26.12.2025

 img

25 декабри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

 

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфта, иштирокчиён Паёми Пешвои миллатро ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва стратегии давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Дар оғоз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода суханронӣ намуда, ба аҳаммияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва стратегӣ таъкид кард. Номбурда нақши калидии соҳаи маориф ва илмро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, зарурати шарҳу тавзеҳи илмии нуктаҳои Паёмро махсус зикр намуд.

 

Дар идома, маърузаи муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Сарвиноз Маҷидзода дар мавзуи «Шарҳи самти иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Дар маъруза масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат, аз ҷумла тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии оила, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Сипас, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Наима Солизода дар мавзуи «Таҳлили ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ» маъруза ироа намуд. Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳимми ташаккул ва такмили қонунгузории миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун роҳнамои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат менамояд.

 

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ибрози андеша намуда, аҳаммияти омӯзиш ва татбиқи ҳамаҷонибаи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушди соҳаи маориф, таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ-ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.

 

Зикр гардид, ки хусусияти фарқкунандаи Паёми Пешвои миллат дар он аст, ки он бар пояи таҳлили амиқи илмӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва арзёбии ниёзҳои воқеии ҷомеа таҳия гардида, инсон ва рушди сармояи инсониро ҳамчун меҳвари сиёсати давлатӣ дар бар мегирад.

 

Дар фарҷом зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар самти тавсеаи донишҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ, таҳкими тафаккури стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомеа аҳаммияти хоса дорад.

  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ img
  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ img
  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУВАФФАҚИЯТИ ТАЪРИХИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКА – IMO Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 67-умин Олимпиадаи байналмилалии математика (International Mathematical Olympiad – IMO), ки аз 10 то 21 июли соли 2026 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштироки шоиста намуда, бо ба даст овардани натиҷаҳои арзанда обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.   Олимпиадаи байналмилалии математика яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои зеҳнии ҷаҳон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба шумор рафта, ҳамасола беҳтарин донишомӯзони зиёда аз 100 давлати ҷаҳонро ба ҳам меорад. Имсол дар олимпиада 117 даста ширкат варзида, иштирокчиён аз рӯи шаш масъалаи мураккаби математикӣ дар ду рӯзи озмун байни ҳам рақобат намуданд.   Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон иштирокчиён соҳиби 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ ва 1 Ифтихорнома (Honourable Mention) гардиданд. Натиҷаи беҳтарини даста ба Олимҷон Тухтаров тааллуқ дошта, ӯ соҳиби медали нуқра гардид ва дар раддабандии инфиродӣ мавқеи баландро ишғол намуд. Инчунин, Юсупов Меҳрубон ва Абдуллоев Хусрав бо нишон додани донишҳои фарохи математикӣ тавонистанд сазовори медалҳои биринҷии олимпиада гарданд. Ин натиҷа аз омодагии хуби хонандагони тоҷик, рушди ҳаракати олимпӣ ва баланд гардидани сатҳи таълими фанҳои дақиқ дар кишвар шаҳодат медиҳад.   Ин дастовард идомаи иштироки босамари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математика маҳсуб ёфта, аз самаранокии тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати дастгирии хонандагони болаёқат, рушди тафаккури мантиқӣ ва таҳкими омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дарак медиҳад.

    42

    20.07.2026
  •  img
    ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? «То 7-солагӣ бо кӯдак бозӣ намоед, аз 7 то 14-солагӣ ӯро омӯзонед ва аз 14 то 21-солагӣ дӯсташ бошед».   Ин андеша ба яке аз мавзуъҳои пурбаҳс табдил ёфтааст. Ҳазорон нафар онро мубодила мекунанд, баъзеҳо онро кашфиёти нави психологияи муосир меҳисобанд. Ҳатто чунин иддао низ садо медиҳад, ки гӯё психологҳои Донишгоҳи Ҳарвард танҳо дар солҳои охир ба хулосае расидаанд, ки ҳанӯз беш аз чордаҳ аср пеш маълум будааст.   Аммо саволи асосӣ ин аст: оё тарбияи кӯдакро метавон танҳо бо чунин қоида сода шарҳ дод? Оё рушди кӯдак воқеан, ба се марҳалаи ҳафтсола тақсим мешавад? Ва муҳимтар аз ҳама, омӯзгорон ва падару модарон аз ин назария чӣ метавонанд биомӯзанд?   Посух ба ин саволҳо таҳлили амиқи илмӣ, педагогӣ ва психологиро талаб мекунад. Илми муосир собит намудааст, ки рушди кӯдак раванди бисёрҷанба буда, ба омилҳои ирсӣ, муҳити оилавӣ, сифати таълим, муносибати омӯзгор, фарҳанги ҷомеа ва ҳатто вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар гуна қоида бояд бо эҳтиёт арзёбӣ карда шавад.   Бо вуҷуди ин, агар ба моҳияти андешаи «бозӣ – омӯзиш – дӯстӣ» назар андозем, мебинем, ки он бо бисёр назарияҳои маъруфи педагогика ва психология ҳамоҳангии ҷолиб дорад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ сабаб шудааст, ки ин андеша то имрӯз аҳаммияти худро гум накардааст.   Имрӯз, ки низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи муносибати босалоҳият, рушди тафаккури интиқодӣ, ташаккули малакаҳои ҳаётӣ ва тарбияи шахсияти созанда равона гардидааст, масъалаи дуруст дарк намудани хусусиятҳои синнусолии кӯдак беш аз ҳар вақти дигар аҳаммия­ти амалӣ касб мекунад. Омӯзгоре, ки хусусиятҳои психологӣ ва имконоти рушди ҳар давраи синнусолиро намедонад, ҳатто бо дониши баланди фаннӣ низ наметавонад ба натиҷаҳои устувори таълимию тарбиявӣ ноил гардад.   Ҳамзамон, то имрӯз ягон пажуҳиши расмии Донишгоҳи Ҳарвард мавҷуд нест, ки айнан ҳамин қоидаи «се марҳилаи ҳафтсола»-ро ҳамчун модели универсалии рушди кӯдак тасдиқ карда бошад. Вале ин маънои онро надорад, ки худи ғоя арзиш надорад.   Дар илми педагогика ва психология ақидае вуҷуд дорад, ки тарзи муносибат бо кӯдак бояд мутобиқи синну соли ӯ тағйир ёбад. Гарчанде қоидаи маъруфи «То 7-солагӣ бо кӯдак бозӣ намоед, аз 7 то 14-солагӣ ӯро омӯзонед ва аз 14 то 21-солагӣ дӯсташ бошед» ҳамчун қонуни илмӣ эътироф нашудааст, аммо муҳтавои он бо бисёр назарияҳои муосири рушди кӯдак ҳамоҳанг аст.   То 7-солагӣ кӯдак ҷаҳонро, пеш аз ҳама, тавассути бозӣ мешиносад. Бозӣ танҳо воситаи фароғат нест, балки роҳи ташаккули нутқ, тафаккур, эҷодкорӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии падару модар ва мураббӣ дар ин марҳала муҳайё сохтани муҳити солим, бехатар ва пурмуҳаббат аст.   Аз 7 то 14-солагӣ кӯдак ба омӯзиши ҳадафманд ва азхудкунии мунтазами дониш омода мегардад. Дар ин давра эҳсоси масъулият, интизом, меҳнатдӯстӣ ва малакаҳои омӯзишӣ ташаккул меёбанд. Нақши омӯзгор маҳз дар ҳамин марҳала бисёр муҳим аст. Ӯ бояд на танҳо дониш омӯзонад, балки шавқи омӯзиш, тафаккури мустақил ва эҳсоси масъулиятро низ дар хонанда парвариш намояд.   Аз 14-солагӣ боло наврас тадриҷан мустақилияти фикриро соҳиб мешавад. Дар ин синну сол муносибати фармондеҳона самаранокии худро аз даст медиҳад. Муколама, эҳтироми андешаи наврас ва эътимод ба ӯ бештар натиҷа медиҳанд. Ин маънои онро надорад, ки назорат пурра аз байн равад, балки усули тарбия бояд аз фармон додан ба роҳнамоӣ ва ҳамкорӣ гузарад.   Педагоги маъруф Василий Сухомлинский таъкид мекард, ки тарбия муносибати инсонии омӯзгор бо кӯдак аст. Ба ҳамин монанд, Абуалӣ ибни Сино низ муҳити солими ахлоқӣ ва намунаи шахсии калонсолонро омили муҳимми камолоти кӯдак медонист.   Қоидаи «бозӣ – омӯзиш – дӯстӣ» шояд қоидаи қатъии илмӣ набошад, аммо як ҳақиқати муҳимми педагогиро инъикос мекунад: тарбия бояд бо синну сол ва эҳтиёҷоти рушди кӯдак ҳамқадам бошад. Вақте ки падару модар ва омӯзгор хусусиятҳои ҳар марҳалаи рушдро ба назар мегиранд, барои ташаккули шахсияти донишманд, масъулиятшинос ва худогоҳ заминаи устувор фароҳам меояд.   Юнус ҲАСАНЗОДА, сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва психологияи таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

    39

    18.07.2026
  •  img
    Рушди муколамаи байни тамаддунҳо Дар ибтидои асри XXI инсоният бо маҷмуи таҳдидҳои нав, аз ҷумла, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои киберамниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Дар чунин шароит масъалаи таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб кардааст.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси принсипҳои эҳтироми соҳиб­их­тиёрии давлатҳо, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, ҳамкории судманд ва таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ба роҳ мондааст.   Бо ташаббуси Пешвои миллат Тоҷикистон муаллифи як қатор қатъномаҳои муҳимми Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҷумла, эълони Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи бай­налмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва амсоли инҳо нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият бахшиданд.   Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон танҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳдуд набуда, балки ба рушди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва ҳалли мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудааст.   25 июни соли 2026 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро қабул намуд.   Ин қатънома бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби шумораи зиёди давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфт. Ҳуҷҷат аҳаммияти рушди фарҳанги сулҳ, муколамаи байни тамаддунҳо, пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва иштироки фаъоли ҷавононро дар таъмини сулҳи пойдор таъкид менамояд.   Қатънома, инчунин, ҳамаи давлатҳо, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, му­ассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро ба ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалӣ даъват менамояд.   Қабули қатъномаи байналмилалӣ дар шароите сурат мегирад, ки шумораи низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон афзоиш ёфта, миллионҳо нафар маҷбур шудаанд, ки макони зисти худро тарк намоянд. Сатҳи нобоварии байни давлатҳо боло рафтааст.   Дар чунин вазъият ташаббуси Тоҷикистон метавонад ба густариши дипломатияи пешгирикунанда, рушди муколама байни тамаддунҳо, таҳкими эътимоди байни халқҳо, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар сулҳофарӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди таҳсилоти сулҳпарварона, пешгирии ифротгароӣ ва хушунат мусоидат намояд.   Ташаккули фарҳанги сулҳ бояд маҳз аз муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дар муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори рушди сулҳи пойдор мебошад.   Ин ташаббус бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз давлатҳои фаъол ва эътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.   Бой НОДИРОВ, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ

    46

    18.07.2026