ро ба даст овардаанд. Ҳамзамон соли 2022 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ғолиби ҷойи сеюм, соли 2023 соҳиби шоҳҷоиза ва  соли 2024 сазовори ҷойи дуюм  гардидаанд. 

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони донишгоҳ таъкид намуданд, ки илму маориф доимо дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дорад ва олимону муҳаққиқон, омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи кулли соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд. Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди омӯзгорону олимон қарор дорад, ин тарбияи мутахассисони варзида,  ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аст.

 

Давоми 9 соли фаъолият заминаи моддию техникии Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара  мукаммал гардонида шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннию илмӣ технологияи нав, дастгоҳу таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор доранд.

 

Ба хотири густариши равобит ва ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои олӣ ва марказҳои бонуфузи илмии  дохил ва хориҷи кишвар донишгоҳ 22 шартномаи ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии Қирғизистон, Донишгоҳи тиббии  Ал-Форобӣ, Донишгоҳи тиббии Қарагандаи Қазоқистон, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабири ИМА ва Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубии Федератсияи Русия ба имзо расонидааст, ки то имрӯз соҳиби 5 лоиҳаи грантӣ мебошад. 

 

Донишгоҳ соли 2022 аъзои комилҳуқуқи “Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” ва соли 2023 расман дар руйхати Феҳристи Умумиҷаҳонии Донишгоҳҳои тиббӣ ворид гардидааст.

 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми маорифи кишвар стандартҳои нави давлатӣ қабул гардида, бунёд ва зиёд намудани шумораи муассисаҳои олӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои олии кишвар аз 13 ба 47 муассисаи олӣ ва шумораи донишҷӯён аз 65 ҳазор ба зиёда аз 220 ҳазор расонида шудааст.

 

Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара низ аз дастовардҳои назарраси соҳаҳои маорифу тандурустӣ мебошад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба масъалаҳои сифати дониш, касбияти донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорону олимони ҷавон эътибори ҷиддӣ дода шуда, усулҳои нави таълим ва истифодаи васеи технологияи муосир ба пуррагӣ ҷорӣ карда шавад.

 

Ҳоло дар донишгоҳ 10 шуъба, 2 Шурои илмӣ, 5 марказ, 5 факултет, 21 кафедра, 2 коллеҷ, китобхонаи барҳаво, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ, дармонгоҳ ва озмоишгоҳи марказӣ фаъолияти самаранок доранд.

 

Боиси зикр аст, ки соли 2021 аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хатми донишҷӯён сурат гирифт ва то имрӯз 1532 донишҷӯ ин боргоҳи илмро хатм намудааст. Аз ин шумора 113 нафар соҳиби дипломи аъло гардидаанд.

 

Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи Нақшаи генералии маркази маъмурии ноҳияи Данғара ва лоиҳаи бунёди ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара шинос шуданд. Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки сохтмони биноҳо дар масоҳати 1430 метри мураббаъ дар кӯчаи Исмат Шарифи шаҳраки Данғара ба нақша гирифта шудааст.

 

Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати кишвар маорифро аз соҳаҳои калидӣ ва пешбарандаи ҷомеа эътироф намуда, омӯзгорону олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад ва мақоми олимону омӯзгоронро аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд мебардорад.

 

Ҳарду бино аз нуҳ ошёна иборат буда, 36 хонаи дуҳуҷрагӣ бо масоҳати 67,84 метри мураббаъ ва 36 хонаи якҳуҷрагӣ бо масоҳати 52,80 метри мураббаъ пешбинӣ гардидааст, ки барои таъмини 72 оилаи омӯзгор бо манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст. Манзилҳои истиқоматӣ дар 3 сол омода хоҳанд шуд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири устуворӣ ва мустаҳкамии иншоот дар раванди корҳои сохтмонӣ маҳсулоти хушсифат истифода бурда шуда, сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шавад.

 

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Нақшаи генералии шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара маълумот дода шуд.

 

Нақшаи генералии шаҳраки Данғара аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” дар масоҳати 3861 гектар таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 тасдиқ гардидааст.

 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳудуди нақшаи генералии шаҳрак ба ҳудудҳои маркази маъмурию ҷамъиятӣ, иморатсозии бисёрошёна ва хусусии истиқоматӣ, коммуналию анборӣ ва хизматрасонии марказӣ ҷудо карда шудааст.

 

Дар соли 2024 лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои  Марказӣ, Неъмат Қарабоев, Зебунисо, Шарқ, Киров, Исмат Шариф, маҳаллаи рақами 8 ва Ҷамоати деҳоти Сафобахш ва деҳаи Файзбахш дар масоҳати 240 гектар барои 72 ҳазору 700 хонавода таҳия гардидааст.

 

Фонди манзили лоиҳавӣ 1 миллиону 455 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар гирифта, аҳолӣ аз ҳисоби 20 метри мураббаъ ба 1 нафар 72 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад.

 

Талабот ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 9600 ва таҳсилоти томактабӣ 7200 касро дар бар мегирад.

 

Дар ин асос, дар лоиҳаи муфассали банақшагирӣ бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 46 иншооти ҷамъиятию корӣ ва савдо, 6 таваққуфгоҳи нақлиётии 5-6 ошёна, роҳҳои мошингард, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти гуногуни пешбинигардида ба сифати кор ва маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуда, иншооти таъйиноти гуногун ва биноҳои баландошёна бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ва унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардад.

  • Ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва муаррифии лоиҳаи нақшаи генералии ноҳияи Данғара ва ду бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон img
  • Ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва муаррифии лоиҳаи нақшаи генералии ноҳияи Данғара ва ду бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон img
  • Ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва муаррифии лоиҳаи нақшаи генералии ноҳияи Данғара ва ду бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон img
  • Ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва муаррифии лоиҳаи нақшаи генералии ноҳияи Данғара ва ду бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара 23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии Шукронаро мавриди истифода қарор доданд.   Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 3 ошёна ва 20 ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад ва барои 400 кӯдак пешбинӣ шудааст.   Ҳамзамон дар бинои асосии муассиса ҳуҷраҳои тадбирҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, толори бозии кудакон, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст.   Масоҳати умумии иншооти таълимӣ 800 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари муассиса майдончаи варзишӣ сохта шудааст. Саҳни бино пурра сафолакпӯш гардида, атрофи он бо гулу дарахтони сояафкан оро ёфтааст.   Иншооти соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд гардида, ҳамчунин, дорои нуқтаи гармидиҳӣ мебошад.   Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли ҷорӣ оғоз гардида, дар мудати 9 моҳ бо сифати баланд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ сохта шудааст.   Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбият намудани насли ояндасози миллат ба омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.   Бунёди чунин бинои наву замонавӣ дар ноҳияи Данғара туҳфаи арзишманд аз ҷониби Роҳбари давлат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия арзёби карда шуд.

    8

    23.10.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №1 дар ноҳияи Данғара 23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Бинои муассисаи таълимӣ, ки аз чор ошёна иборат аст, барои таҳсили 3420 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд карда шуд.   Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла сохта ба истифода дода шуд.   Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ гардидааст.   Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, 57 синфхона ва 24 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо технологияи пешрафта ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ муҷаҳҳаз мебошад.   Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.   Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 46 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад.   Озмоишгоҳҳои фаннӣ, китобхона бо толори хониш ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ шудааст.   Сохтмони бинои мактаб соли 2024 оғоз гардида, он дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 11 ҳазору 870 метри мураббаъ дар муддати кӯтоҳ бунёд карда шуд.   Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.   Дар муассисаи мазкур “Осорхонаи Пешвои миллат” таъсис дода шуда, дар он аксҳои 5 давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудааст. Мавҷуд будани чунин осорхона дар муассиса бевосита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуъ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди тоҷик мусоидат хоҳад кард.   Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ, ки дар муассиса сохта шудааст, бевосита ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обу тоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад.   Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки хонандагон вақти холигии худро босамар гузаронда, ба варзиш машғул шаванд.   Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 400 ҷойи нишаст ва ошхона барои 272 нафар мебошад.   Иншооти нави таълимӣ пурра бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин буда, гармии тамоми муассиса дар давраи сардиҳо таъмин карда мешавад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити хуб ба таълим фаро гирифта шаванд.   Атрофи муассиса сабзу хуррам гардонида шуда, дар он дарахтони ороишиву сояафкан ва гулу буттаҳои ороишию рангоранг шинонида шуда, ба ҳусни мактаб зебоии дигар зам намудааст. Ҳамзамон насби чароғҳои гуногун равшании ин маҳалро дар шабонгоҳ таъмин мекунад.   Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бинои ин боргоҳи маърифат аз лиҳози сохтмону меъморӣ ва фарогирии шумораи зиёди хонандагон ба таҳсил дар ноҳия камназир аст.   Бояд зикр кард, ки дар ноҳияи Данғара танҳо давоми як соли охир 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 8 ҳазор ҷои нишаст бо саҳми соҳибкорон бунёд карда шудааст.   Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имконияти фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди муассисаҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз хонандагонро ба хониши хубу аъло, илмомӯзӣ, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш шудан ҳидоят намуданд.   Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Осорхонаи Пешвои миллат таъсис дода шудааст. Осорхона бо тарҳи муосир оро ёфта, дар он зиёда аз 100 экспонат аз зиндагию корномаи Пешвои миллат аз овони мактабӣ то давраи давлатдории Сарвари давлат ҳикоят мекунад.   Дар осорхонаи мазкур айёми мактабӣ, солҳои донишҷӯӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, раҳбарӣ дар хоҷагӣ ва даврони роҳбарии давлати Тоҷикистон бо расму мусаввараҳо оро дода шудааст.   Ҳадаф аз таъсиси осорхона пеш аз ҳама тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани воқеияти зиндагию корнома ва ҷонбозию фидокориҳои Пешвои миллат ба насли наврас мебошад.   Осорхона дорои мудирият аст, ки метавонад ба хонандагону меҳмонон оид ба аҳамияти осорхона маълумоти дақиқ диҳад.

    7

    23.10.2025
  •  img
    MAKTABMOBILE.TJ - ПЛАТФОРМАИ НАВИ РАҚАМИИ ТАЪЛИМ ДАР ТОҶИКИСТОН Соҳаи маорифи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ва инноватсия ворид мегардад. Дар замони пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ, истифодаи васеи воситаҳои рақамӣ дар ҷараёни таълим дигар на танҳо як ниёз, балки зарурат мебошад. Дар ҳамин замина, платформаи нави миллии таълимии Maktabmobile.tj дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ мавриди озмоиши пилотӣ қарор гирифт.   Дар доираи ин озмоиш, имрӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар семинарҳои омӯзишӣ ва муаррифии платформа баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳо намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва мутахассисони соҳаи технология ширкат варзиданд.   Ҳадафи асосии семинар шинос намудани омӯзгорон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ бо имкониятҳои васеи платформаи Maktabmobile.tj мебошад. Иштирокчиён бо равандҳои сабти ном, идоракунии дарсҳо, боргузории маводҳои таълимӣ, ташкили имтиҳонҳои онлайн ва пайгирии натиҷаҳои хонандагон шинос шуданд.   Ин низом имконият фароҳам меорад, ки омӯзгорон ва хонандагон дар муҳити ягонаи рақамӣ фаъолият кунанд, дарсҳоро фосилавӣ омӯзанд ва ба китобҳою супоришҳои электронӣ дастрасӣ дошта бошанд.   Платформаи Maktabmobile.tj як қадами муҳим дар роҳи рақамисозии низоми маориф дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Он метавонад сатҳи таҳсилро боло бурда, равандҳои идоракунии таълимро шаффоф ва муосир гардонад. Бо татбиқи пурраи он, хонандагон аз ҳар гӯшаи кишвар ба маводи таълимӣ ва фанҳои зарурӣ дастрасӣ хоҳанд дошт.   Озмоиши пилотӣ дар ду минтақа — Бохтар ва Хуҷанд, оғози марҳилаи нави рушди муассисаҳои таълимии рақамӣ мебошад. Иштирокчиён аз кори система изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои истифодаи васеи он дар раванди таълим баён доштанд.   Maktabmobile.tj — ин на танҳо як вебсайт ё барномаи мобилӣ аст, балки як қадами муҳими Тоҷикистон ба сӯи маорифи рақамӣ ва таҳсили дастрас барои ҳама мебошад. Семинарҳои омӯзишии баргузоршуда нишон доданд, ки омӯзгорон ва хонандагон омодаанд бо технологияи нав ҳамқадам шаванд.   МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАҲЛИЛ, ИТТИЛООТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ

    4

    23.10.2025