02.07.2026

 img

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Россия ба номи Ю.А. Гагарин маросими тантанавии нахустин хатми хонандагони синфҳои 11 баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Каримзода, котиби давлатӣ - муовини вазири маорифи Федератсияи Россия А. Корнеев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Григорев, роҳбарияти муассиса ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.

 

Муовини вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки аввалин хатми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Россия рӯйдоди таърихӣ дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф мебошад. Зикр гардид, ки муассисаи мазкур ба рамзи дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия табдил ёфта, барои таълиму тарбияи насли наврас дар асоси беҳтарин таҷрибаи низоми маорифи ҳар ду кишвар шароити мусоид фароҳам овардааст.

 

Ҳамчунин, ба Вазорати маорифи Федератсияи Россия барои дастгирии пайвастаи лоиҳаи муштараки таълимӣ, аз ҷумла таъмин намудани муассисаҳо бо китобҳои дарсии забони русӣ, изҳори сипос карда шуд.

 

Маърузачиён матмкунандагонро бо анҷоми бомуваффақияти таҳсил табрик намуда, иброз доштанд, ки ҳадафи таъсиси муассиса фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дар заминаи беҳтарин анъанаҳои низоми маорифи Тоҷикистону Россия мебошад.

 

Зикр гардид, ки имсол 25 нафар хатмкунанда Аттестати аъло ва медали «Барои дастовардҳои махсус дар таҳсил»-ро соҳиб гардиданд, ки аз ин шумора 11 нафар бо медали тилло ва 14 нафар бо медали нуқра қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, 20 нафар хатмкунандагони синфи 11 Аттестати аълоро соҳиб гардид.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонони расмӣ ба хатмкунандагон аттестатҳо ва медалҳои тиллоиву нуқра тақдим намуда, ба онҳо дар идомаи таҳсил, фаъолияти минбаъда ва хизмат ба Ватан комёбиҳо орзу карданд.

  • НАХУСТИН ХАТМДИДАГОНИ МУАССИСАИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ БА НОМИ Ю. ГАГАРИН СОҲИБИ АТТЕСТАТ ГАРДИДАНД img
  • НАХУСТИН ХАТМДИДАГОНИ МУАССИСАИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ БА НОМИ Ю. ГАГАРИН СОҲИБИ АТТЕСТАТ ГАРДИДАНД img
  • НАХУСТИН ХАТМДИДАГОНИ МУАССИСАИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ БА НОМИ Ю. ГАГАРИН СОҲИБИ АТТЕСТАТ ГАРДИДАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СУҒД: ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилояти Суғд ҷаласаи мушовараи раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилоят дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони дастгоҳи раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ба таври ҳузурӣ иштирок намуда, намояндагони дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври маҷозӣ пайвастанд.   Дар оғози ҷаласа сардори раёсати маорифи вилоят аз қабули қатъномаи таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2026–2035), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ёдовар шуда, онро дастоварди муҳими сиёсати сулҳпарваронаи кишвар арзёбӣ намуд.   Сипас, роҳбарияти маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маориф дар шаш моҳи аввали соли 2026 маърӯза намуда, дастовардҳо, масъалаҳои мавҷуда ва вазифаҳои минбаъдаро баррасӣ кард. Ҳамзамон, нақшаи кории Раёсат барои нимсолаи дуюми соли 2026 тасдиқ гардид.   Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Суғд оид ба пешгирии қонунвайронкунӣ ва таъмини риояи талаботи қонунгузорӣ баромад намуда, ба масъулин тавсияву супоришҳои мушаххас пешниҳод кард.   Инчунин, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар ноҳияҳои худ ҳисобот доданд.   Дар фарҷоми ҷаласа сардори раёсат ба иҷрои саривақтии супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд, татбиқи босифати сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

    20

    02.07.2026
  •  img
    ТАШАББУСИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ҚАДАМИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ СОЗАНДА БА НАСЛҲОИ ОЯНДА Бо гузашти замон ва бо шарофати сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон гардишҳои куллӣ ва марҳалаҳои нави таърихӣ ба амал меоянд. Кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои молиявии умумиҷаҳонӣ вобаста барқарории сулҳу субот ва амалӣ гардидани рукнҳои демократия дар Тоҷикистон хоҳони густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо Тоҷикистон мебошанд. Эътирофи равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, пешрафт ва рушди иқисод, амалӣ гаридани ҳадафҳои стратегӣ ва дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон худ гувоҳи рушди бемайлони Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо мебошад, ки ин раванд аз ташаббусҳои сулҳофари Пешвои миллат сарчашма мегирад.   Имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки бо шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем ва ба ин васила платформаи нави сулҳофарӣ дар ҷаҳони муосир рӯйи кор омад.   Дар ҷаҳони имрӯза, ки таҳти таъсири таҳаввулоти босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ қарор дорад, мавзуи ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти ҳаётӣ пайдо кардааст. Афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои гуманитарӣ, терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, густариши фарҳанги сулҳ ва таҳкими эътимоди байни давлатҳо тадбирҳои муассири навро роҳандозӣ намоянд. Дар чунин шароит қабули Қатъномаи нави Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», ки 25 июни соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, дастоварди муҳими сиёсати хориҷии давлат ва саҳми арзишманд дар рушди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ба ҳисоб меравад.   Қатънома идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ муаррифӣ намудааст. Агар солҳои пеш ташаббусҳои Тоҷикистон бештар ба масъалаҳои об, рушди устувор ва тағйирёбии иқлим равона шуда бошанд, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоди нави Тоҷикистонро дар мавзуи таҳкими сулҳ низ бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ намуд. Ин эътирофи байналмилалӣ бори дигар собит месозад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба арзишҳои умумибашарӣ такя намуда, ба таҳкими сулҳу амният ва ҳамкории созанда нигаронида шудааст.   Муҳим он аст, ки ташаббуси мазкур танҳо пешниҳоди навбатии дипломатӣ нест. Он бар пояи таҷрибаи воқеии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат асос ёфтааст. Мардуми тоҷик яке аз саҳифаҳои фоҷиабори таърихи навини худро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузарониданд. Дар чунин шароити ҳассос маҳз иродаи сиёсӣ, хиради миллӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат имкон доданд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расад. Ин санади таърихӣ на танҳо ба муқовимати дохилӣ хотима бахшид, балки барои эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат заминаи воқеӣ гузошт.   Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Тоҷикистон тавонист исбот намояд, ки ҳатто мушкилтарин низоъҳоро метавон тавассути муколама, созиш, гузашт ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ҳал намуд. Маҳз ҳамин таҷрибаи нодир ба кишвари мо имкон дод, ки дар масъалаҳои сулҳофаринӣ бо эътимоди бештар сухан гӯяд ва ташаббусҳои байналмилалӣ пешниҳод намояд.   Таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон танҳо ба ҳалли масъалаҳои дохилӣ маҳдуд намешавад. Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Марказӣ низ нақши назаррас гузошт. Вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд ва ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, инчунин дигар санадҳои муҳими ҳамкорӣ, воқеаи таърихӣ дар рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек ба шумор меравад. Ин рӯйдод нишон дод, ки фарҳанги муколама ва эътимоди сиёсӣ метавонад масъалаҳои мураккаби минтақавиро низ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҳал намояд. Бесабаб нест, ки имрӯз Осиёи Марказӣ бештар ҳамчун минтақаи ҳамкорӣ, ҳамгироӣ ва эътимод муаррифӣ мегардад.   Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қазияи Афғонистон низ мавқеи устувор ва масъулиятшиносона доштааст. Бо дарназардошти ҳамсоягии тӯлонӣ ва робитаҳои таърихию фарҳангӣ, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарор гардидани сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар буда, дар ҳамаи минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ зарурати таъсиси ҳукумати фарогир, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, расонидани кӯмакҳои башардӯстона ва пешгирии буҳрони гуманитариро таъкид намудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор доштаанд, ки бе сулҳу субот дар Афғонистон таъмини амнияти устувори минтақа ғайриимкон мебошад. Ин мавқеи пайгирона Тоҷикистонро ба яке аз ҷонибдорони фаъолтарини дипломатияи сулҳ дар минтақа табдил додааст.   Маҳз ҳамин таҷрибаи бисёрсолаи сулҳофаринӣ имрӯз дар ташаббуси нави байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст. Мафҳуми «сулҳ барои наслҳои оянда» танҳо набудани ҷангро ифода намекунад. Он фарогири тарбияи фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳкими адолати иҷтимоӣ, рушди илму маориф, ҳамкории байни халқҳо ва масъулияти муштарак барои ояндаи инсоният мебошад. Аз ин ҷиҳат, ташаббуси Тоҷикистон бо ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор ҳамоҳангии комил дорад.   Дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ басо муҳим аст. Донишгоҳҳо бояд ба марказҳои ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳқиқоти илмӣ дар мавзуъҳои амният ва ҳамкории байналмилалӣ, инчунин тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва масъулиятшинос табдил ёбанд. Имрӯз маҳз ҷомеаи илмӣ метавонад тавассути пажӯҳиш, таълим ва маърифат арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни насли ҷавон густариш диҳад.   Қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» аз обрӯ ва нуфузи рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Ин дастовард бори дигар собит месозад, ки ҷумҷурии мо аз мавқеи давлати ташаббускор ва сулҳпарвар ба яке аз иштирокчиёни фаъоли ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ табдил ёфтааст.   Аз ин рў, ташаббуси навбатии ҳидоятсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи консептуалиро барои таъсиси низоми нави таълимӣ ва идеологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мегузорад, ки ҳадафи он дар руҳияи парҳез аз низоъ ва эҳтироми суботи стратегӣ тайёр намудани башарият ба шумор меравад. Аз назари мо, муҳимтарин паёми раҳнамунсози қатъномаи мазкур дар он бозтоб меёбад, ки бояд фарҳанги сулҳ аз доираи санадҳои сиёсӣ ба фарҳанги зиндагии воқеии мардуми сайёра бадал гардад.   Амалисозии ҳадафҳои ин Даҳсолаи байналмилалӣ ба таҳкими эътимоди байни давлатҳо, рушди фарҳанги сулҳ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу фардои инсоният заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.   Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

    17

    02.07.2026
  •  img
    ШИНОСОИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ НАВТАЪСИС Дар шаҳри Норак гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабии навтаъсиси №10 ва №11 шинос шуд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ инчунин сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаҳои маориф иштирок доштанд.   Зимни боздид ба шароити таълиму тарбия, муҳайё будани синфхонаҳо, таъминоти муассисаҳо бо лавозимоти зарурӣ ва раванди фаъолияти онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.   Қобили зикр аст, ки биноҳои муассисаҳои мазкур қаблан ҳамчун иншоотҳои ғайрирасмӣ истифода мешуданд. Бо ташаббуси сокинони маҳалла онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ табдил дода шуда, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Сокинони маҳал аз таъсиси чунин муассисаҳо изҳори хушнудӣ намуда, онро иқдоми муҳим дар самти рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ мекунанд.   Гурӯҳи корӣ аз синфхонаҳо ва дигар иншооти муассисаҳо дидан намуда, ба шароити фароҳамгардида ва фаъолияти роҳбарият ва кормандони муассисаҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдакон баҳои мусбат доданд.   Ҳамзамон, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити боз ҳам мусоид ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.   Ёдовар мешавем,ки чунин иншооти ғайрирасмӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ вуҷуд доранд. Иқдоми сокинони ин маҳалла ҳамчун намунаи ибрат ба дигарон нишон дода шуд ва таъкид гардид,ки чунин ташаббусро дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ мавриди амал қарор додан ба манфиати рушди соҳаи маориф ва ҷомеа мебошад.

    13

    02.07.2026