13.09.2025

 img

Бо мақсади афзоиши малака, омӯзиши техника ва методҳои нав, шинос кардани волидайн ва кӯдакон бо имкониятҳои фарогирии таҳсилоти иловагӣ, рушди қобилият ва истеъдодҳои хонандагон санаи 12.09.2025 дар саҳни шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон "Рӯзи дарҳои кушод" гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Олимов Абдувосит - мудири шуъбаи" Таҳлил ва иттилоот"-и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Манноновна Мавҷуда - мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон ва Сатторова Бизиёда - директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон иштирок намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон  қайд намуданд, ки дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон  маҳфилҳои зерин фаъолият мебаранд:

1. маҳфили "Забони англисӣ" 

2. маҳфил "Забони русӣ" 

3. маҳфили "Забони хитойӣ" 

4. маҳфили "Маърифати ҳуқуқӣ" 

5. маҳфили "Математика" 

6. маҳфили "Технологияи иттилоотӣ" 

7. маҳфили "Буррандагӣ - дӯзандагӣ" 

8. маҳфили "Юрмадӯзӣ" 

9. маҳфили "Рузғордорӣ" 

10. маҳфили "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст" 

11. маҳфили "Бофандагӣ"

 

Таъкид гардид,ки ҳамаи машғулиятҳо дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Барномаи рангини фарҳангӣ,ки аз ҷониби аъзои маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон омода гардида буд, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати идона бахшид.

  • Рӯзи "Дарҳои кушод" дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон img
  • Рӯзи "Дарҳои кушод" дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон img
  • Рӯзи "Дарҳои кушод" дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2025» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2025» баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ва роҳбарияти Раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода иштирок намуданд.   Озмун, ки аз 10 сентябр оғоз гардида буд, бо иштироки 15 нафар омӯзгорони боистеъдод аз шаҳру ноҳияҳои вилоят сурат гирифт. Шартҳои асосии он аз баргузории дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), соати тарбиявӣ ва маҷлиси падару модарон, инчунин санҷиши дониши ҳуқуқӣ ва маҳорати кор бо компютер иборат буданд.   Дар марҳилаҳои гуногун довталабон малакаи касбӣ, таҷрибаи бой ва эҷодкории худро нишон доданд. Ниҳоят, пас аз баҳогузории ҳайати ҳакамон, панҷ довталаби беҳтарин ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд: Маматқулов Ҷасурбек- омӯзгори фанни забони русӣ Гимназияи 6-и ноҳияи Ашт Темиров Хушрӯз- омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри  Бӯстон, Баҳруллохони Шукрулло- омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и  шаҳри Истаравшан, Шодиева Нодира -  омӯзгори забони давлатӣ дар МДБТМУ Россия – Тоҷикистон ба номи А.П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд, Собирова Гулсара – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Литсейи №1- шаҳри Конибодом.   Дар қувваозмоии ниҳоӣ Темиров Хушрӯз-омӯзгори Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон, бо холҳои баланд пирӯз гардида, ҷойи аввалро ба даст овард.   Муовини Раиси вилоят Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло зимни суханронӣ ғолибон ва ҳамаи иштирокчиёнро табрик намуда, таъкид кард, ки ҳадафи асосии озмун — муайянсозии омӯзгорони боистеъдод, тарғиби таҷрибаи беҳтарини педагогӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ташаккули захираи ягонаи кадрӣ барои рушди соҳаи маориф мебошад.   Ғолиби даври вилоятӣ – Темиров Хушрӯз – барои ширкат дар даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

    20

    13.09.2025
  •  img
    ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК Имрӯз, 13 сентябри соли 2025 дар деҳаи Даҳани намаки ноҳияи Темурмалик бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Бинои муассисаи таълимӣ бо маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сохта шуда, аз 2 ошёна иборат аст. Тарҳи бино бо назардошти талаботи муосири муҳандисӣ таҳия гардида, дар он 6 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, синфхонаи компютерӣ бо таҷҳизоти техникии замонавӣ, хонаи омӯзгорон, инчунин ҳуҷраи кории роҳбарияти муассиса бо тамоми лавозимоти зарурии корӣ таъмин гардида, барои ташкили раванди таълим дар сатҳи баланд заминаи воқеӣ фароҳам овардааст.   Дар ҳудуди муассиса майдончаи варзишӣ сохта шуда, низоми гармидиҳии мутобиқ ба талаботи замони имрӯза мавриди истифода қарор дода шудааст. Инчунин, барои ҷалби кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассиса Маркази инкишофи барвақтии кӯдак сохта шудааст.   Дар ҷараёни ифтитоҳ, муовини вазири маориф ва илм бо хонандагону омӯзгорон мулоқоти самимӣ доир намуда, аз таваҷҷуҳи пайваста ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.   Зимни суҳбат таъкид гардид, ки сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар дар роҳи таҳкими пояҳои илму маърифат, бунёд ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҳсили шоистаи насли наврас равона гардида, ҳар як иқдоми созанда дар ин самт нишони эҳтироми хоса ба ояндаи дурахшони Ватан маҳсуб меёбад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    16

    13.09.2025
  •  img
    ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН! БА ТАВАҶҶУҲИ ПАДАРУ МОДАРОН, ОМӮЗГОРОН ВА КӮДАКОНУ НАВРАСОН РАСОНИДА МЕШАВАД! Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ва самимияти зиёд Шуморо ба чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод», ки аз 15 сентябр, дар тамоми марказҳои таҳсилоти иловагӣ ҷумҳурӣ оғоз мегардад, даъват менамояд.   Ҳадафи асосии чорабинӣ шиносоии кӯдакон ва наврасони аз синни 6 то 18 сола бо имкониятҳои фароҳамовардаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмӣ, эҷодӣ, варзишӣ ва ҳунарӣ, инчунин, тақвияти дониш ва маҳоратҳои зеҳниву бадеӣ мебошад.   Ҳоло дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ маҳфили илмӣ, фаннӣ, эҷодӣ, варзишӣ ва ҳунарӣ фаъолият дошта, таҳсил дар онҳо ройгон мебошад.   Наврасон имкон пайдо мекунанд, ки таҳти роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷриба донишҳои худро такмил дода, дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат намоянд.   Самтҳои асосии маҳфилҳо: Забономӯзӣ: русӣ, англисӣ, олмонӣ, хитоӣ; Фаннӣ: химия, физика, адабиётшиносӣ, биология, информатика, кишваршиносӣ, табиатшиносӣ; Эҷодӣ ва ҳунарӣ: дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, кадбону, дуредгарӣ, санъати тасвирӣ, меъморӣ, журналистика, маҳорати суханварӣ, асбобҳои мусиқӣ, хор, рақсу театр; Варзишӣ: футбол, волейбол, гӯштингирӣ, таэквондо, шашка ва шоҳмот   Мо бовар дорем, ки ояндаи давлату миллат аз тарбия ва рушди насли имрӯза вобаста аст. Аз ин рӯ, даъват мекунем, ки аз ин имконияти фароҳамовардаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ истифода намоед ва фарзандони худро ба маҳфилҳои марказҳо шомил гардонед.   Марҳабо ба марказҳои таҳсилоти иловагӣ!   Барои маълумоти бештар ба: - Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба рақамҳои 227-92-78, 93-556-67-15; - Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд ба рақами 92-818-10-72; - Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Хатлон ба рақами 900-09-29-09; - ВМКБ ба рақами 93-501-86-06 тамос гиред.   Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ВМИҶТ

    16

    13.09.2025