23.11.2026
23 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи истиқлол ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва олимону муҳаққиқон иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас вазири маориф ва илм бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Зимни суханронӣ вазир ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид кард, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти таърихии мардуми тоҷик мебошад. Қайд гардид, ки Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳои муқаддаси давлат буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он нишонаи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосса пайдо намуда, дар таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи пайдоиш ва ташаккули рамзҳои давлатӣ, тарғиби эҳтиром ба Парчами миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои соҳаи маориф ба шумор меравад.
Дар идомаи конференсия Х.Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ» ва М. Ҳалимова - номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибихтиёрии миллӣ ва таҷассумгари давлатдории муосир» маърузаҳо пешниҳод намуданд. Зимни музокира иштирокчиёни конференсия атрофи мазмуну муҳтавои маърузаҳо, аҳаммияти таърихию сиёсии Парчами давлатӣ, зарурати тарғиби арзишҳои миллӣ ва тақвияти корҳои тарбиявию маърифатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир муассисаҳои таълимӣ дар баробари фароҳам овардани заминаи донишандӯзӣ, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон масъулияти муҳим доранд. Аз ин рӯ, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ, таҳкими эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони худогоҳу ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷом кори конференсия ҷамъбаст гардида, таъкид карда шуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, ҳамчун рамзи муқаддаси истиқлолу озодӣ, бояд дар зеҳну шуури ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли наврасу ҷавон, ҷойгоҳи устувор дошта бошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон