27.07.2026

 img

Коррупсия яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсист, ки балки боиси нобаробарӣ, поймол шудани қонун ва аз байн рафтани эътимоди мардум ба давлат мегардад. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, мубориза бо ин зуҳуроти харобкор яке аз масъалаҳои калидии сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад.

 

Зарари дигари коррупсия осеби ҷиддӣ ба рушди иқтисодӣ мебошад. Коррупсия муҳити сармоягузориро ноустувор месозад. Аз рӯйи ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳое, ки сатҳи коррупсия дар онҳо баланд аст, то 5% маҷмуи маҳсулоти дохилии солонаи худро танҳо ба сабаби талафоти фасод аз даст медиҳанд. Мувофиқи арзёбиҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), ҳамасола дар ҷаҳон то 2 триллион доллар тавассути коррупсия, пулшӯйӣ ва дигар ҷараёнҳои ғайриқонунии молиявӣ аз иқтисоди кишварҳо хориҷ мешавад. Ин маблағ метавонист барои коҳиши камбизоатӣ, рушди маориф, тандурустӣ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор истифода шавад.

 

Илова бар ин, коррупсия ба афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Чун қоида, аз ин падида бештар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ – камбизоатон, маъюбон ва ҷавонон зарар мебинанд. Дар натиҷа, фосилаи байни табақаҳои ҷомеа бештар мешавад, адолати иҷтимоӣ заиф мегардад ва эҳсоси ноумедӣ паҳн мешавад.

 

Аз нигоҳи сиёсӣ, коррупсия шаффофият ва идоракунии муассирро аз байн мебарад. Қарорҳои муҳимми давлатӣ на ба манфиати ҷомеа, балки ба фоидаи гурӯҳҳои алоҳида қабул мегарданд. Ин раванд боиси паст шудани сифати идоракунии давлатӣ ва хизматрасонӣ мегардад. Чунин вазъ метавонад ба буҳрони идоракунӣ ва беэътибор шудани қонунҳо бирасонад. Дар маҷмуъ, коррупсия таҳдиди ҷиддӣ ба пояҳои давлатдорӣ ва суботи иҷтимоӣ аст. Аз ин рӯ, мубориза бо он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир мубориза бо коррупсияро ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил додааст. Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши сатҳи фасод, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, заминаи ҳуқуқӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» таҳким ёфтааст.

 

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ гардидааст, имрӯз ҳамчун санади асосии сиёсати давлатӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия татбиқ мешавад. Дар доираи марҳилаи якуми амалисозии он (солҳои 2021-2025) дар мақомоти давлатӣ нақшаҳои соҳавии зиддикоррупсионӣ таҳия ва иҷро гардида, низоми баҳодиҳӣ ва мониторинги хавфҳои коррупсионӣ такмил ёфт, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз нигоҳи омилҳои коррупсионӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд, хизматрасониҳои давлатӣ тадриҷан рақамикунонӣ шуда, чораҳои баланд бардоштани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ густариш ёфтанд. Натиҷаҳои мониторинги марҳилаи аввал нишон медиҳанд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт беҳтар гардида, таваҷҷуҳ ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, рушди назорати дохилӣ ва ташаккули фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия бештар шудааст.

 

Яке аз қадамҳои муҳимми давлат дар самти пешгирии коррупсия рақамигардонии хизматрасониҳо ва гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад. Бо татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586, аз 1 августи соли 2023 қабули пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, аз ҷумла андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, маблағи хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳо тадриҷан танҳо ба тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, доираи хизматрасониҳои электронии давлатӣ васеъ гардида, низоми пардохт тавассути бонкҳо, замимаҳои мобилӣ ва воситаҳои электронии пардохт ҷорӣ шуд. Ин тадбирҳо имконияти тамоси мустақими шаҳрванд бо шахсони масъул коҳиш дода, шаффофияти муомилоти молиявӣ, назорати ҳаракати маблағҳо ва пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ ва дигар амалҳои коррупсиониро тақвият бахшиданд.

 

Ҳукумат инчунин ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Мавзуи пешгирии коррупсия ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо ворид шудааст, дар ВАО маъракаҳои иттилоотӣ ва барномаҳои вижа пахш мегарданд. Бо татбиқи ҷазоҳои қатъӣ нисбати ашхоси қонуншикан ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, Тоҷикистон талош дорад таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро ҷорӣ намуда, фазои давлатдориро аз амалҳои фасодкорона пок созад.

 

Дар роҳи пешгирӣ ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калидӣ мебошад. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат стратегияҳо ва қонунҳои миллии зиддикоррупсионӣ қабул шудаанд, сохторҳои вижаи назоратӣ таъсис ёфта, сатҳи рақамигардонии хизматрасониҳои давлатӣ зиёд гардидааст. Президенти кишвар борҳо дар суханрониҳои худ таъкид кардааст, ки фасод душмани рақами аввали давлат ва ҷомеа аст ва танҳо бо роҳи ҳамгироии давлату мардум решакан мешавад.

 

Коррупсия хатарест, ки пояҳои давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиро тахриб мекунад. Таҷрибаи кишварҳои муваффақ нишон медиҳад, ки мубориза бо ин падида танҳо бо қонунҳои сахт, шаффофият дар идоракунӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон имконпазир аст. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қадамҳои ҷиддӣ дар ин самт гузоштааст. Аз таҳияи қонунгузории пешрафта то рақамигардонии хизматрасониҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа. Аммо натиҷаи воқеӣ танҳо дар сурате ба даст меояд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар мубориза бо коррупсияро на вазифаи давлат, балки қарзи виҷдонии худ донад. Зеро ҷомеае, ки адолат дар он ҳукмфармо аст, метавонад пойдору шукуфон бошад.

 

Заррина АЛИЗОДА,

сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ – КАФОЛАТИ РУШДУ СУБОТИ ҶОМЕА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ ВА РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА ОҒОЗ ГАРДИД 28 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, инчунин аттестати аълои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.   Озмунро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти онро дар ҳавасмандгардонии хонандагон ба таҳсили амиқ, дарёфти донишҳои муосир ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон таъкид кард.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвар эътироф гардида, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли донишманд ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Муовини вазир иброз дошт, ки дар озмуни танҳо он хатмкунандагоне иштирок доранд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо натиҷаҳои аъло хатм намуда, баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гузаштан аз санҷиши комиссияи Вазорати маориф ва илм ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд.   Қайд гардид, ки солҳои охир шумораи гирандагони медалҳои тилло ва нуқра мунтазам афзоиш меёбад. Агар соли 2017 ҳамагӣ 8 нафар хатмкунанда соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошад, ин нишондиҳанда соли 2021 ба 53 нафар ва соли 2025 ба 73 нафар расидааст. Ин тамоюл аз беҳтар гардидани сифати таҳсил, болоравии масъулияти муассисаҳои таълимӣ ва афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба донишомӯзӣ шаҳодат медиҳад.   Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли ҷорӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявӣ 178 нафар довталаб барои иштирок дар озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ пешниҳод гардидаанд.   Дар идомаи суханронӣ Равшан Каримзода таваҷҷуҳи масъулони соҳаи маорифро ба масъалаи дуруст омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабон ҷалб намуда, иброз дошт, ки риояи талаботи санадҳои меъёрӣ барои таъмини шаффофият ва адолати озмун аҳаммияти муҳим дорад.   Ҳамзамон, таъкид гардид, ки озмуни мазкур на танҳо сатҳи дониш ва омодагии хонандагонро муайян месозад, балки онҳоро барои омӯзиши минбаъда, рушди қобилияти зеҳнӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди илм ҳавасманд менамояд. Изҳори итминон карда шуд, ки аз миёни иштирокчиёни имсола олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳибкасби оянда ба камол расида, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда хоҳанд гузошт.   Озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ҳамасола бо мақсади муайян намудани хонандагони болаёқат, ҳавасмандгардонии ҷавонон ба таҳсили аъло, рушди рақобати солим ва қадршиносии дастовардҳои беҳтарин хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардида, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    28.07.2026
  •  img
    ВАБОИ АСР Таҳлилгарон ва олимон омилҳои гуногунро дар пайдоиш ва паҳншавии ифротгароӣ муайян кардаанд. Ин омилҳо ба якдигар алоқамандӣ дошта, маҷмуи онҳо заминаҳоеро барои радикалшавии мафкуравии шахс фароҳам меоварад. Аз ҷумла, омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, бекорӣ, камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ ба назар мерасанд.   Дар баробари ин, манфиатҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат асосан бо ҷалби ташкилотҳои ифротиву тундрав зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, боиси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун мегарданд. Буҳронҳои сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва ноустувории давлатдорӣ замина барои паҳншавии терроризм мебошанд.   Яке аз омилҳои паҳншавии ифротгароӣ дар замони муосир, истифодаи васеи шабакаи ҷаҳонии Интернет ва расонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ташкилотҳои тундрав аз ин имконот барои ҷалби аъзои нав, алалхусус, ҷавонон, ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар шароити кунунӣ зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди паҳншавии идеологияи ифротгароӣ, аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои муосир ба миён омадааст.   Мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлоли кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикис­тон мебошад.   Кишвари мо барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низоми мукаммали ҳуқуқиро эҷод кардааст. Аз ҷумла, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ (2006), Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 зикр шудааст.   Мактаб ва маориф заминаи аввалиндараҷаи тарбияи насли солим ва ватандӯст мебошанд. Барномаҳои тарбияи шаҳрвандӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар чанд соли охир тавсеа ёфтааст. Ба ин хотир, дар мактабҳои олӣ конференсияҳо ва мизҳои мудаввар дар хусуси Стратегияи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм баргузор мешаванд. Ба донишҷӯён фаҳмонда мешавад, ки бо тақлидҳои кӯркӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.   Ақидаҳо, андешаҳо ва пешниҳодҳое, ки тавассути расонаҳо, вохӯрӣ бо намояндагони мақомот ва дарсҳои тарбиявии устодон оид ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ пешниҳод мешаванд, дар ин самт нақши ҳалкунанда доранд.   Вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, субот, осоиши зиндагӣ ва тараққиёти Ватани азиз ҳамвора талош намоянд.   Сино САФАРЗОДА, магистри соли якуми ДМТ

    42

    27.07.2026
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музафарзода аз рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Данғара боздид намуда, бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ва сатҳи иҷрои лоиҳаҳо шинос гардид.   Зимни сафари корӣ муовини вазир аз сохтмони мактаби нав дар деҳаи Меҳтари Ҷамоати деҳоти Сафобахш, инчунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва №26-и ноҳия боздид ба амал овард.   Мактаби нав дар деҳаи Меҳтар барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар муассиса бунёди синфхонаҳои замонавӣ, ҳуҷраҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона, толорҳои варзишию маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.   Дар идомаи сафари корӣ рафти сохтмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 мавриди шиносоӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муассиса барои хонандагону омӯзгорон шароити муносиб ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири таълим фароҳам оварда мешавад.   Ҳамчунин, масъалаҳои муҷаҳҳаз намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, мизу курсӣ, лавозимоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои зарурии таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дар баробари бунёди биноҳои таълимӣ, таъмини онҳо бо инфрасохтор ва шароити зарурӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.   Ба масъулони соҳаи маорифи ноҳия, намояндагони ташкилотҳои сохтмонӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, риояи муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    47

    27.07.2026