31.08.2026
Ҳамасола бо фаро расидани Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар соли нави таҳсил оғоз гардида, ҳазорон нафар кӯдакону наврасон бо орзуву ниятҳои нек ба остонаи мактаб қадам мегузоранд. Ин рӯз барои ҷомеаи мо оғози марҳалаи нави омӯзиш, маърифат, тарбия, худшиносӣ ва омодагии насли нав ба зиндагии мустақилона мебошад.
Бо Дарси сулҳ оғоз гардидани соли нави таҳсил дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба анъанаи неку арзишманд табдил ёфтааст. Ин анъана дорои мазмуни амиқи сиёсиву иҷтимоӣ, маънавию ахлоқӣ ва тарбиявӣ буда, аз рӯзҳои нахустини соли таҳсил таваҷҷуҳи хонандаро ба ду арзиши барои инсон ва ҷомеа муҳим дониш ва сулҳ равона месозад.
Бояд гуфт, ки дониш ва сулҳ бо ҳам робитаи амиқи ҳаётӣ доранд. Барои таҳсил кардан, касбу ҳунар омӯхтан, илму фарҳангро рушд додан, иқтисодиётро пеш бурдан ва ҳадафҳои созандаи давлатро амалӣ намудан, пеш аз ҳама, фазои орому осуда, ваҳдат ва суботи ҷомеа зарур аст. Дар навбати худ, ҳифзи чунин муҳит ба сатҳи маърифат, ҷаҳонбинии солим, фарҳанги шаҳрвандӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва дарки масъулияти ҳар як инсон дар назди давлату ҷомеа вобаста мебошад.
Аз ҳамин лиҳоз, тавъам будани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дорои рамзи хос аст. Он ба насли наврас мефаҳмонад, ки дониш бояд барои созандагӣ, ободонӣ, рушди ҷомеа ва таҳкими зиндагии осоишта хизмат намояд. Маърифате, ки бо ҳисси масъулият ва ахлоқи ҳамида пайваст мешавад, метавонад ба неруи воқеии пешрафти давлат табдил ёбад.
Мо, мардуми Тоҷикистон қадру қимати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро хуб медонем. Барои халқи тоҷик сулҳ мафҳуми одӣ нест, зеро зиндагии осоишта бо талошҳои зиёд, сабру таҳаммул, хиради сиёсӣ ва иродаи устувори сулҳхоҳонаи ҷомеа ба даст омадааст. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот ва тарбияи насли сулҳпарвар вазифаи доимӣ ва масъулияти умумимиллӣ мебошад.
Ин масъала дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Низоъҳои сиёсиву низомӣ, терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, таблиғи хушунат, таассуб, таъсири иттилооти ғаразнок ва таҳдидҳои нави фазои рақамӣ нишон медиҳанд, ки ҳифзи амнияту оромӣ аз ҳар як ҷомеа маърифат, ҳушёрӣ ва масъулияти баландро талаб менамояд.
Бинобар ин, фарҳанги сулҳ бояд аз муҳити оила оғоз гардида, дар муассисаи томактабӣ, мактаб ва дигар зинаҳои таҳсилот пайгирона идома ёбад. Кӯдак бояд аз солҳои аввал дарк намояд, ки сулҳ бо рафтору муносибати ҳаррӯзаи худи инсон низ вобаста аст. Эҳтироми падару модар, арҷгузорӣ ба омӯзгор, муносибати дуруст бо ҳамсолон, таҳаммулпазирӣ, одоби муошират, худдорӣ аз хушунат ва ҳалли масъалаҳо бо роҳи гуфтугӯ аз нишонаҳои муҳими фарҳанги сулҳ мебошанд.
Дар баробари ин, вазифаи муҳими мактаб ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Муассисаи таълимӣ бояд дар қалби хонанда муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллат, эҳтиром ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлатдории соҳибистиқлолро устувор намояд.
Худшиносии миллӣ бояд хонандаро ба дарки ҷойгоҳ ва масъулияти худ дар ҷомеа расонад. Ӯ бояд худро вориси таъриху фарҳанги миллат, соҳиби имрӯзи кишвар ва саҳмгузори фардои он эҳсос кунад. Ин дарк дар зеҳни насли нав эҳсоси соҳибватанӣ ва масъулиятро ташаккул дода, ӯро водор месозад, ки ояндаи худро аз сарнавишти Ватан ҷудо тасаввур накунад.
Аз ин рӯ, вазифаи мо, омӯзгорон аст, ки ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки ватандӯстӣ танҳо дар сухан ва эҳсос ифода намеёбад. Ватандӯстӣ дар хониши хуб, аз худ кардани илму касб, меҳнати ҳалол, эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти ҷамъиятӣ, саҳм гузоштан дар ободонии маҳалли зист ва кӯшиш барои рушди давлат таҷассум мегардад.
Фарзандони мо бояд бо чунин ҷаҳонбинӣ ба камол расанд, ки пешрафти Тоҷикистонро ҳадафи муштараки худ донанд. Ҳар як наврасу ҷавон имрӯз бояд дарк намояд, ки дониш, қобилият, истеъдод ва неруи ӯ дар оянда метавонанд барои бунёди мактабу корхона, рушди илму технология, пешрафти кишоварзӣ, беҳбудии соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, рушди фарҳанг ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа хизмат намоянд.
Маҳз дар чунин замина мафҳумҳои созандагиву бунёдкорӣ барои хонанда мазмуни воқеӣ пайдо мекунанд. Ободии Ватан аз муносибати масъулонаи ҳар инсон ба таҳсилу меҳнат, ба кӯчаву маҳалла, мактабу деҳа, шаҳру ноҳия ва сарзамини худ оғоз мегардад. Агар ин ҳисси масъулият аз овони мактабӣ ташаккул ёбад, ҷомеа соҳиби насле мешавад, ки обод кардан, эҷод намудан ва ба вуҷуд овардани арзишҳои навро меъёри зиндагии худ медонад.
Дар ташаккули чунин насли худогоҳу созанда мақоми омӯзгор ниҳоят муҳим мебошад. Муносибату масъулияти ӯ нисбат ба касби худ, ҷомеа, давлат, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ метавонад ба ҷаҳонбинии шогирд таъсири амиқ расонад. Аз ҳамин сабаб, омӯзгор худ намунаи маърифат, масъулият, ватандӯстӣ ва садоқат ба касб мебошад. Хонанда аз тарзи сухан гуфтан, одоби муошират, муносибати устод ба меҳнат, адолат, тартибот ва масъулият низ сабақ мегирад. Сухани самимӣ ва рафтори шоистаи омӯзгор баъзан метавонад дар зеҳни шогирд андешаеро ҷой диҳад, ки солҳои зиёд дар зеҳни ӯ нақш мебандад.
Ҳар қадаре ки омӯзгор рисолати худро бо ҳисси баланди масъулияти касбӣ ва миллӣ иҷро намояд, ҳамон андоза таъсири тарбиявии мактаб бештар мегардад. Вазифаи ӯ аз он иборат аст, ки хонандаро ба донишандӯзӣ ҳавасманд намуда, дар қалби ӯ муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз миллат, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ, меҳнатдӯстӣ ва омодагӣ ба саҳм гузоштан дар пешрафти кишварро парвариш намояд.
Дар ҳамин замина, Дарси сулҳ бояд ҳамчун дарси воқеии худшиносӣ, ватандӯстӣ, маърифати шаҳрвандӣ ва масъулият дар назди ҷомеа баргузор гардад. Хонанда бояд фаҳмад, ки сулҳу оромӣ, ваҳдату субот ва зиндагии осоишта барои рушди давлат, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди илму маориф ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ чӣ аҳаммият доранд.
Маҳз дар фазои сулҳ инсон имконият пайдо мекунад, ки таҳсил намояд, касб омӯзад, меҳнат кунад, оила барпо намояд, эҷод кунад ва барои ҷомеа арзиш ба вуҷуд оварад. Мактабҳо бунёд мегарданд, роҳу корхонаҳо сохта мешаванд, шаҳрҳо рушд мекунанд, илму фарҳанг инкишоф меёбанд ва имкониятҳои нави зиндагӣ фароҳам меоянд. Аз ин рӯ, қадршиносии сулҳ бояд бо масъулият барои ҳифзи он пайваста бошад.
