09.10.2026

 img

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода дар рӯзи сеюми баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати ҳакамон суҳбати корӣ анҷом дод.

 

Зимни суҳбат ба масъалаҳои таъмини шаффофият, баҳогузории одилона ва холисонаи баромади довталабон, риояи қатъии талаботи низомнома ва роҳ надодан ба ҳар гуна ғаразнокӣ ҳангоми муайян намудани натиҷаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

 

Муовини вазир таъкид намуд, ки ҳар як довталаб бояд дар шароити баробар имкони намоиш додани дониш, маҳорати суханварӣ ва дониши адабии худро дошта бошад. Аз ин рӯ, масъулияти ҳакамон дар таъмини адолат, риояи меъёрҳои муқарраргардида ва эътимоди иштирокчиён ба натиҷаҳои озмун хеле муҳим мебошад.

 

Ҳадафи асосӣ аз андешидани чунин тадбирҳо таъмини баргузории озмун дар фазои шаффофу одилона, баланд бардоштани масъулияти ҳайати ҳакамон ва қадрдонии воқеии донишу маҳорати довталабон мебошад.

  • ТАЪКИДИ ШАФФОФИЯТ ВА РИОЯИ ТАЛАБОТИ НИЗОМНОМА ДАР БАРГУЗОРИИ ОЗМУН img
  • ТАЪКИДИ ШАФФОФИЯТ ВА РИОЯИ ТАЛАБОТИ НИЗОМНОМА ДАР БАРГУЗОРИИ ОЗМУН img
  • ТАЪКИДИ ШАФФОФИЯТ ВА РИОЯИ ТАЛАБОТИ НИЗОМНОМА ДАР БАРГУЗОРИИ ОЗМУН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    8

    14.10.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок хоҳанд кард.

    5

    14.10.2026
  •  img
    ҲАМОИШИ «БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!» ДАР ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов таҳти унвони «Ба Ватан содиқона хизмат мекунем!» ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳаҳои илму маориф, меҳнату варзиш ва хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гардид.   Ҳамоиши мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, қадршиносии хизматҳои шоистаи собиқадорон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватани азиз бахшида шуд.   Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомиддин Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Саломатшо Мирзозода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе генерал-майор Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Зоир Ҳабибзода, Қаҳрамони ҷаҳон Зебуннисо Рустамова, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ ва дастпарвари Донишкада Темур Раҳимов, инчунин чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон ва донишҷӯи Донишкада Муҳиддин Асадуллоев, ҳамзамон, устодону омӯзгорон, собиқадорони соҳаҳои илму маориф ва меҳнат, инчунин хатмкардагони донишкада, ки айни замон дар Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат мекунанд, дар ҳамоиш ҳузур доштанд.   Қабл аз оғози қисми расмӣ меҳмонон бо дастовардҳои таълимию варзишии донишкада, ки дар гӯшаҳои алоҳида ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардида, маҳорати донишҷӯёнро аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш тамошо карданд.   Дар оғози қисми тантанавӣ ректори донишкада А. Иброҳимзода меҳмононро аз номи раёсат, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён хайрамақдам гуфта, аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пайванди наслҳо муҳим арзёбӣ намуд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни суханронӣ аз номи роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба таҳкими робитаи илму маориф, варзиш ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ мусоидат менамояд.   Зикр гардид, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, мактабу маориф дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва ба камол расонидани ҷавонони ватандӯсту масъулиятшинос нақши калидӣ дорад. Бо дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.   Таъкид шуд, ки дар тарбияи шахсияти ватандӯст, соҳибмаърифат ва варзишгари қавиирода нақши муассисаҳои таълимӣ басо муҳим буда, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстонаи донишҷӯён низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Хатмкардагони ин муассисаи таълимӣ дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, бо дониш, малака ва маҳорати касбии худ дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд.   Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иштирокдорони ҳамоишро табрик намуда, дар бораи имкониятҳои фароҳамовардашуда барои ҷавонон, дастовардҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа сухан гуфт.   Зимнан, ба аҳаммияти таҷлили 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ишора карда шуд. Таъкид гардид, ки ин ташкилот дар даврони соҳибистиқлолӣ дар муттаҳидсозии ҷавонон, ташаккули мавқеи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созанда саҳми арзанда гузоштааст. Ҷавонони кишвар ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат бояд бо донишандӯзӣ, меҳнати софдилона, ташаббусҳои созанда ва хизмати содиқона ба Ватан дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.   Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе низ иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, дастовардҳои кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат арзёбӣ намуд.   Зикр гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, ҷавонон ва варзиш, дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, барои рушди неруи инсонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву фаъолият имкониятҳои нав муҳайё шудаанд. Дар ин раванд, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таҷрибаи насли калонсол ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.   Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки мулоқоти донишҷӯён бо собиқадорон ва хизматчиёни ҳарбӣ, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ ва машғулиятҳои омодагии ҷисмонӣ дар ташаккули ҷавонони солим, ҷасур, ватандӯст ва масъулиятшинос аҳаммияти муҳим доранд. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу вазифа, дар назди Ватан масъулияти муайян дошта, омӯзгор бо дониш ва тарбияи насли наврас, варзишгар бо дастовардҳои худ, собиқадор бо таҷрибаи зиндагӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм мегузоранд.   Дар фарҷоми ҳамоиш раёсати донишкада собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони ҳайати афсарону сарбозонро барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзандаашон дар соҳаҳои дахлдор бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.   Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти садоқат ба Ватан, эҳтиром ба хизматҳои собиқадорон, тарбияи насли ҷавон ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеаро таъкид намуд. Чорабинӣ ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи ҳадафҳои созандаи миллӣ, аз ҷумла омодагӣ ба таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатӣ, нигаронида шуда буд.

    2

    14.10.2026