24.02.2025

 img

Бо мақсади шинос шудан аз раванди таълиму тарбия, корҳои ободонӣ, шароити синфхонаҳо ва интизоми меҳнат имрӯз, 24-уми феврали соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз як қатор муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе дидан намуд.

 

Ҳарчанд таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, бахусус зинаи томактабӣ рӯз аз рӯз афзояд ҳам, вале мутаассифона бо вуҷуди имкониятҳои васеъ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагӣ бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии баъзе роҳбарони муассисаҳо боис бар он шудааст, ки раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонию интизоми меҳнат то ба ҳол дар баъзе муассисаҳо ҳалли худро наёфтааст.

 

Зимни боздиди вазири маориф ва илм маълум гардид, ки мутаассифона дар баъзе аз муаассисаҳои таълимии томактабӣ аз камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории мудирони муассисаҳо корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, интизоми меҳнат ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошад.

 

Аз ҷумла, дар Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №114-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар он 376 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудаанд, зимни боздид маълум гардид, ки мудири боғча Ёқубзода Дилором бе сабабҳои узрнок дар ҷойи кор ҳузур надорад. Гузашта аз ин, ҳолати таълиму тарбия дар кӯдакистон нигаронкунанда буда, дар синфхонаҳои ошёнаи якуми муассиса умуман кӯдакон бе ҳузури мураббия қарор доштанд. Камтаваҷҷуҳӣ дар муассисаи мазкур низ то ба ҳаддест, ки номи муассиса дар ҷое навишта нашудааст. Ҳамзамон, маълум гардид, ки роҳбарияти кӯдакистон ба раванди ободонӣ кам таваҷҷуҳ дода, дар атрофи муассиса корҳои ободонӣ кам ба назар мерасанд.

 

Ҳолати таълиму тарбия дар Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №128 низ нигаронкунанда мебошад. Дар муассисаи макзур, ки 376 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шуда, зимни боздид маълум гардид, ки мудири кӯдакистон Шамсзода Ҳумайро ба раванди ободонӣ ҳарчанд таваҷҷуҳ додааст, вале корҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надоранд.

 

Ҳолати интизоми меҳнат дар Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ - кӯдакистони №89 «Буратино»-и ноҳияи Сино нигаронкунанда буда, мудири боғча Турдиева Сайёра дар вақти корӣ дар муассиса ҳузур надошт. Набудани роҳбарияти муассиса дар вақти корӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба интизоми меҳнат боис шудааст, ки таълимдиҳандагон дар вақти корӣ ба ҷойи таълим ба кӯдакон ва назорат намудани онҳо ба дигар корҳо машғул шаванд. Кӯдакистони мазкур 260 нафар кӯдакро ба таълим фаро гирифта, дар муассисаи мазкур умуман корҳои ободонӣ ба назар намерасанд.

 

Вазири маориф ва илм зимни боздид вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар самти интизоми меҳнат, раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонӣ нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки роҳбарият ва мураббияҳои боғчаҳо бояд дарк намоянд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ замина ё худ таҳкурсии асосӣ баҳри ояндаи насли наврас мебошад. Ба қавли дигар “илм дар хурдӣ, нақш бар санг” гуфтаанд. Аз ҳамин нуқтаи назар корҳои тарбиявӣ, илмомӯзӣ ва ободонӣ пеш аз ҳама бояд дар кӯдакистонҳо хуб ба роҳ монда шаванд. Дар боғчаҳо кӯдакон ҳамеша бояд таҳти таваҷҷуҳ ва парасторӣ қарор гиранд ва онҳо маҳз аз ин макон ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ободонии Ватанро дар ниҳоди худ ташаккул диҳанд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД img
  • РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД img
  • РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.   Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад.   Тавре зикр гардид, ин захираҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.   Аҳамияти татбиқи фаъолтари технологияҳои рақамӣ ва “сабз”, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар саноат муҳим дониста шуд.   Таъкид гардид, ки бояд ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содиротӣ, тақвияти устувории занҷираҳои таъминоти минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба дар мутобиқсозии маҳсулот ба талаботи экологӣ, карбонӣ ва техникии бозорҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад.   Дар ин робита, аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин, бо назардошти ниёзҳои тамоми минтақа таъкид гардид.   Ҳамчунин, Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки стратегияи гузариши минтақавии "сабз" бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад.   Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи масирҳои омехта, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, барои тақвияти пайвастагии нақлиётии минтақа аҳамияти калон дорад. Дар ин робита, Сарвари давлати мо зарурати кори самаранокро барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, содда кардани расмиёти нақлиётӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуданд.   Мавзӯи рақамисозиро идома дода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ёдовар шуданд ва изҳори итминон намуданд, ки фаъолияти он имкониятҳои инноватсионии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозад ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ суръат мебахшад.   Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ дар робита ба мубориза бо тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳишёбии захираҳои об ва хокборишот, ки ба муҳити зист ва амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд, ривоҷ дода шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.   Дар ниҳояти сухан таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳои минтақаро дастгирӣ карда,  ба татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда мусоидат намояд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки эътимод ба ҳамдигар ва рӯҳияи шарикӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки ба сӯи ҳадафҳои муштарак пайваста пеш раванд.

    35

    08.10.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    57

    08.10.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

    34

    08.10.2026