Дарси сулҳ ба хонанда мефаҳмонад, ки ҳифзи сулҳ вазифаи сохтор ё гурӯҳи алоҳида нест ва ҳар шаҳрванд бо дониш, рафтори дуруст, риояи қонун, эҳтироми дигарон, ҳифзи ваҳдати ҷомеа ва муносибати масъулона ба манфиатҳои давлат метавонад дар таҳкими суботу осоиштагӣ саҳм гузорад.
Бояд таъкид намуд, ки Рӯзи дониш низ дар замони муосир мазмуну масъулияти нав касб кардааст. Ҷомеаи имрӯза ба ҷавонони соҳибмаърифат, забондон, дорои ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури таҳлилӣ, фарҳанги рақамӣ, қобилияти омӯзиши мустақилона ва омодагӣ ба фаъолияти эҷодкорона эҳтиёҷ дорад.
Рушди босуръати илму технология, афзоиши пайвастаи иттилоот, пайдоиши касбҳои нав ва тағйир ёфтани талаботи бозори меҳнат аз низоми маориф тақозо менамояд, ки хонандаро барои зиндагӣ ва фаъолият дар муҳити нав омода созад. Имрӯз арзиши дониш аз ҳаҷми маълумоти азёдшуда бештар бо қобилияти дар амал истифода бурдан, таҳлил намудан, масъала ҳал кардан, андешаи мустақил доштан ва эҷод намудани роҳи нав муайян мегардад.
Аз ин рӯ, вазифаи мактаби муосир ташаккули шахсияти донишманд, соҳибкасб, худогоҳ, ташаббускор ва масъулиятшинос мебошад. Хонанда бояд омода бошад, ки донишҳои андӯхтаашро барои ҳалли масъалаҳои зиндагӣ, рушди ҷомеа ва пешрафти Ватан истифода намояд.
Дониш замоне ба сармояи воқеии инсон ва давлат табдил меёбад, ки бо ахлоқи ҳамида, ҳисси масъулият ва иродаи созанда пайваст бошад. Инсони соҳибмаърифат бояд донад, ки илму қобилияти ӯ танҳо барои муваффақияти шахсӣ нест, аз он метавонад ҷомеа низ баҳра барад.
Дар ҳамин нуқта моҳияти аслии тавъам будани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ боз ҳам равшантар мегардад. Рӯзи дониш роҳи инсонро ба сӯи маърифат, ҷустуҷӯ ва камолот мекушояд. Дарси сулҳ арзиши муҳитеро ба ёд меорад, ки дар он илму дониш, меҳнат, эҷод, созандагӣ ва рушди давлат имконпазир мегардад.
Соҳаи илму маърифат дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа низ нақши бузург дорад. Шахси соҳибмаърифат қодир аст воқеиятро таҳлил намояд, байни ҳақиқат ва маълумоти ғаразнок фарқ гузорад, ба андешаи дигарон эҳтиром гузорад ва масъалаҳоро бо роҳи оқилона ҳал намояд. Аз ҳамин сабаб, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа яке аз роҳҳои муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ ва пешгирии таассубу ифротгароӣ мебошад.
Муассисаи таълимӣ бояд муҳите бошад, ки ин арзишҳо дар он дар амал таҷассум ёбанд. Адолат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, интизом, ҳамкорӣ, масъулият ва муносибати инсонпарварона бояд ба ҷузъи фарҳанги ҳаррӯзаи мактаб табдил ёбанд. Хонанда дар чунин муҳит меомӯзад, ки ҷомеаи солим аз масъулияти ҳар як шахс оғоз мешавад.
Дар ин раванд нақши оила низ ниҳоят муҳим аст. Мактаб ва оила дар масъалаи тарбияи фарзанд бояд ҳамдигарро идома диҳанд. Агар арзишҳое, ки омӯзгор дар мактаб ташаккул медиҳад, дар муҳити хонаводагӣ дастгирӣ шаванд, таъсири тарбия устувортар мегардад.
