РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР НИЗОМИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН: МУҲОКИМАИ СОЛОНА ВА ДУРНАМОИ ОЯНДА
25.12.2024
25 декабри соли 2024 дар толори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (МҶТИК) ҷаласаи солонаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ натиҷаҳои фаъолияти солонаи Марказро ҷамъбаст намуда, роҳбарон ва мутахассисони соҳаро барои баррасии мушкилот ва таҳияи стратегияи рушди оянда гирд овард.
Дар ҷаласа Нурулло Убайдуллозода, сардори шуъбаи низоми ахбороти идоракунии маориф дар Вазорати маориф ва илм (ВМИ), ҳамчун меҳмони расмӣ иштирок доштанд. Ӯ дар суханронии худ ба аҳамияти ҳамкории зич миёни Марказ ва Вазорати маориф таъкид намуда, нақши калидии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК)-ро дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва самаранокии идоракунии муассисаҳои таълимӣ таъкид намуд.
Нурулло Убайдуллозода ҳамчунин дастгирии пурраи Вазорати маориф ва илмро дар татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуда, ҳузури худро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи вазорат ба рушди рақамикунонии маорифи кишвар арзёбӣ кард.
Директори Марказ, Муҳаммадраҷабзода К., ҷаласаро бо суханронӣ оғоз намуда, на танҳо муваффақиятҳои соли 2024-ро қайд кард, балки мушкилоти мавҷударо низ бо шаффофият баррасӣ намуд.
Дар соли 2024, як қатор дастовардҳои муҳим ба амал омаданд, аз ҷумла:
• Таъмини 161 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютерҳо ва серверҳо.
• Пайвасти шумораи бештари мактабҳо ба шабакаи интернет.
• Оғози пилотии Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (EMIS) дар минтақаҳои Турсунзода ва Темурмалик, ки марҳилаи нави рақамикунонии идоракунии соҳаи маорифро ифода мекунад.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, як қатор мушкилот ҳанӯз ҳам дар пеш аст:
• Кӯҳнашавии таҷҳизот, ки татбиқи таҳсилоти рақамиро душвор мегардонад.
• Набудани шабакаи ягонаи иттилоотӣ барои муассисаҳои таълимӣ.
• Хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории таҷҳизот барои муассисаҳо.
Маркази ҷумҳуриявӣ ҳадаф дорад дар солҳои оянда татбиқи пурраи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро идома диҳад. Самтҳои афзалиятноки фаъолият чунин муайян шудаанд:
• Таҷдиди таҷҳизот бо технологияҳои навтарини рақамӣ.
• Гузаронидани курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон.
• Таҳкими амнияти иттилоотӣ дар тамоми низоми маориф.
Илова бар ин, таъкид шуд, ки ҳамкории фаъоли Марказ бо шарикони байналмилалӣ ва дастгирии ҳукумати кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддат, аз ҷумла ҷорӣ намудани таҳсилоти пурраи рақамӣ то соли 2042, калидӣ хоҳад буд.
Ҷаласаи солона нишон дод, ки ТИК на танҳо як воситаи муосири идоракунӣ ва таълим аст, балки як рукни муҳими пешрафти куллии ҷомеа ба шумор меравад. Дастовардҳои соли 2024 асос гузоштанд барои пешрафти бештар, ва бо чунин талошҳо Тоҷикистон метавонад дар минтақа ба намунаи пешсаф дар соҳаи таҳсилоти рақамӣ табдил ёбад.
Дар интиҳо, директори Марказ, Муҳаммадраҷабзода К., бо изҳори умед гуфтанд, ки соли оянда бо татбиқи барномаҳои нав ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дастовардҳои соҳа боз ҳам бештар хоҳанд буд.