16.10.2025

 img

Нимаи дуюми 16 октябри соли 2025 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии муҳими касбӣ доир гардид, ки дар он табодули андеша байни намояндагони донишкадаҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти рақамикунонии низоми такмили ихтисоси омӯзгорон сурат гирифт. Дар оғоз, ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода доир ба дастовардҳо ва таҷрибаи мавҷуда дар самти рақамикунонии такмили ихтисос суханронӣ намуд. Сипас, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон, Токтамаметов Алмазбек, андешаҳои худро баён дошт. Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таҷрибаомӯзӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва ташкили чорабиниҳои муштарак дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд. Ин мулоқот қадами муҳиме дар самти рушди ҳамкории касбӣ ва тақвияти иқтидори рақамии соҳаи маориф маҳсуб меёбад.

  • Табодули таҷриба оид ба рақамикунонии такмили ихтисоси омӯзгорон img
  • Табодули таҷриба оид ба рақамикунонии такмили ихтисоси омӯзгорон img
  • Табодули таҷриба оид ба рақамикунонии такмили ихтисоси омӯзгорон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАХУСТИН ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ 17 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ нахустин ҷаласаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф баргузор гардид. Гурӯҳи мазкур бо ҳадафи ҳамоҳангсозии амалисозии лоиҳаи ТекЭд таъсис ёфта, масъулияти татбиқи самтҳои калидӣ ва назорати иҷрои тадбирҳоро ба уҳда дорад.   Ҷаласаро бо суханони ифтитоҳӣ Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илм ва Эри Двиведи, муовини роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон оғоз намуданд. Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ вобаста ба аҳаммияти гузариши босамар ба таҳсилоти рақамӣ ва зарурати ҳамкории байниидоравӣ дар ин раванд таъкид карда шуд.   Дар рафти ҷаласа гуфта шуд, ки таъсиси Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф ва оғози расмии кори он нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди рақамикунонии таҳсилот ба марҳилаи ҳамоҳангсозии сиёсӣ ва амалӣ гузаштааст. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф ҳамчун платформаи миллӣ метавонад ҳамаи ҷонибҳои дахлдор – ниҳодҳои давлатӣ, шарикони рушд, муассисаҳои таҳсилотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид намуда, нақшаи амалӣ ва мониторинги устувори раванди гузаришро таъмин намояд.   Дар рафти баргузории ҷаласа К. Муҳаммадраҷабзода, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ, лоиҳаро шарҳ дода, вазифа ва сохтори ГТЛРСМ-ро муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, коршиносон А. Атоев ва А. Шодибекзода самтҳои калидии лоиҳаро муфассал шарҳ доданд.   Дар интиҳо ҷаласаи нахустини Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф оғози марҳилаи муҳим ва нав дар амалӣ кардани лоиҳаи ТекЭд арзёбӣ гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    9

    17.10.2025
  •  img
    МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ "LEADERS OF CHANGE FOUNDATION” ВА МУДИРИ БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "LANE KIRKLAND" 16 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо Президенти "Leaders of Change Foundation" хонум Агата Вержбовска ва мудири Барномаи стипендияи байналмилалии "Lane Kirkland" хонум Уршула Собетскаи аз Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот муовини якуми вазир хонум Агата Вержбовска ва хонум Уршула Собетскаро хайрамақдам гуфта, аз номи ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм барои ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.   Зимни суханронӣ муовини якуми вазир таъкид дошт, ки ҳамкориҳои миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон сол аз сол рушд ёфта, дар самтҳои мубодилаи устодону донишҷӯён, ташкил ва иштирок дар конфронсу семинарҳои илмӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории самарабахш миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пависланскии Лаҳистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи кишоварзии Краков, инчунин, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Гданск зикр гардид.   Муовини якуми вазир иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Лаҳистон буда, барои ташкили вохӯриҳо, гуфтугӯҳо ва барномаҳои муштарак дар ҳама вақт изҳори омодагӣ менамояд.   Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф иброз дошта, изҳори умед карданд, ки ин дидор ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар самти таҳсилоти олӣ ва барномаҳои стипендиявӣ такони тоза мебахшад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    45

    16.10.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ 16 октябри соли 2025 дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии корӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии муштараки Тоҷикистону Русия баргузор гардид.   Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои соҳа, таъмин будани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон, инчунин, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Муовини вазири маориф ва илм дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки ҷаласаи имрӯза имкон медиҳад, то ҷонибҳо таҷриба ва амалияҳои беҳтаринро мубодила намуда, барои баланд бардоштани сифати маориф ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Россия қарорҳои мушаххас қабул намоянд. Муовини вазир зикр намуд, ки маориф пояи мустаҳками кишварҳо мебошад ва зарур аст, ки кӯшишҳои муштарак барои фароҳам овардани муҳити таълимии босифат ва мутобиқ ба талаботи замон тақвият дода шаванд.   Дар ҷаласа ҳисоботи Г.В.Викторович - директорони Мактаби давлатии буҷавии Русияву Тоҷикистон бо таҳсилоти умумии миёна бо омӯзиши амиқи баъзе фанҳо дар шаҳри Душанбе ба номи Ю.А. Гагарин ва Н.Лайло - мактаби назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов шунида шуд.   Дар анҷом, ҷаласаи мазкур ҳамчун як қадами муҳимми ҳамкории дуҷониба баҳри беҳтар намудани фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта арзёбӣ гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    31

    16.10.2025