27.02.2026

 img

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Рушди индустриалӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамо» баргузор гардид.

Конференсияро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиш, аз ҷумла муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва намояндагони муассисаҳои илмиву таҳсилоти олии кишварро хайрамақдам гуфт.

Зимни суханронї ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, заминаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда шуданд. Қайд гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати миллӣ, ба рушди босуботи иқтисодиёт мусоидат намуданд. Аз ҷумла, соҳаи саноат чун муҳаррики иқтисоди миллӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори содиротӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар идомаи ҳамоиш муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан вобаста ба сиёсати иқтисодии давлат ва аҳаммияти рушди индустриалӣ-аграрӣ маъруза ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули иқтисоди рақобатпазир, васеъ намудани самтҳои истеҳсолот ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона гардидааст.

Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои иқтисодӣ, рушди ҳамоҳанги бахшҳои саноат ва кишоварзӣ заминаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон, татбиқи стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, иқтисоди сабз ва рушди иқтисоди рақамӣ, барои ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат шароити мусоид фароҳам меорад.

Сипас, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мирпочоев Далерҷон дар мавзуи «Экосистемаи саноатӣ ҳамчун механизми институтсионалии рушди саноатӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Алиҷонов Ҷамшед дар мавзуи «Заминаҳои назариявии татбиқи рушди индустриалӣ-аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, ҷанбаҳои илмӣ ва методологии рушди мутаносиби бахшҳои саноат ва кишоварзиро шарҳ доданд.

Дар анҷоми конференсия таъкид гардид, ки натиҷаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои назариявию амалии ироагардида метавонанд барои таҳкими ҳамгироии илм бо истеҳсолот, такмили сиёсати иқтисодӣ ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии давлат дар самти рушди индустриалӣ-аграрии кишвар заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Конференсия нимаи дуюми рӯз дар бахшҳо кори худро идома хоҳад дод.

Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки маводи конференсия ба шакли маҷмуа чоп ва дастраси иштирокдорони конференсия гардид.

 

  • РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ-АГРАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМО img
  • РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ-АГРАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМО img
  • РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ-АГРАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМО img
  • РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ-АГРАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМО img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.   Эмомалӣ Раҳмон   Ҳамасола чун анъана дар моҳи апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад, ки дар он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ мешаванд. Конференсияи имсола ба ҷашни муҳимми миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳамчун як платформаи муҳимми илмӣ барои баррасии дастовардҳо ва дурнамои рушди илму маориф муҳим арзёбӣ мегардад.   Имрӯз (14.04.2026) қисмати ифтитоҳии конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. ва меҳмонон аз сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ: Қувватзода Сайдулло, мудири бахши илму маорифи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Аҳмадҷон, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Рамазон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ доир шуд.   Зимнан ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзиши олӣ ва дастоварди бузурги таърихӣ барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард».   Дар ин замина, саҳми ҷомеаи илмӣ, бахусус устодону муҳаққиқони Донишгоҳ, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи насли донишманду ватандӯст назаррас арзёбӣ шуд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ илм ва технология ба унсури асосии пешрафти ҷомеа табдил ёфта, Донишгоҳ ҳамчун маркази муҳимми илм ва маориф вазифадор аст, ки таҳқиқоти илмиро рушд дода, мутахассисони рақобатпазир омода намояд.   Дар идомаи суханронӣ аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъкидҳои Пешвои миллат дар самти рушди илму маориф ёдовар шуда, дастгирии олимони ҷавон, рушди мактабҳои илмӣ, ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти тадқиқотӣ ва ташаккули муҳити инноватсионӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарин арзёбӣ гардид.   Дар зимн меҳмонон доир ба пешбурди корҳои илмию инноватсионӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат суханронӣ намуда, беҳтар намудани низоми илмию таълимӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, таҳкими пайванди илм бо истеҳсолот ва муаррифии дастовардҳои илмии ватанӣ дар хориҷи кишварро аз ҷумлаи талаботи замон арзёбӣ карданд. Ҳамзамон, анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва инноватсионӣ низ яке аз самтҳои афзалиятнок таъкид гардид.   Сипас, дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои доктори илмҳои филологӣ, профессор, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ “Абулқосим Фирдавсӣ дар эҷодиёти Сотим Улуғзода”, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғаффорзода Алишер Бобобек “Зеҳни сунъӣ ҳамчун омили калидии рушди устувори соҳаи маориф ва идоракунии давлатӣ” ва номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умаров Абдуллохоҷа Қурбонхоҷаевич “Рушиди илму маориф дар 35-соли Истиқлоли Тоҷикистон” шунида шуданд.   Таъкид менамоем, ки дар доираи “Ҳафтаи илм” баргузории 2760 маърӯза дар 233 бахш ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1258 маърӯзаи устодону кормандон ва 1502 маърӯзаи донишҷӯён дар бахшҳои гуногуни илмӣ пешниҳод мегарданд.   Конференсияи илмию назариявии «Ҳафтаи илм» аз имрӯз оғоз гардида, то 20-уми апрел идома хоҳад ёфт. Интизор меравад, ки натиҷаҳои он барои рушди минбаъдаи илму маориф ва таҳкими иқтидори илмии кишвар саҳми арзанда мегузорад.   Ёдовар мешавем, ки кори конференсия дар факултетҳо ва дигар сохторҳои Донишгоҳ идома дорад.

    1

    14.04.2026
  •  img
    ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНГРЕССИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ИТТИҲОДИ АВРУПО» ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД 13-14 апрели соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баргузор гардид, ки дар кори он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.   Зимни маросими расмии ифтитоҳи Конгресс вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои фаромарзиро дар соҳаи маориф ва илм таъкид кард. Вазир иброз дошт, ки шаҳри бостонии Самарқанд аз қадимулайём ҳамчун маркази илм, фарҳанг ва муколамаи тамаддунҳо шинохта шуда, баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд дар ин макон рамзӣ ва дорои аҳаммияти хос мебошад.   Дар идомаи Конгресс, вазири маориф ва илм дар ҷаласаи пленарӣ таҳти унвони «Интегратсияи маориф ва илм ҳамчун асоси шарикии устувори Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо» иштирок карда, доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалӣ суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мо барои рушди соҳаи маориф ва илм се ҳадафи стратегии муҳим, рушди таҳсилоти муҳандисӣ ва тиббӣ бо мутобиқсозии барномаҳо ба стандартҳои аврупоӣ, ҷалби грантҳо ва барномаҳои табодули академӣ, инчунин тақвияти ҳамгироии илм ва истеҳсолот тавассути татбиқи технологияҳои рақамӣ ва «сабз»-ро ро пайгирӣ менамоем. Ҳамзамон, вазир пешниҳод намуд, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ, роҳандозии мубодилаи устодону донишҷӯён, таъсиси фонди минтақавии грантҳо ва ифтитоҳи маркази ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар минтақа зарур мебошад. Зикр шуд, ки чунин иқдомҳо метавонанд имкониятҳои нави таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва шуғли ҷавононро фароҳам оварда, ба рушди иқтисод ва тақвияти низоми тандурустӣ ва муҳандисии кишварҳо мусоидат намоянд.   Барномаи Конгресс фарогири як қатор ҷаласаҳои муҳимми мавзуӣ, аз ҷумла панелҳои сатҳи вазирон, муҳокимаҳои илмӣ ва нишастҳои соҳавӣ дар самтҳои иқтисод, технология ва тиб буд, ки дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, татбиқи барномаҳои муштарак ва рушди таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардид.   Дар ҳошияи Конгресс вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор ҳамтоён ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои иштирокчӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва рушди лоиҳаҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор дод.   Бояд гуфт, чорабинии мазкур яке аз платформаҳои муҳимми байналмилалӣ дар самти таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо маҳсуб ёфта, дар он вазирони соҳа, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.   Конгресси «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» ҳамчун платформаи муҳимми ҳамгироии илмию таълимӣ ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар минтақа мусоидат менамояд.

    40

    14.04.2026
  •  img
    ДАР ДДМИТ ҲАФТАИ ИЛМ ОҒОЗ ЁФТ 13 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи илм конференсияи умумидонишгоҳии илмиву назариявии устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён оғоз гардид.   Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Ҳафтаи илми тоҷик яке аз чорабиниҳои муҳимми илмӣ ба шумор рафта, ҳадафи он тарғиби илму техника, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва муаррифии дастовардҳои олимон мебошад.   Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки дар шароити муосир рушди устувори кишвар ба пешрафти илму технология вобаста буда, таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.   Ҳамзамон, дар доираи Ҳафтаи илм баргузории конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои табодули таҷриба ва рушди тафаккури илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои илмӣ дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ то 18 апрел идома хоҳанд ёфт.

    2

    13.04.2026