05.07.2026
Дар ҷаҳони мураккаби имрӯз, ки инсоният бо ҷангу низоъҳо, таҳдидҳои амниятӣ, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои умумиҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мебошад, таҳкими сулҳ ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки заминаи асосии рушди устувор, таълиму тарбия, пешрафти илм, иқтисод ва зиндагии шоистаи ҳар як инсон мебошад.
Маҳз бо чунин диди ояндабинона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”-ро пешниҳод намуданд. Ин иқдоми муҳимми байналмилалӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи фаъол ва созанда дорад.
Тоҷикистон таҷрибаи нодири сулҳу ваҳдати миллиро аз сар гузаронидааст. Таҷрибаи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки бо иродаи сиёсӣ, гуфтугӯ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллӣ метавон ҳатто душвортарин мушкилотро ҳал кард. Имрӯз маҳз ҳамин таҷрибаи нодир ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз минбарҳои байналмилалӣ ба хотири таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои муҳим пешниҳод намояд.
Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда даъватест ба ҳамаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, то дар тарбияи насли оянда ба арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Зеро ояндаи башарият аз он вобаста аст, ки имрӯз мо чӣ гуна инсонро тарбия мекунем.
Дар ин раванд нақши соҳаи маориф беназир аст. Муассиса ҷойест, ки дар он дар баробари дониш, ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва фарҳанги шаҳрвандӣ низ ташаккул меёбад. Омӯзгор шахсест, ки метавонад дар қалби хонанда эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ, фарҳанги муколама ва муҳаббат ба Ватанро ҷой диҳад. Аз ҳамин хотир, таҳкими сулҳи пойдор пеш аз ҳама аз синфхона оғоз меёбад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ вазифаи низоми маориф боз ҳам муҳимтар мегардад. Имрӯз ҷавонон қисми зиёди иттилоотро аз фазои рақамӣ дарёфт мекунанд. Аз ин рӯ, рушди саводи рақамӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ, истифодаи оқилонаи технологияҳо ва муқовимат ба иттилооти бардурӯғ аз омилҳои муҳимми ҳифзи суботи ҷомеа мебошанд. Ҷомеаи рақамӣ танҳо дар сурате метавонад пешрафта бошад, ки бар пояи сулҳ, эътимод ва масъулият бунёд гардад.
Имрӯз инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба дониш, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад. Технология метавонад масофаҳоро кӯтоҳ намояд, аммо танҳо фарҳанги сулҳ метавонад дилҳоро ба ҳам наздик созад. Илм метавонад имкониятҳои нав офарад, вале танҳо сулҳ шароити истифодаи самараноки онҳоро таъмин мекунад.
Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯз ва барои даҳсолаҳои оянда аҳаммияти стратегӣ дорад. Он ҷомеаи ҷаҳониро ба масъулияти муштарак дар назди наслҳои оянда даъват намуда, бори дигар нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият мебахшад.
Хулоса, эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ба хотири насли оянда далели равшани нуфузу эътибори рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдоми таърихӣ муваффақияти дипломатияи Тоҷикистон, саҳми арзандаи миллати тоҷик дар роҳи таҳкими сулҳ, суботи пойдор ва бунёди ояндаи осоишта барои башарият аст.
Сулҳ арзишест, ки онро наметавон танҳо бо санадҳо ҳифз кард. Он дар оила тарбия меёбад, дар муассиса ташаккул пайдо мекунад, дар ҷомеа устувор мегардад ва бо ҳамдигарфаҳмӣ, маърифат ва масъулияти ҳар як инсон пойдор мемонад. Аз ин рӯ, рисолати ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сулҳро ҳамчун арзиши волои инсонӣ ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Ҷамшед САФАРЗОДА,
муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таҳлил,
иттилоот ва технологияҳои рақамии назди ВМИҶТ