20.08.2026
РАФТИ ДАВРАИ МУТОБИҚШАВИИ КӮДАКОНИ БА СИНФИ ЯКУМ ҚАБУЛШАВАНДА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2026, №824 «Дар бораи татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавии кӯдакони ба синфи якум қабулшаванда ба муҳити муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили 2026-2027» ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2026, №9/2 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Тибқи фармоиши мазкур давраи мутобиқшавии кӯдакони ба синфи якум қабулшаванда аз 17 то 28 августи соли 2026 ба муҳлати 10 рӯзи таълимӣ муайян гардида, он дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳия, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ, ба роҳ монда шудааст.
Мақсади асосии давраи мазкур фароҳам овардани муҳити бехатар, солим, дӯстона ва ҳавасмандкунанда барои воридшавии тадриҷии кӯдакон ба ҳаёти мактабӣ, шиносоии онҳо бо омӯзгор, ҳамсинфон, тартибу қоидаҳои муассисаи таълимӣ ва ташаккули муносибати мусбат ба таҳсил мебошад.
Аз рӯзҳои аввали баргузории давраи мутобиқшавӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия кӯдакон бо муҳити мактаб, синфхонаҳо, китобхона, толори варзишӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ ва дигар иншооти муассиса шинос карда шуданд. Ҳамзамон, омӯзгорон ба кӯдакон тартиби воридшавӣ ба муассиса, қоидаҳои рафтор дар синфхона, муносибат бо омӯзгорону ҳамсинфон, риояи тозагӣ ва талаботи бехатариро бо усулҳои содаю фаҳмо шарҳ дода истодаанд.
Бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолӣ, равонӣ ва физиологии кӯдакон машғулиятҳо дар шакли суҳбат, шиносоӣ, бозиҳои таълимӣ, корҳои эҷодӣ, расмкашӣ, машқҳои сабуки ҷисмонӣ, сайри дохили муассиса ва дигар фаъолиятҳои шавқовар ташкил карда мешаванд. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки кӯдакон бе эҳсоси тарсу изтироб ба муҳити нав ворид гардида, бо омӯзгор ва ҳамсолони худ муносибати дӯстона барқарор намоянд.
Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор гардидаанд, ки барои баргузории босифати давраи мутобиқшавӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, фаъолияти омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини бехатарии кӯдакон ва ҳамкории мунтазам бо падару модаронро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Шуъбаи маориф рафти татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавиро мавриди назорат қарор дода, ба роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташкили дурусти машғулиятҳо ва муносибати инфиродӣ бо кӯдакон дастуру тавсияҳои методӣ пешниҳод менамояд.
Дар маҷмуъ, то санаи 20 августи соли 2026 давраи мутобиқшавии кӯдакони ба синфи якум қабулшаванда дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муташаккилона ва тибқи талаботи барномаи тасдиқгардида идома дорад. Шуъбаи маориф ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои кӯдакон ва ҷамъбасти босифати давраи мутобиқшавӣ то 28 августи соли 2026 тадбирҳои заруриро минбаъд низ амалӣ менамояд.