29.07.2026
29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хабарҳои дигар
-
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН Имрӯз, 29 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжисзюн баргузор гардид. Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм сафирро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин пайваста рушд намуда, ба сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои маориф ва илм, омодасозии кадрҳои баландихтисос, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши забони чинӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки айни замон зиёда аз 6000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Ҳамзамон, фаъолияти Донишкадаҳои Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар самти омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ, тавсеаи робитаҳои илмию гуманитарӣ ва таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин Коргоҳи Лубан дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро намунаи муваффақи ҳамкории амалӣ дар самти омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва омӯзиши технологияҳои муосир арзёбӣ намуданд. Инчунин, масъалаҳои таъсиси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара ва Коргоҳи нави Лубан дар назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Дар идомаи мулоқот ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, таъсиси озмоишгоҳҳо ва марказҳои муштараки таҳқиқотӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону муҳаққиқон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Вазири маориф ва илм таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим муҳим арзёбӣ намуд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои маориф, илм, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, энергетикаи сабз, кишоварзии муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос изҳор намуда, таъкид карданд, ки рушди муносибатҳои таълимию илмӣ ба таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад намуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
0
29.07.2026 -
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба вазъи ноустувори иқтисодиву сиёсии ҷаҳони имрӯза ва эҳтимоли боз ҳам мураккаб шудани он таъкид намуданд, ки ҳифзи устувории макроиқтисодӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, пешгирӣ аз таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳои дохилӣ вазифаи асосии Ҳукумати кишвар мебошад. Зарур шумурда шуд, ки сатҳи худтаъминкунӣ баланд бардошта шуда, вобастагӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ тадриҷан коҳиш дода шавад. Инчунин бо истифодаи самараноки захираҳои зеҳниву табиӣ рушди истеҳсолоти дохилӣ таъмин карда шавад. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки сарфи назар аз пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳониву минтақавӣ, дар натиҷаи муназзам амалӣ намудани ислоҳот, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, рақамикунонӣ, саноатикунонии босуръат ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 рушди мусбати иқтисоди кишвар таъмин гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2026 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар шуд. Таъкид гардид, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,1 дарсад, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4, боркашонӣ 14,7, гардиши савдо 26,1, мусофиркашонӣ 8,0 ва хизматрасонии музднок 10,6 дарсад таъмин шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сатҳи таваррум дар ин давра 2,4 дарсадро ташкил дод. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар сатҳи 114,3 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 36,4 миллиард сомонӣ ворид гардид. Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои дахлдор ҳисобот доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва дар сатҳи на камтар аз 8 дарсад дар соли 2026 афзоиш додани суръати рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ пешниҳодҳои мушаххаси худро оид ба дарёфти манбаъҳои иловагии рушд, бахусус дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба монанди саноат, энергетика ва кишоварзӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири моҳи августи соли равон манзур намоянд. Ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра ба анҷом расонидани рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба кор даровардани гардиши электронии байниидоравии ҳуҷҷатҳо роҳу воситаҳои самарабахшро дарёфт ва амалӣ созанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил карда, бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи он ва баҳри ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ масъулини сохторҳои марбутаи кишварро вазифадор намуданд, ки тадбирҳои амалӣ андешанд. Ба Бонки миллӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамии бонкӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешад. Дар идомаи маҷлис дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2029 баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки дурнамо ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст. Ба вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои солҳои навбатӣ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2029-ро ба инобат гиранд, ҳамчунин, дар ҳолати тағйирёбии вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла таъсири омилҳои беруна ба он, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2029 сари вақт таклифҳо пешниҳод намоянд. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Барномаи рушди роҳнамои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 муҳокима ва қабул карда шуд. Дар интиҳои кори маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосил, вусъати кишти такрорӣ, истифодаи самараноки обу замин, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои корам, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ барои муҳлати на кам аз ду сол дар ҳар як оилаи ҷумҳурӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, густариши корҳои созандагию ободонӣ, кам кардани талафоти техникию тиҷоратӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи биллингӣ ва омодагии пурра ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода супоришҳои мушаххас доданд. Дастурҳои дигар ба масъулин доир ба омодагӣ ба соли нави таҳсил, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.
30
28.07.2026 -
ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ ВА РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА ОҒОЗ ГАРДИД 28 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, инчунин аттестати аълои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид. Озмунро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти онро дар ҳавасмандгардонии хонандагон ба таҳсили амиқ, дарёфти донишҳои муосир ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон таъкид кард. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвар эътироф гардида, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли донишманд ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Муовини вазир иброз дошт, ки дар озмуни танҳо он хатмкунандагоне иштирок доранд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо натиҷаҳои аъло хатм намуда, баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гузаштан аз санҷиши комиссияи Вазорати маориф ва илм ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд. Қайд гардид, ки солҳои охир шумораи гирандагони медалҳои тилло ва нуқра мунтазам афзоиш меёбад. Агар соли 2017 ҳамагӣ 8 нафар хатмкунанда соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошад, ин нишондиҳанда соли 2021 ба 53 нафар ва соли 2025 ба 73 нафар расидааст. Ин тамоюл аз беҳтар гардидани сифати таҳсил, болоравии масъулияти муассисаҳои таълимӣ ва афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба донишомӯзӣ шаҳодат медиҳад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли ҷорӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявӣ 178 нафар довталаб барои иштирок дар озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ пешниҳод гардидаанд. Дар идомаи суханронӣ Равшан Каримзода таваҷҷуҳи масъулони соҳаи маорифро ба масъалаи дуруст омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабон ҷалб намуда, иброз дошт, ки риояи талаботи санадҳои меъёрӣ барои таъмини шаффофият ва адолати озмун аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки озмуни мазкур на танҳо сатҳи дониш ва омодагии хонандагонро муайян месозад, балки онҳоро барои омӯзиши минбаъда, рушди қобилияти зеҳнӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди илм ҳавасманд менамояд. Изҳори итминон карда шуд, ки аз миёни иштирокчиёни имсола олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳибкасби оянда ба камол расида, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ҳамасола бо мақсади муайян намудани хонандагони болаёқат, ҳавасмандгардонии ҷавонон ба таҳсили аъло, рушди рақобати солим ва қадршиносии дастовардҳои беҳтарин хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардида, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
60
28.07.2026