13.05.2025

 img

13 майи соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 9-уми вазирони маорифи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардида, дар он роҳбарони вазоратҳои маорифи Тоҷикистон, Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳои узв ширкат варзиданд.

 

Дар ҷаласа мавзуъҳои таҳкими ҳамкориҳои таълимӣ ва илмӣ дар доираи СҲШ, густариши барномаҳои муштарак, табодули донишҷӯёну устодон, татбиқи таҳсилоти рақамӣ ва рушди иқтисоди сабз баррасӣ гардид.

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баргузории ҷаласа вобаста ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои муассир, ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии муштарак ва густариши таҳсилоти рақамӣ суханронӣ намуд.

 

Дар баромади худ вазири маориф ва илм аз ҷонибдориҳои пайвастаи СҲШ дар густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои маорифу илм ва фарҳанг ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай дар тӯли фаъолияти худ ҳамчун созмони муттаҳид ва пойдор, масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосирро тавассути ҳамгироии илмӣ ва фарҳангӣ пайгирона ҳаллу фасл менамояд.

 

Дар идома вазир вобаста ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак суханронӣ намуда, зикр кард, ки натиҷаҳои назаррас танҳо тавассути ҳамкории мустақими илм ва истеҳсолот дастёфт мегарданд, зеро илм ва навоварӣ дар таъмини рушди устувор ва сатҳи баланди зиндагии мардум нақши калидиро мебозанд.

 

Ёдовар мешавем, ки зимни баргузории ҷаласаи 9-уми вазирони маорифи кишварҳои узви СҲШ дар баробари баррасии дигар масъалаҳо чанд санади муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла, «Иқдоми Урумчӣ» ва нақшаи рушди таҳсилоти рақамӣ дар доираи СҲШ ба имзо расиданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ img
  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ АВВАЛИНИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА МУКОЛАМАИ ИЛМИЮ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ОЛМОН ДАР ФОРМАТИ C5+1 12-14 майи соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон нишасти аввалини мизи мудаввар оид ба муколамаи илмию сиёсии Осиёи Миёна ва Олмон дар формати c5+1 баргузор гардид.   Мизи мудаввари сатҳи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои маориф ва илми давлатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ниёзӣ Сироҷиддин – директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон намояндагӣ кард.   Мизбони чорабинӣ – Флориан Франк - сардори шуъбаи 212 –и Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон нишастро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар идома бо суханронии хеш мавзуъҳои “Пешомадҳои ҳамкории тадқиқотӣ: самтҳои асосӣ, соҳаҳои алоқа, равандҳо”, “Консепсияҳои ҳамкории тадқиқотӣ: интизориҳо, усулҳои кор, мушкилот” ва “Маблағгузории ҳамкории тадқиқотӣ: ҳадафҳо, таҷриба ва табодули дониш” – ро бо ҳайати кишварҳои иштироккунанда мавриди баррасӣ қарор дод.   Вобаста ба мавзуъҳои дар болозикргардида, афзалиятҳо ва нуқтаҳои алоқаи ҳамкории илмии байналмилалӣ ҷиҳати иҷроиши мавзуъҳо миёни давлатҳои иштироккунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.   Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии муносибатҳои геополитикӣ, баргузории чунин мизи мудаввар миёни намояндагони давлатҳои Осиёи Миёна ва баррасии мавзуи илмӣ – таҳқиқотӣ саривақтӣ мебошад.   Изҳор гардид, ки ташаббуси Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти Олмон дар роҳандозии формати C5+1 “Муколамаи илмию сиёсии Осиёи Миёна ва Олмон” заминаҳои густурдаеро барои муколама ва табодули таҷрибаи илмӣ- таҳқиқотӣ миёни кишварҳои минтақа фароҳам меорад.   Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмонии Ҷомӣ қайд намуд, ки шумораи донишҷӯён, магистрантон, докторанти (PhD), унвонҷӯён ва олимон, ки ба таҳсилу пажӯҳиш дар муассисаҳои олии Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳ доранд, сол ба сол афзуда, дар ҳамин радиф, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад, то ки сатҳи омодагии онҳо ба таҳсил ва пажӯҳиш дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна боз ҳам беҳтар гардад.   Мавсуф зимни баромади худ пешниҳод намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст, дар доираи амалисозии ҳадафҳои “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037”, “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамкориҳои илмӣ –таҳқиқотиро дар мавзуи “Тадқиқоти рушди сармояи инсонӣ (маориф ва илм)”, “Таҳқиқот оид ба трансформатсияи рақамӣ дар соҳаи маориф ва илм”, “Татбиқи иқтисоди "сабз" дар саноатикунонии кишвар”, “Тадқиқоти истифодаи самараноки энергияи "сабз" ва таъмини сарфаҷӯии энергия”, “Тадқиқоти рушди соҳаи сайёҳии экологӣ”, “Тадқиқоти экология ва идоракунии захираҳои об”, “Тадқиқоти кишоварзӣ ва иқлим”, “Таҳсилоти касбӣ: рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия”, “Тандурустӣ ва биотиббӣ” бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад.   Инчунин, қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, омода аст ҷиҳати густариши мубодилаи академии донишҷӯён, магистрантон, докторанти (PhD), унвонҷӯён ва олимон, лоиҳаҳои муштараки илмӣ, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои байналмилалӣ, нашрияҳо ва тадқиқоти муштарак ҳамкориҳои судмандро бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва давлатҳои Осиёи Миёна ба роҳ монад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    10

    14.05.2025
  •  img
    ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОН БО ҶОЙИ КОР Имрӯз 14-уми майи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон суҳбат-вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор шуд.   Дар суҳбат-вохӯрӣ Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим, Шамсиддин Саъдуллозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Исозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ ва намояндагони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ташкилоту идораҳо иштирок карданд.   Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим оғоз гардид.   Сипас Шамсиддин Саъдуллозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, аз ҷумла баён намуд, ки тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025”, “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 27-уми майи соли 2017, №262) тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моариф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ, “Комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагон” барои зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амалӣ карда мешавад.   Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки мутобиқи банди 8-и Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, маблағҳои хароҷотшуда ба тариқи суд рӯёнида мешаванд. Даъвои судӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи банди 9-и қоида гуфта мешавад, ки бе пардохти маблағ диплом ба мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, вале тибқи роҳхат ба кор ҳозир нашудааст, дода намешавад.   Тоҷиддин Исозода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар донишгоҳ 365 нафар донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ, тариқи буҷавӣ ва тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, хатм карда, ҳамчун мутахассис вориди бозори меҳнат мегарданд.

    11

    14.05.2025
  •  img
    ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ЮНЕСКО 14 майи соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони ЮНЕСКО дар Душанбе вохӯрӣ намуд.   Зимни вохӯрӣ муовини якуми вазир аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду тавсеаи соҳаи маориф ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.   Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба раванди амалишавии лоиҳаи муштараки “Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон (STEM)” табодули афкор намуданд.   Қайд гардид, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сифати таълими фанҳои дақиқ ва риёзӣ дар кишвар буда, то кунун дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расидааст. Махсусан, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳияи китобҳои насли нав, баргузории семинарҳои омӯзишӣ, татбиқи раванди босалоҳияти таълиму тарбия, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва лабараторияву озмоишгоҳҳои таълимӣ аз ҳадафҳои амалишавандаи лоиҳаи болозикр мебошад.   Дар охир муовини якуми вазир раванди амалишавии лоиҳаи болозикрро қаноатманд ҳисобида, иброз дошт, ки амалишавии пурраи он метавонад дар рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам кунад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    6

    14.05.2025