07.09.2026

 img

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

 

Ҳамватанони азиз!

 

Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ қарор доранд.

 

Ин санаи таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат рамзи ифтихор аз давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси истиқлолу озодӣ ва масъулият дар назди имрӯзу ояндаи кишвар мебошад.

 

Зеро истиқлолу озодӣ барои мо бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии рушди давлатдории миллӣ мебошад.

 

Ба ифтихори ин ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони паради ҳарбиро самимона табрик мегӯям.

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт.

 

Хусусан, солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд.

 

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба давлати тоҷикон, ки нахустин қадамҳои мустақили худро мегузошт, зарари бузурги сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ расонид.

 

Дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд.

 

Мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд.

 

Дар амалӣ намудани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши барҷаста бозида, ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният ҷасорату фидокориҳои бесобиқа нишон доданд.

 

Таърихи 35 соли гузашта возеҳан нишон дод, ки миллати тоҷик аз давраҳои хеле қадим соҳиби тамаддун ва фарҳанги ғанӣ, тафаккури созанда, суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва арзишҳои сулҳпарваронаву инсондӯстона мебошад.

 

Дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ҳифзу таҳкими ин арзишҳо, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ, ҳимояи амнияти давлат, суботи ҷомеа, нигоҳ доштани фазои орому созандаи сиёсиву иҷтимоӣ барои давлат ва миллати тоҷик аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад.

 

Дар чунин шароит масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯз ба рӯз ва даҳчанд меафзояд.

 

Зеро онҳо яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва кафили амнияту суботи кишвар мебошанд ва Конститутсияи Тоҷикистон ҳимояи неъмати бузурги истиқлолу озодиро ба зиммаи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштаанд.

 

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи муназзаму муосир, қудратманд ва касбӣ табдил ёфтаанд.

 

Ҳоло хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди миллӣ, ҷавонмардона ва содиқона иҷро карда истодаанд.

 

Таъкид менамоям, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, дар иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ зоҳир мегардад.

 

Аз ин рӯ, риояи қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад.

 

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки хизмати ҳарбӣ танҳо иҷрои вазифаҳои касбӣ нест, балки нишонаи шараф, нангу номус ва иҷрои содиқонаи қарзи фарзандӣ дар назди сарзамини аҷдодӣ мебошад.

 

Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд дарк намояд, ки амнияти кишвар аз донишу малака, сатҳи баланди касбият, ҷасорату далерӣ ва зиракии ӯ вобастагии бевосита дорад.

 

Муҳтарам афсарону сарбозон!

 

Паради ҳарбии имрӯза рамзи интизому омодагии баланд ва садоқату вафодории фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон ба давлат, Ватан ва миллат мебошад.

 

Таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияту суботи давлат ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистонро чун сипари боэътимод ҳимоя карда, ба эҳтирому ифтихори шаҳрвандони мамлакат сазовор гардидаанд.

 

Бовар дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори мардуми Тоҷикистон минбаъд низ вазифаҳои худро содиқона, бо масъулияти баланд ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро хоҳанд кард.

 

Бори дигар тамоми мардуми шарафманди кишвар ва ҳамаи шумо – ҳомиёни далеру шуҷои Ватанро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

 

Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ руҳи матин ва иродаи қавӣ орзу менамоям.

 

Пояндаву ҷовидон бод истиқлоли давлатии Тоҷикистон!

 

Шараф ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол!

  • Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ img
  • Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ img
  • Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ img
  • Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ img
  • Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.   Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфтанд.   Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт. Хусусан, солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд.   Гуфта шуд, ки дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд.   Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ кардани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз нақши барҷастаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният махсус таъкид намуданд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир аз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисси масъулияти баландро тақозо намуданд.   Таъкид гардид, ки риояи қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва мардуми Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин паради ҳарбиро рамзи интизому омодагии баланд ва садоқату вафодории фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон ба давлат, Ватан ва мардуми кишвар маънидод намуданд.   “Таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияту суботи давлат ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистонро чун сипари боэътимод ҳимоя карда, ба эҳтирому ифтихори шаҳрвандони мамлакат сазовор гардидаанд”, - иброз доштанд Роҳбари давлат.   Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори мардуми Тоҷикистон минбаъд низ вазифаҳои худро содиқона, бо масъулияти баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро хоҳанд кард.   Баҳри иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, занону бонувони низомӣ, собиқадорони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо фарогирии беш аз 27 ҳазор нафар, бо рӯҳияи ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузорӣ ба давлату миллат дар майдони Истиқлоли пойтахт, саф ороста буданд.   Ҳайати шахсии иштирокдори ин гузашти тантанавори ҳарбӣ бо арзи эҳтиром ва тибқи қоидаҳои низомӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ пазироӣ намуданд.    Аз омодагии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар гарнизони Душанбе ва иштироки онҳо дар ин гузашти низомӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковник Собирзода Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.   Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати 35 - умин солгарди ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфтанд.    Гузашти низомӣ бо амри фармондеҳи Паради ҳарбӣ, сардори гарнизони Душанбе генерал - майор Шокирзода Ҳусейн оғоз гардид.   Дар оғози гузашти низомии ин Паради бузурги ҳарбӣ дар таърихи давлатдории мустақили миллӣ, парчамбардорони ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиа бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ба майдони Паради ҳарбӣ рамзи соҳибистиқлолии кишвари азизамон - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ворид намуданд.   Ёдовар мешавем, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ, ҳангоми қабул гардидани он ва бо эҳтироми хоса арҷ гузоштани Пешвои миллат ба ин муқаддасоти давлатӣ оғоз гардидааст. Он ифодагари таърихи пуршараф, имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқат ба Ватанро бедор менамояд.   Сипас, зери навои мусиқии тантанавии оркестри муттаҳидаи ҳарбӣ ва бо роҳбаладии парчамбардорон гузашти мутантани низомӣ оғоз ёфт.  Қадамҳои далеронаву ҷасуронаи афсарону сарбозон, маҳорати баланди сафороиву қадамзанӣ ва омодагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои иштирокдор дар майдони гузашти низомӣ аз сатҳи баланди омодагии касбӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.   Паради ҳарбӣ, ки бо тантанаву шукуҳи хоси ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир карда шуд, он таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату самимияти низомиёни мо ба марзу буми аҷдодӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шостаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.   Ин чорабинии пуршукуҳ бори дигар нишон дод, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти қудратӣ ба шумор меравад.   Дар чорабинии муҳимими сиёсии гузашти Паради ҳарбӣ роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.   Ташкил ва дар сатҳи баланди омодагии низомӣ доир намудани Паради ҳарбӣ ба шарафи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам собит месозад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси ҷомеа барои ҳимоя аз Ватан, ҳифзи суботу оромии кишвар, дастовардҳои Истиқлолият ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум дар ин сарзамини биҳиштманзар доимо омода мебошанд. Онҳо, савганди садоқату вафодории хешро ҳамеша ба халқу Ватан ва Пешвои миллат пос медоранд.

    9

    07.09.2026
  •  img
    Иштироки кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд дар роҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иштироки кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд дар роҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    14

    07.09.2026
  •  img
    РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Дар маркази ноҳияи Кӯшониён ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта ва идона баргузор гардид.   Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Кӯшониён, роҳбарону намояндагони мақомоти маҳаллӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.   Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан дар масири муайяншуда ҳаракат намуда, бо худ парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои тантанавӣ ва табрикотӣ доштанд. Чеҳраи шоду болидаи иштирокчиён ва фазои идона аз муҳаббату садоқати мардум ба Ватан ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дарак медод.   Дар ин роҳпаймоии идона кормандони соҳаи маориф низ иштироки фаъолона дошта, бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ арзиши бузурги Истиқлоли давлатиро таҷассум намуданд.   Иштироки васеи сокинон дар чунин чорабиниҳои идона аз он шаҳодат медиҳад, ки Истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон арзишҳои муқаддас ва дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ мебошанд.   Роҳпаймоӣ дар фазои тантанавӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар баргузор гардида, ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳи хос бахшид.   Ёдовар мешавем,ки давоми чанд рӯз аст,ки ба ифтихори 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат тантанаҳои истиқбол аз Истиқлол бо шукӯҳу шаҳомати хоса идома дорад.

    19

    07.09.2026