18.04.2025

 img

Ташаббус ва иқдомҳои маорифмеҳваронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи бесобиқаву боварии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи калидии ҷомеа дар татбиқи муосиркунонии низоми маорифи пойтахт шароити мусоид фароҳам оварда, барои ба сатҳи нав баромадани соҳа мусоидат намудааст.

 

Бояд қайд кард, ки сохтмону азнавсозӣ бо тарҳи муосир ва утоқҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизот ва лавозимоти инноватсонии таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи устувори технологияҳои рақамӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати табодули таҷрибаи кормандони соҳаи маориф дар хориҷи кишвар, дар ҳошияи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ намудани барномаҳои гуногун дар низоми таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, роҳандозӣ намудани озмунҳои зеҳнӣ ва тафаккурро таҳрикдиҳанда ва аз ҳама ҷиҳат дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат, баланд бардоштани мақоми устодону омӯзгорон ва мураббиён аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомоти беназири шаҳрдорӣ буда, дар чунин сатҳи баланд танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, ки ба руҳия ва иродаи мураббиёну кӯдакон, омӯзгорону хонандагон таъсири мусбати худро расонидааст.

 

Агар таҳлил намоем, дар зарфи 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳри Душанбе 23 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 4379 ҷой ва 53 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48386 нафар хонанда дар як баст пас аз бунёду азнавсозӣ ва таъмири асосӣ мавриди истифода қарор дода шуда, танҳо аз таҷлили Рӯзи пойтахт дар соли сипаришуда то ҷашни имсола 3 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

 

Ногуфта намонад, ки солҳои охир роҳнамоӣ намудани татбиқи устувори рақамикунонӣ дар низоми маорифи пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳукми анъана даромада, хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон тавассути барномаҳои электронӣ самаранок истифода гашта истодааст, ки иқдомоти мазкури шаҳрдорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ бори нахуст дар пойтахти кишвар амалӣ гашта, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дастгирӣ низ ёфта истодаст.

 

Зеро дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ, рақамигардонӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим буда, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, бахусус омӯхтани самтҳои техника ва технологияи муосир ва забондонӣ бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тарақиёти илми муосир нақши калидӣ дорад.

 

Муҳимияти масоили мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид гардида, бо назардошти ин ҳама Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1459 “Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2022, № 439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2042”, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.01.2025, №911 “Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 ба тасвиб расид, ки дар рақамикунонии ҳамаи соҳаҳо алалхусус, соҳаи маориф такони ҷиддие бахшидааст.

 

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳошияи иқдомоти беназири маорифпарваронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайваста чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин вусъати тафаккури техникӣ, ҷаҳонбинии илмии наврасону ҷавонон ва рақамикунонии соҳаи маориф якчанд иқдомотеро рӯи кор овардааст. Зеро истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ дар шароити рушди бомароми технологияи рақамиву зеҳни сунъӣ талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва амри воқеӣ аст.

 

Барномаҳои электронии “eDonish” ба тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа мусоидат намуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар пойтахт заминаҳои мусоидат фароҳам овардааст.

 

Ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корҳои назаррас амалӣ гашта, бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани насли наврас ба омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо озмунҳои шаҳрии “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” дар байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” барои донандагони забони тоҷикӣ, русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

 

Дар 4 соли иҷрои “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табии барои солҳои 2021-2025”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасманд намудани хонандагон барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва риёзӣ, дарёфту рушди қобилиятҳои онҳо, дар байни наврасон тарғиб ва паҳн намудани донишҳои илмӣ - амалӣ аз фанҳои табиӣ риёзӣ, ташвиқи бурдани корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқӣ, бедор намудани завқи кӯдакону наврасон дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ ва мусоидат намудан дар интихоби бошууронаи касб корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.

 

Ҳамасола ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин нахустозмунҳои шаҳрӣ дар байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ “Ахтаракони ҳисобдон”, дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ “Илм ва амал”, дар байни омӯзгорон зери унвони “Омӯзгори муосир” тадбирҳоест, ки ҷиҳати тадбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” андешида шудааст.

 

Бо мақсади муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдоди хонандагон, таъмин намудани шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти хонандагони болаёқат, таҳсилоти босифат, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути иштирок ва ғолибияти хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, кашфиётҳои нави илмӣ, дастгирии омӯзгорони навовару эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи корӣ ва усулҳои пешқадами онҳо, дастгирии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ки қобилияти фавқулода доранд, “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” амалӣ гашта истодааст.

 

Натиҷаи босамари татбиқи барномаи мазкур аст, ки соли сипаришуда новобаста аз ворид намудани маҳдудият дар шумораи довталабон ва зиёд намудани ҳадди ақали холҳои ба дастоварда тибқи Низомнома аз ҳисоби довталабони пойтахт 812 нафар ғолиби даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ гашта, шаҳри Душанбе аз лиҳози шумораи ғолибон ва ҳам сифатнокӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми аввалро нигоҳ дошт.

 

Дар соли 2024 хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт бо теъдоди 3326 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ (фосилавӣ, зеҳнӣ, лоиҳавӣ) ширкат варзида, сазовори 955 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

 

Ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо дар назардошти шоҳҷоиза 43 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” 76 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 57 нафаро ташкил дода, дар сатҳи ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе бо шумораи ғолибон дар ҷойи аввал қарор дорад.

 

Омӯзгоре, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ғолибони даври шаҳрии озмунҳои касбии “Омӯзгори сол”, “Мураббии сол” мегарданд, ҳамасола дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

 

Дар партави татбиқи ҳадафҳои неки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар марҳилаи сифати нави рушди шаҳри Душанбе мо - аҳли маориф кӯшиш мекунем, ки бо ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим ва таъмини таълими босифат ба баландшавии сифати таҳсилот ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ноил гашта, дар баробари ин, барои дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли ояндасози миллат ва ба онҳо омӯзонидани ҳифз намудан ва пойбарҷо нигоҳ доштану мерос мондани давлати соҳибистиқлол муваффақ гардем.

 

Баҳром ИСМОИЛЗОДА, сардори Сарраёсати маорифи

шаҳри Душанбе

  • ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ ДАР МАРҲИЛАИ СИФАТИ НАВИ РУШД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Нақши тарбия дар пешгирии коррупсия Коррупсия яке аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ мебошад, ки метавонад ба рушди иқтисодӣ, устувории ҷомеа, эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногун таъсири манфӣ расонад. Маълум, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ин масъала ба ҳар як шаҳрванди ҷомеа дахл дорад, зеро муносибати ҳар яки мо ба қонун, виҷдон, масъулият ва адолат дар ташаккули муҳити солим нақши муҳим мебозад.   Ман чунин мешуморам, ки коррупсия танҳо гирифтани маблағи ғайриқонунӣ нест. Вақте ки шахс вазифаи худро барои манфиати шахсӣ истифода мебарад, ҳуқуқи дигаронро нодида мегирад, шиносбозӣ мекунад ё бо роҳи ғайриқонунӣ барои худ имтиёз ба даст меорад, ба амали коррупсионӣ иртибот мегирад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама, мубориза барои покии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ мебошад.   Коррупсия мушкили ҳуқуқӣ ва ҳам маънавӣ мебошад. Қонун амалҳои коррупсиониро манъ мекунад, аммо танҳо он наметавонад дар дили инсон ҳисси поквиҷдонӣ ва масъулиятро ба вуҷуд оварад. Барои ҳамин, пешгирии коррупсия бояд аз тарбияи инсон оғоз шавад.   Агар шахс аз хурдӣ ба қадру моҳияти меҳнати ҳалол бирасад ҳаққи дигаронро эҳтиром кунад ва барои расидан ба мақсад роҳҳои ғайриқонуниро интихоб накунад, эҳтимоли ба коррупсия даст заданаш камтар мегардад. Баръакс, агар дар муҳити инсон чунин андеша ҷой гирад, ки «бе пул кор пеш намеравад» ё «бо шинос ҳама чиз ҳал мешавад», ин метавонад тадриҷан ба як одати хатарнок табдил ёбад.   Фарҳанги зиддикоррупсионӣ бояд қисми фарҳанги умумии шаҳрвандӣ бошад. Шаҳрванд бояд на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки вазифа ва масъулиятро низ дар назди ҷомеа дарк намояд.   Ман ҳамчун омӯзгор чунин мешуморам, ки муассисаи таълимӣ дар пешгирии коррупсия ҷойгоҳи махсус дорад. Омӯзгор танҳо дониш намедиҳад, ӯ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва муносибати хонандагон ба ҷомеа низ таъсир мерасонад.   Дар муҳити таълимӣ бояд адолат, шаффофият ва баробарӣ ба арзишҳои воқеӣ табдил ёбанд. Баҳои донишҷӯ бояд натиҷаи дониш ва меҳнати ӯ бошад. Муносибат ба донишҷӯён бояд бе табъиз ва бе афзалият додан ба ошноӣ ё мақоми оилавӣ сурат гирад.   Дар дарсҳо метавон мавзуъҳои марбут ба қонун, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, масъулият, виҷдон ва зарари коррупсияро бо мисолҳои ҳаётӣ муҳокима кард. Ҷавонон бояд эътимоди қавӣ дошта бошанд, ки муваффақияти ҳақиқӣ бо меҳнат, дониш ва қобилият ба даст меояд, на бо роҳи фиреб ё истифодаи муносибатҳои шахсӣ.   Яке аз воситаҳои муассири пешгирии коррупсия шаффофият мебошад. Ҳар қадар тартиби қабули қарор, пешниҳоди хидматрасонӣ, тақсимоти имкониятҳо ва масъулияти шахсони мансабдор равшан бошад, ҳамон андоза ҷой барои муносибатҳои пинҳонӣ кам мешавад.   Технологияҳои муосир низ метавонанд дар ин самт нақши муҳим дошта бошанд. Хидматрасониҳои электронӣ, сабти расмии муроҷиатҳо, рақамикунонии равандҳо ва дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти зарурӣ метавонанд вобастагиро аз қарорҳои шахсӣ кам кунанд.   Аммо технология танҳо восита аст. Агар фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии инсонҳо баланд набошад, ягон низоми техникӣ наметавонад ҳамаи мушкилотро ҳал кунад. Аз ин рӯ, шаффофияти идорӣ бояд бо масъулияти шахсӣ ва назорати ҷамъиятӣ ҳамроҳ бошад.   Бовар дорам, ки пешгирии коррупсия аз тағйир додани муносибати худи мо оғоз меёбад. Ҳар як инсон метавонад бо риояи қонун, рад кардани роҳи ғайриқонунии амалҳо ва дастгирии адолат саҳми худро гузорад.   Бояд дар назар дошт, ки коррупсия танҳо як масъалаи ҳуқуқӣ нест; он масъ­алаи виҷдон, фарҳанг, масъулият ва адолат низ мебошад. Агар ҳар яки мо ба қонун эҳтиром гузорем, роҳи ғайриқонуниро рад кунем ва дар назди дигарон масъулиятшинос бошем, барои коҳиш додани ин падида саҳми воқеӣ мегузорем. Толибҷон ШЕХИМОВ, устоди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

    33

    16.11.2026
  •  img
    Кӯдак китобхон мешавад, агар... Як рӯз хонандаи синфи ибтидоӣ ба китобхона даромада гуфт: – Муаллима, ба ман китоби хурдакак диҳед. Пурсидам: – Дар бораи чӣ бошад? Каме фикр карду гуфт: – Фарқ надорад, фақат хурд бошад. Ин ҷавоби кӯдак маро ба андеша бурд. Китобдор дар чунин ҳолат чӣ бояд кунад? Китоби хурдро диҳад ё кӯшиш намояд фаҳмад, ки ин хонанда ба чӣ шавқ дорад? Ман роҳи дуюмро интихоб кардам. Аз ӯ пурсидам, ки бештар чиро дӯст медорад? Маълум шуд, ки ба ҳайвонот шавқ дорад. Китоби кӯдаконаеро пешниҳод кардам, ки дар он ҳикояҳои кӯтоҳ дар бораи ҳайвонот буданд. Баъди чанд рӯз китобро баргардонд ва пеш аз рафтан пурсид: – Дар бораи сагҳо ҳам китоб доред? Барои китобдор чунин савол аломати хуб аст, зеро кӯдак ин дафъа на барои «китоби хурд», балки барои китоби муайян омадааст. Ҳангоми кор дар китобхонаи гимназияи хусусии «Кафолат»» бештар бовар ҳосил мекунам, ки кӯдакро ба таври маҷбурӣ китобхон кардан душвор аст. Ба ӯ бояд китоберо нишон дод, ки дар вақти муносиб ба завқу фаҳмиши ӯ мувофиқат кунад. Ҳар хонанда завқи худро дорад. Яке афсонаро дӯст медорад, дигаре саргузаштро, сеюмӣ ба таърих шавқ дорад, чорумӣ соатҳо расмҳои китобҳои табиатшиносиро тамошо мекунад. Дар китобхона кӯшиш мекунем, китобҳои нав ё ҷолибро танҳо дар рафҳо пинҳон нагузорем. Китобе, ки хонанда намебинад, бисёр вақт барои ӯ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, гӯшаҳои хурди мавзуӣ самараи хуб медиҳанд. Масалан, як ҳафта метавон гӯшаи «Саёҳат мекунем», ҳафтаи дигар «Олами ҳайвонот», «Китобҳои дӯстдоштаи кӯдакон», «Қаҳрамонони таърих» ё «Чӣ бихонем дар рӯзҳои истироҳат?»-ро ташкил кард. Баъзан барои ҷалби диққат назди китоб танҳо як савол мегузорем: – Агар ту дар ҷазираи беодам мемондӣ, чӣ кор мекардӣ? Дар паҳлуи он китоби саргузаштӣ қарор дорад. Кӯдак аввал саволро мехонад, баъд китобро ба даст мегирад. Барои китобдор ҳамин ба даст гирифтани китоб қадами аввал аст. Усули дигаре, ки ба кӯдакон писанд меояд, тавсияи худи хонандагон аст. Пас аз баргардондани китоб аз баъзе хонандагон хоҳиш мекунем, дар бораи он танҳо як ҷумла гӯянд. – Ба дӯстат ин китоб­ро тавсия медиҳӣ? Агар ҷавоб «ҳа» бошад, мепурсем: – Барои чӣ? Ҷавобҳо баъзан хеле содаанд: «Хандаовар буд». «Қаҳрамонаш ба ман писанд омад». «Дар бораи динозавр­ҳо бисёр чиз фаҳмидам». Аммо маҳз ҳамин ҷумлаҳои кӯдакона барои хонандаи дигар таъсирбахшанд. Барои хонандагони хурдсол китобро каме «муаррифӣ» кардан лозим аст. Масалан, китобро гирифта мегӯем: – Қаҳрамони ин ҳикоя як сирро меёбад. Ман намегӯям, ки чӣ сир аст. Агар хоҳед, ки фаҳмед, китобро хонед. Баъзан хондани чанд саҳифаи аввал низ натиҷаи хуб медиҳад. Хусусан, хонандагони хурдсол дӯст медоранд, ки калонсолон ба онҳо бо овоз ҳикоя хонад. Дар ҷойи ҷолиб саҳифаи китобро мепӯшем: – Давомаш чӣ мешавад? Агар кӯдак ҷавобро донистан хоҳад, худи ӯ китобро мегирад. Дар баробари ин, китобхонаи мактаб бояд ҷойе бошад, ки кӯдак бо хоҳиши худ ба он ворид шавад. Фарида СОДИҚОВА, китобдори гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе

    31

    16.11.2026
  •  img
    Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти ҷомеа Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор рафта, ба амнияти башар, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.   Паҳншавии ғояҳои ифротӣ, истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсиву мафкуравӣ аз ҷониби бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пайомадҳои ҷиддии иҷтимоӣ, равонӣ ва маънавӣ низ ба вуҷуд меоранд.   Мубориза бо ин зуҳурот дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз иттилооти бардурӯғ, таблиғоти ғаразнок ва талқини ақидаҳои носолим метавонад дар муҳити маҷозӣ ба зудӣ паҳн шуда, ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори баъзе афрод таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар пешгирии он бояд дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.   Яке аз омилҳои муҳимми осебпазирии шаҳрвадон ин сатҳи нокифояи дониш ва малакаи таҳлил намудани иттилоот мебошад. Агар шахс манбаи хабарро насанҷад, далелҳоро бо маълумоти дигар муқоиса накунад ва ҳар паёми эҳсосангезро ҳамчун ҳақиқат қабул намояд, эҳтимоли осебпазирӣ ва шомилшавии ӯ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ зиёд шуда метавонад.   Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз майдонҳои таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии шаҳрвадон, махсусан, ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин фазо иттилооти гуногун, аз ҷумла, овозаҳо, хабарҳои бардурӯғ, наворҳои таҳрифшуда ва паёмҳои эҳсосангез паҳн мешаванд. Баъзе таблиғгарон аз ин фурсат истифода бурда, афродро ба қабули ақидаҳои тундгароёна водор карданӣ мешаванд.   Дар чунин шароит саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, манбаи иттилоотро муайян кунанд, сана ва муҳтавои хабарро бисанҷанд, далелҳоро бо сарчашмаҳои мустақил муқоиса намоянд ва пеш аз паҳн кардани маводи шубҳанок, дурустии онро дида бароянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва қабули қарорҳои дуруст дар ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон хеле муҳим аст.   Дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳити оила низ дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад. Оила нахустин муҳити рушди ҷаҳонбинӣ ва хислати инсон аст. Муносибати самимӣ, эҳтироми ҳамдигар, гӯш кардани мушкилоти фарзанд ва дастгирии ӯ дар ҳолатҳои душвор барои эътимод ва масъулиятшиносӣ замина фароҳам меоранд.   Волидайн бояд бо фарзандон дар бораи арзишҳои инсонӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва хатарҳои таблиғоти хушунатомез суҳбат кунанд. Дар ин раванд, на тарсонидану айбдоркунӣ, балки фаҳмондадиҳӣ, саволу ҷавоб ва эътимод ба ҳамдигар натиҷаи беҳтар дода метавонад.   Муассисаҳои таълимӣ низ дар пешгирии ифротгароӣ нақши калидӣ доранд. Дар мактабу донишгоҳҳо гузаронидани семинарҳои илмӣ-маърифатӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва мутахассисони соҳаи иттилоот метавонад ба дарки амиқтари масъала мусоидат кунад.   Донишҷӯ ё хонанда бояд тавонад маводи шубҳанокро муайян кунад, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандии худро дарк намояд, ихтилофро бо роҳи муколама ҳал кунад ва ҳангоми дучор шудан ба таҳдиди воқеӣ ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намояд.   Ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ ва мақомоти дахлдор метавонад барои сари вақт пешгирӣ намудани ҷавонон аз амалҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам оварад.   Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм бояд ба чанд самти асосӣ такя намуд: Якум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шиносоии шаҳрвандон бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, қонунгузории дахлдор ва оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои террористию экстремистӣ. Дуюм, рушди саводи расонаӣ. Омӯзонидани усулҳои санҷиши иттилоот, шинохти манбаъҳои боэътимод ва муайян кардани таблиғоти ғаразнок.   Сеюм, фароҳам овардани имкониятҳо баҳри рушди ҷавонон. Дастгирӣ барои таҳсил, касбомӯзӣ, шуғл, варзиш, фаъолияти эҷодӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ.   Чорум, таҳкими ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимӣ. Фароҳам овардани муҳити эътимод, шунидани мушкилоти ҷавонон ва дастгирии саривақтии онҳо.   Панҷум, густариши фарҳанги муколама. Тарбияи эҳтиром ба гуногунандешӣ, малакаи ҳалли осоиштаи ихтилофҳо ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигарон.   Шашум, риояи қонун ва ҳуқуқи инсон. Ҳамаи чораҳои муқовимат бояд дар асоси қонун, далелҳои санҷидашуда ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амалӣ карда шаванд.   Ҳафтум, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҷомеа. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, оилаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавонад барои пешгирии саривақтии хатарҳо мусоидат намояд. Муқовимат бо терроризму экстремизм ҳамкории пайвастаи ниҳодҳои дахлдор бо шаҳрвандонро талаб мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди насли ҷавон аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа мебошанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву расонаӣ ва тарбияи наврасону ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос аҳаммияти махсус дорад. Дар ин раванд ҳар як омӯзгор, волидайн, донишҷӯ, рӯзноманигор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо муносибати оқилона ва риояи қонун саҳми худро гузорад.   Афзал БОСОЛИЕВ, муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

    36

    16.11.2026