30.05.2026
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, сатҳи донишандӯзии хонандагон, омодагии онҳо ба имтиҳонҳои давлатии хатм ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияи Данғара дидан намуд.
Зимни боздид вазири маориф ва илм аз синфхонаҳо, раванди дарсгузаронӣ, ҳуҷраҳои фаннӣ ва шароити таълиму тарбия дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати судманд анҷом дод.
Дар ҷараёни шиносоӣ вазир аз рафти дарсҳои хонандагони синфҳои 9 ва 11 ошно гардида, ба сатҳи омодагии онҳо ба имтиҳонҳои давлатии хатм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Вазир бо хонандагон суҳбати озод доир намуда, онҳоро ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба имтиҳонҳои давлатӣ, истифодаи самараноки вақт, такмили дониш ва баланд бардоштани малакаҳои амалӣ ҳидоят намуда, ҳамзамон аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.
Қайд гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар кишвар барои фароҳам овардани шароити муосири таҳсил, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, таъмин бо таҷҳизоти таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии хонандагон имкониятҳои васеъ муҳайё гардидаанд. Вазир таъкид намуд, ки хонандагон бояд аз чунин шароити мусоид самаранок истифода намуда, бо азми қавӣ ва масъулияти баланд ба донишандӯзӣ машғул шаванд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар рушди давлат саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот масъалаи иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба онҳо ҷиҳати боз ҳам фаъол гардидани иштирок дар чунин чорабиниҳо тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳа, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд.
Вазир зимни суҳбат бо хонандагон таъкид намуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, мутолиаи мунтазами китоб, иштирок дар озмунҳо ва худтакмилдиҳии пайваста метавонад заминаи муваффақияти онҳо дар оянда гардад. Ҳамчунин, ба хонандагон тавсия дода шуд, ки барои интихоби дурусти касб ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.
Дар идомаи боздид вазири маориф ва илм ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони муассисаҳо дастур дод, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими назорат аз болои иштироки хонандагон дар дарсҳо, омодасозии хонандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ ва озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълим диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Таъкид гардид, ки роҳбарону омӯзгорон бояд бо масъулияти баланд ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ, ташкили муҳити солими таълимӣ ва баланд бардоштани завқи донишомӯзиву китобхонӣ дар байни хонандагон тадбирҳои муассир андешанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон