05.06.2026
4 июни соли 2026 дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, роҳбарони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳайати ҳакамон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ғолибон Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо як шукӯҳи хос баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия баромад намуда, ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, табрик намуда, таъкид намуданд, ки боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногун ба илму маърифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии аҳли ҷомеа, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки рушди илм дар ҳама давру замон ба нафъи ҷомеа ва ҳар як давлату ҳукумат қарор дорад. Аз ин рӯ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва намояндагони касбу кори гуногун ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмуни мазкур ба роҳ монда шуд.
Дар идома, ғолибон ва омӯзгорон бо маблағҳои пулӣ ва диплом, аз ҷумла ғолибони ҷойҳои якум - 1000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм – 800 сомонӣ, ҷойҳои сеюм – 600 сомонӣ, омӯзгорон низ бо маблағҳои пулӣ 700 сомонӣ, 600 сомонӣ ва 500 сомонӣ мутаносибан барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ва бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Боиси зикр аст, санаҳои 21-23 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 1700 нафар довталаб баргузор гардид ва беҳтаринҳо бо назарсанҷии донишу малакаи иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян гардида, 156 нафар ғолиби даври ноҳиявии озмун ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.