10.04.2026
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода бо муовини директори Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ (ITEA) Бенҷамин Леонг баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ муовини якуми вазир меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии онҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки ин сафар ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои фаромиллӣ арзёбӣ мешавад.
Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар доираи стратегияҳои миллӣ ба рушди таҳсилоти босифат, мутобиқ ба талаботи иқтисодиёти муосир ва бозори меҳнат диққати махсус дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ислоҳоти низоми таҳсилот, рақамикунонӣ, тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.
Ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодоти Ассотсиатсияро ҳамчун заминаи мусоид барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, самтҳои муҳими ҳамкорӣ таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, навсозии барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат, тақвияти мубодилаи академӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, рушди иқтидори институтсионалӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, инчунин дастгирии раванди рақамикунонии соҳаи маориф арзёбӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии хатмкунандагон, воридшавии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот ва рушди иқтидори инсонӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зарурати муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, интихоби лоиҳаҳои пилотӣ, таҳияи харитаи роҳ бо нишондиҳандаҳои мушаххаси натиҷа ва ҷалби шарикони байналмилалӣ ва манбаъҳои маблағгузориро муҳим арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳо бояд хусусияти амалӣ дошта, ба натиҷаҳои мушаххас дар шакли барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак оварда расонанд.
Дар фарҷоми мулоқот Вазорати маориф ва илм омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дастгирии ташаббусҳои муштарак ва иштирок дар таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак изҳор намуд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза метавонанд заминаи устувор барои оғози ҳамкориҳои дарозмуддат ва самаранок гардида, ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва илм мусоидат хоҳанд кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон