22.07.2026
Имрӯз, 22 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музафарзода ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа директорону менеҷерони лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории вазорат ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок намуданд.
Дар ҷаласа рафти татбиқи лоиҳаҳои “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” (марҳилаи 5), “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ва “Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (марҳилаи II) баррасӣ шуд.
Зимни ҷаласа директорону менеҷерони лоиҳаҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда, ҳаҷми маблағҳои азхудгардида, рафти корҳои сохтмонӣ ва иҷрои нақшаҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Қайд гардид, ки дар доираи лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” дар 22 иншооти таълимӣ корҳои сохтмону азнавсозӣ идома дошта, фарогирии 10 ҳазор корманди соҳаи маориф ба курсҳои такмили ихтисос ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, арзёбии байналмилалии PIRLS – 2026 бо иштироки 6945 нафар хонандаи синфи чорум баргузор гардид.
Дар доираи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” дар 11 иншооти таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, зиёда аз 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Ҳамзамон, Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “Рушди мактабҳо” ба имзо расонида шудааст.
Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи рушди таҳсилоти STEM дар 18 муассисаи таълимӣ биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин, таъсиси платформаи омӯзиши фосилавӣ ва рушди салоҳиятҳои рақамии омӯзгорону хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи лоиҳаи “Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф” сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 53 муассисаи таълимӣ барои фароҳам овардани шароити муосир ба 17 ҳазору 736 хонанда ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо ба масъалаҳои сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки маблағҳо, иҷрои саривақтии нақшаҳо ва тақвияти назорат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босифати лоиҳаҳо ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон