27.02.2026

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ директори GIZ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Ветсел ва роҳбари лоиҳаи «Маҳорати касбии сабз барои Осиёи Марказӣ» (PROGRESS) Удо Фолкерс иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкориҳои чандинсоларо мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои рушди минбаъдаи шарикиро муайян намуданд. Муовини якуми вазир ҳамкории Вазорати маориф ва илмро бо GIZ самти муҳимми стратегӣ дар раванди ислоҳот ва навсозии низоми маориф, бахусус таҳсилоти касбӣ арзёбӣ карда, саҳми ин ташкилотро дар рушди сармояи инсонӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат баланд арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки яке аз намунаҳои барҷастаи ҳамкории судманд татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (РЕСА) мебошад, ки дар солҳои 2011-2025 амалӣ гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа стандартҳо ва барномаҳои нави таълимӣ таҳия ва ҷорӣ шуда, заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ такмил дода шуд, иқтидори омӯзгорон тақвият ёфт ва робитаи таълими назариявӣ бо амалия, аз ҷумла тавассути рушди таҳсилоти дуалӣ дар самти логистика, таҳким бахшида шуд. Ин иқдомҳо имконият фароҳам оварданд, ки хатмкунандагон рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи иқтисоди миллӣ омода гарданд.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳо ба муассисаҳои таълимӣ таҷҳизоти муосир ва техникаи компютерӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмоишгоҳи саноати хӯрокворӣ бо таҷҳизоти пешрафта таъсис ёфт, ки ба донишҷӯён шароити мусоид барои аз худ намудани малакаҳои амалӣ дар сатҳи муосир фароҳам меорад. Инчунин, Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, заминаи мусоид барои рақамикунонии соҳаи илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ фароҳам оварда шуд, ки барои рушди иқтидори илмии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар идомаи мулоқот масъалаи татбиқи лоиҳаи «Маҳорати касбии сабз барои Осиёи Марказӣ» (PROGRESS) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва дорои салоҳиятҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкорӣ дар ин самт ба ворид намудани унсурҳои иқтисоди «сабз» ба барномаҳои таълимӣ, ташаккули фарҳанги экологӣ дар миёни донишҷӯён ва таҳкими ҳамкорӣ бо корфармоёни бахши «сабз» равона гардидааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, аз ҷумла тавсеаи ташаббусҳои «сабз» дар дигар бахшҳои иқтисод ва рақамикунонии низоми таҳсилот, изҳор намуда, ба роҳбарияти GIZ барои дастгирии пайваста ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори таълимӣ изҳори сипос карданд.

 

  • ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО ҶАМЪИЯТИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛМОН (GIZ) img
  • ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО ҶАМЪИЯТИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛМОН (GIZ) img

Хабарҳои дигар

  •  img
    «ШОҲНОМАХОНӢ» - РОҲЕ БА СӮЙИ ХУДШИНОСӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ МИЛЛӢ 21 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» маросими кушодашавии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, намояндагони ҳайати комиссия ва дигар шахсони масъул аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин довталабони озмун иштирок намуданд. Дар оғоз муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, оид ба ҳадаф ва аҳамияти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» андешаронӣ кард. Зикр гардид, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ танҳо як асари бузурги адабӣ набуда, дар он таърихи пурифтихор, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ ва фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик инъикос ёфтааст. Аз ин рӯ, ташвиқи мутолиа ва аз бар намудани достонҳои «Шоҳнома» барои шинохти таъриху фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли наврас аҳамияти хос дорад. Таъкидшуд, ки ташкили чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ, омӯзиши таъриху адабиёт ва эҳёи арзишҳои маънавии миллӣ заминаи муносиб фароҳам меорад. Сипас, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон суханронӣ намуда, доир ба омодагии довталабон ва раванди баргузории даври вилоятии озмун маълумот пешниҳод кард. Қайд гардид, ки дар даври имсолаи озмун довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуда, баъди гузаштани марҳилаҳои якум ва дуюм ба даври вилоятӣ роҳ ёфтаанд. Дар ин раванд барои муайян намудани довталабони воқеан арзанда, ки дорои донишу малака, қобилияти қироат, дарки мазмун ва шинохти амиқи «Шоҳнома» мебошанд, корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Гуфташуд, ки ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди роҳандозии озмуни «Шоҳномахонӣ» дар ҷалби насли наврасу ҷавон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзиши мероси адабию таърихии миллат аҳамияти бузург дорад. Зеро ҳар қадаре ки «Шоҳнома» бештар хонда, омӯхта ва дарк карда шавад, ҳамон андоза дониши насли наврас дар бораи гузашта, арзишҳои миллӣ, чеҳраҳои таърихӣ ва сабақҳои маънавии ниёгон густариш меёбад. Сардори Раёсати маориф ҳамчунин ба масъалаи шаффофияти озмун ва интихоби одилонаи довталабон таваҷҷуҳ намуда, гуфт, ки ҳайати комиссия ҳангоми баҳогузорӣ талаботи низомномаи озмунро қатъиян риоя менамояд. Танҳо он довталабоне, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, сатҳи зарурии дониш, маҳорат ва омодагии худро нишон медиҳанд, ба давраҳои минбаъдаи озмун роҳхат хоҳанд гирифт. Дар идомаи маросим намояндагони ҳайати комиссия ва дигар шахсони масъул низ суханронӣ намуда, вобаста ба тартиби баргузории озмун, талабот, шартҳои иштирок ва бахшҳои он маълумоти зарурӣ пешниҳод карданд. Таъкид гардид, ки тамоми марҳилаҳои озмун дар асоси талаботи муқарраргардида ва бо риояи принсипи шаффофият баргузор шуда, ба натиҷаи ниҳоӣ танҳо донишу маҳорат ва сатҳи омодагии воқеии довталабон таъсир хоҳад расонд. Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» идомаи иқдомҳои муҳим дар самти арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллат буда, барои боз ҳам бештар ҷалб намудани хонандагону ҷавонон ба мутолиаи «Шоҳнома», таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

    18

    22.09.2026
  •  img
    ДАР ВМКБ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмун намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон, иштирокчиёни озмун, падару модарон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо ташаббус ва иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, он барои ҷалби бештари насли наврас ба мутолиаи осори гаронбаҳои адабиёт, тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.   Гуфта шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҳамчун як иқдоми беназир ба баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, тақвияти завқи китобхонӣ, рушди қобилияти суханварӣ ва азбар намудани осори адабии ниёгон мусоидат намуда, дар шинохти арзишҳои миллӣ ва фарҳангии хонандагон нақши муҳим дорад.   Зикр гардид, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ яке аз шоҳасарҳои бузурги адабиёт ва ганҷинаи арзишманди фарҳанги миллӣ буда, омӯзишу азбар намудани он барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли наврас аҳаммияти хосса дорад.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни даври вилоятии озмун маҳорати худро дар шоҳномахонӣ нишон дода, аз осори безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ порчаҳо қироат намуданд.

    14

    22.09.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР МИНТАҚАИ ҲИСОР Дар шаҳри Ҳисор даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» миёни ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ҳисору Роғуну Ваҳдат ва Турсунзода оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи озмун раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ намуд.   Раиси шаҳр зимни баромади худ таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, тақвияти завқи китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон, бахусус осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, аҳамияти муҳим дорад. Ӯ иштирокчиён, омӯзгорон ва масъулонро барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба чунин озмунҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ даъват намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбӣ орзу кард.   Дар идома таъкид гардид, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ яке аз ганҷинаҳои бузурги адабиёти форсу тоҷик ба шумор рафта, омӯзиш ва мутолиаи он дар тарбияи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад.   Дар даври сеюми озмун беҳтарин иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои зикршуда барои санҷиши донишу маҳорати худ иштирок намуда, аз ашъор ва достонҳои «Шоҳнома» қироат ва донишу маҳорати худро нишон медиҳанд ва аз имруз сар карда, то 24-уми сентябр дар шаҳри Ҳисор идома хоҳад ёфт.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар шаҳри Ҳисор бори дигар аз таваҷҷуҳи хос ба рушди маърифати ҷавонон, китобхонӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву адабии миллӣ шаҳодат медиҳад.

    19

    22.09.2026