08.05.2026

 img

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, иштироки хонандагон дар дарсҳо, сатҳи донишандӯзӣ ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.

 

Зимни шиносоӣ вазири маориф ва илм аз синфхонаҳо, раванди дарсгузаронӣ, ҳуҷраҳои фаннӣ ва шароити таълиму тарбия дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат анҷом дод.

 

Таъкид гардид, ки имрӯз соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд.

 

Вазир зимни суҳбат бо хонандагон онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳо, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» ҳидоят намуд. Зикр гардид, ки ин озмунҳо бо дастгирӣ ва сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, барои рушди ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифати илмӣ ва тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон мусоидат менамоянд.

 

Ҳамзамон, ба хонандагон тавсия дода шуд, ки аз имконияту шароити муҳайёгардида самаранок истифода намуда, дар дарсҳо фаъол бошанд, сару либоси тавсиявии мактабӣ ва низомномаи дохилии муассисаро риоя намоянд, ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, барои интихоби дурусти касб омодагии ҷиддӣ бинанд.

 

Инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон ба онҳо тавсия дода шуд, ки телевизионҳои давлатиро тамошо намуда, аз рӯйдодҳои муҳими кишвар ва ҷаҳон огоҳ бошанд.

 

Дар рафти боздид вазири маориф ва илм ба масъулини муассисаҳо ва омӯзгорон дастур дод, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими назорат аз болои иштироки хонандагон дар дарсҳо, омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълим диққати аввалиндараҷа диҳанд. Таъкид гардид, ки роҳбарону омӯзгорон бояд бо масъулияти бештар барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ, ташкили муҳити солими таълимӣ ва баланд бардоштани завқи китобхониву донишомӯзии хонандагон тадбирҳои муассир андешанд.

 

Бояд гуфт, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Хуҷанд 1320 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 62 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, 650 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар муассиса 46 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
  • ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ШУРОИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид шуд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифаҳои муҳим гузошта шудаанд. Аз ҷумла, татбиқи босамари барномаҳои давлатии рушди маориф, махсусан омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҳамчун заминаи рушди иқтисоди инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии омӯзгорон ва кадрҳои баландихтисос, густариши равандҳои рақамисозии таҳсилот ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии ихтисосҳо бо мақсади мутобиқсозӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, иҷрои онҳо барои рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ аҳамияти калидӣ дорад.   Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки сифати таълим бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардида, натиҷаҳои илмӣ ва инноватсионии донишгоҳҳо дар рушди иқтисоди миллӣ нақши бештар дошта бошанд.   Раиси Шурои ректорон, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода аҳаммияти масъалаҳои баррасишавандаро дар рушди низоми таҳсилоти олӣ таъкид кард.   Дар идомаи ҷаласа рафти иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди таҳлил қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Ш. Асомиддинзода доир ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳисобот пешниҳод намуда, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдоштаро шарҳ дод.   Ҳамзамон, масъалаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» ва натиҷагирӣ аз марҳилаи миёнамуҳлати солҳои 2021–2025 баррасӣ гардид. Доир ба ин масъала ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ М. Сафарзода таҳлили муфассал пешниҳод намуда, зарурати тақвияти корҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фанҳои дақиқро таъкид кард.   Дар қисмати дигари ҷаласа ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров М. Набизода дар мавзуи «Мониторинг ва арзёбии сифати таълим дар асоси татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф» баромад намуда, зарурати ҷорӣ намудани низоми ягонаи арзёбии сифати таҳсилотро таъкид кард.   Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани сифати таълим, таҳкими пойгоҳи илмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Ҷаласа дар фазои ҳамкории созанда ва масъулияти баланди касбӣ баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    17

    08.05.2026
  •  img
    СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДИИ ИҶОРАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН БАРГУЗОР ГАРДИД Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Рӯшон семинари омӯзишӣ оид ба татбиқи барномаи биллингии пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ баргузор гардид.   Дар семинар мудири шуъбаи маорифи ноҳия З. Ширинбекзода, намояндаи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Н. Сабзалиева, мушовири бахши китоб, директорон ва китобдорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.   Зимни семинар ба иштирокчиён тартиби истифодаи низоми электронӣ, роҳҳои дурусти бақайдгирӣ ва пардохти ғайринақдӣ шарҳ дода шуда, масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти таъмини китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

    36

    08.05.2026
  •  img
    ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН МУАЙЯН ГАРДИДАНД 8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузориии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.   Сипас, ғолибони олимпиада ба тариқи зайл эълон гардиданд: ҷойи 1-ум - 18 нафар; ҷойи 2-юм - 37 нафар; ҷрйи 3-юм - 60 нафар.   Ҳамчунин, 30 нафар бо "Ифтихорнома"-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд. Ғолибони даставӣ: ҷойи аввал – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; ҷойи дуюм – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ; ҷойи сеюм – Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҷойи ифтихорӣ – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.   Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур бо иштироки 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш - илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд. Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    20

    08.05.2026