Аз ин лиҳоз, падару модарон низ бояд фарзандонро ба донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, риояи одоб ва масъулият дар назди ҷомеа ҳидоят намоянд. Ҳамкории пайвастаи оила ва мактаб метавонад барои ба камол расидани насли дорои ҷаҳонбинии солим ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Бояд гуфт, ки оғози ҳар соли нави таҳсил фурсати муҳиме барои андешидан ба фардои ҷомеа мебошад. Ҳар кӯдаке, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузорад, баъди чанд сол ҳамчун мутахассис, падар ё модар, роҳбар, омӯзгор, табиб, муҳандис, олим, соҳибкор ё намояндаи дигар касбҳо ба ҳаёти мустақилона ворид мешавад.
Фардои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он вобаста аст, ки мо имрӯз ин кӯдакро чӣ гуна таълим медиҳем, дар қалби ӯ кадом арзишҳоро ҷой мекунем ва барои рушди қобилиятҳои ӯ чӣ гуна шароит фароҳам меорем. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба таълиму тарбияи кӯдак дар асл таваҷҷуҳ ба ояндаи миллат, неруи инсонӣ ва устувории давлат мебошад.
Мо бояд наслеро ба камол расонем, ки дониши муосир дошта, таъриху фарҳанги худро бишиносад, қадри сулҳу ваҳдат ва истиқлолу давлатдории миллиро донад, ба манфиатҳои Ватан содиқ бошад ва барои пешрафти он масъулият эҳсос намояд. Насле, ки муваффақияти шахсии худро бо пешрафти ҷомеа пайванд дода, дониш ва маҳорати худро ба хизмати мардум равона созад.
Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки ояндаи ободи Ватани мо -Тоҷикистон аз меҳнати ҳар яки онҳо вобаста мебошад. Ҳар дониши андӯхта, ҳар касби азхудшуда, ҳар идеяи нав, ҳар иқдоми бунёдкорона ва ҳар кори содиқона метавонад як ҳиссаи рушди мамлакат бошад. Чунин ҷаҳонбинӣ ҷавононро аз мавқеи танҳо интизори имконият будан ба мавқеи эҷодкунандаи имконият ва бунёдгари фардои худу ҷомеа мебарад.
Аз ҳамин лиҳоз, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро метавон рамзи пайванди маърифат, худшиносӣ ва созандагӣ арзёбӣ намуд. Дониш инсонро тавоно месозад, худшиносӣ ба ӯ самт медиҳад ва сулҳ барои амалӣ намудани неруи созандаи ӯ фазои мусоид фароҳам меорад. Ҳар қадаре ки насли нав ба илму маърифат, арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, сулҳу ваҳдат ва давлатдории миллӣ арҷ гузорад, ҳамон андоза заминаи фардои устувору ободи Тоҷикистон мустаҳкам мегардад.
Бо истифода аз ин фурсати нек тамоми омӯзгорону устодон, хонандагону донишҷӯён, падару модарон ва аҳли маорифи кишварро ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил самимона табрик мегӯям.
Ба хонандагону донишҷӯён хониши аъло, иродаи қавӣ, ҷустуҷӯи пайвастаи дониш, аз худ намудани касбу ҳунари замонавӣ ва муваффақият дар роҳи расидан ба ормонҳои нек, ба омӯзгорону устодон дар иҷрои рисолати пуршарафу масъулиятноки таълиму тарбияи насли ояндасоз неруи тоза, илҳоми созанда ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Орзумандам, ки соли нави таҳсил барои ҳар як муассисаи таълимӣ соли дастовардҳои тоза, болоравии сифати таълиму тарбия, рушди илму маърифат, навҷӯӣ ва ташаббусҳои созанда гардад.
Бигзор сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва фазои созандагиву бунёдкорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамеша пойдор бошад ва фарзандони ин сарзамини муқаддас бо дониши муосир, ахлоқи ҳамида, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи устувори созанда ба камол расида, барои пешрафт, шукуфоӣ ва ободии Ватани азиз содиқона хизмат намоянд.
Шавкат КАРИМЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон