ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ ОМӮЗГОРОН ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

13.01.2025

- Хуб медонем, ки масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо аз муҳимтарин вазифаҳои донишкада маҳсуб меёбад. Сол то сол таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ба ин паҳ­луи фаъолияти омӯзгорон бештар гардидааст. Чанд сухан перомуни донишкада ва филиалҳои он мегуфтед.

 

- Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф аз қисмҳои муҳимтарини низоми таҳсилот ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ин бахши таҳсилот дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва роҳандозӣ намудани усулҳои нави таълим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

 

Ба ин маънӣ, Донишкадаи ҷумҳуривии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ягона муассисае мебошад, ки вазифаи асосии он такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Донишкада ва филиалҳои он дар тӯли фаъолияти худ дар самти такмили маҳорати касбии кормандони соҳа корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Ҳамасола 20 фоизи кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар донишкада ва филиалҳо 561 курс баргузор гардид, ки дар он 12 934 нафар омӯзгору корманди соҳа фаро гирифта шуданд. Мусаллам аст, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардидан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар раванди таълим ва ба ин васила, самараноку муассир гардондани сифати таълим муҳим мебошад. Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ташаккул ва такмили ихтисоси омӯзгорон нақши бориз дошта, дар шаклҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Яке аз шаклҳои он омӯзиши омехта мебошад, ки дар донишкада роҳандозӣ гардид. Он модели омӯзишест, ки дар он шаклҳои омӯзиши аудиторӣ (семинар, машварат, лексия), омӯзиши фосилавӣ (тариқи воситаҳои технологияҳои иттилоотиву комму­никатсионӣ), иҷрои корҳои амалӣ ва роҳбаладӣ ба мақсади тақвияти маҳорати касбии омӯзгорон ба таври ҳамгиро доир карда мешавад.

 

Дар нимсолаи якуми соли 2024 ҷиҳати амалӣ намудани рақамикунонии соҳаи маориф 22%-и курсҳои такмили ихтисос дар шакли омехта баргузор карда шуд.

 

– Маълум мегардад, ки фаъолияти донишкада тадриҷан рушду инкишоф меёбад. Ба ин маънӣ, Дурнамо (стратегия)-и рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 қабул гардид ва дар ин ҳуҷҷати муҳим ҷиҳати вусъати фаъолият кадом афзалиятҳо ба инобат гирифта шудаанд ва чӣ бартариҳо доранд?

 

– Вазъи имрӯзаи соҳаи маорифи кишвар тақозои онро дорад, ки дар самти такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ карда шавад. Бо ҳамин мақсад, аз ҷониби кормандони донишкада Дурнамо (стратегия)-и рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 таҳия ва тасдиқ гардид. Дар доираи стратегияи мазкур афзалиятҳо ба самтҳои зерин дода шудааст:

- дастрасии кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- таъмин намудани сатҳи сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

- идоракунии низоми курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорони донишкада.

 

Дар самти дастрасии кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва таъмин намудани сатҳу сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ корҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар донишкада бо дарназардошти талаботи имрӯзаи соҳа ба ғайр аз шакли ягонаи амалкунандаи такмили ихтисос (анъанавӣ - классикӣ) шаклҳои дигари такмили ихтисос, аз ҷумла, фосилавӣ, омехта, дуалӣ, худомузӣ ва мавзуӣ роҳандозӣ карда шавад.

 

Таъмини сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз таҷдиди барномаҳои муосири таълимии курсҳои такмили ихтисос вобастагии амиқ дорад. Тибқи стратегияи мазкур то соли 2030 шумораи барномаҳои таълимии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир аз 64 адад ба зиёда аз 700 адад расонида шавад. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо имкони дастрасии баробари кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва таъмини сатҳи сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро таъмин менамояд.

 

Масъалаи дигар, ки раёсати донишкада дар аввалият қарор додааст, рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» (СИРКО) коркард гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар платформа маводи таълимӣ, нақшаву барномаҳо, маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои омӯзгорони навовару эҷодкор гузошта мешавад. Айни замон зиёда аз 24 ҳазор нафар омӯзгор дар платформа ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи дурнамои рушд (стратегия) то соли 2030 таъсиси якчанд платформа дар самти ба роҳ мондани пешбурди таълим аз рӯйи омӯзиши омехта, фосилавӣ ва худомӯзӣ дар назар дошта шудааст.

 

– Чунон ки дар боло ишора намудед, дар асоси стратегия зарурате ба миён меояд, ки барномаҳои нави таълимӣ коркард гардида, ба баланд шудани сатҳи таълими курсҳои омӯзишӣ мусоидат намоянд. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шудааст?

 

– Имрӯзҳо дар донишкада аз рӯйи 64 барномаи таълимӣ курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Бо дарназардошти ворид намудани ислоҳот дар ин самт бояд барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисос ба чунин категорияҳо ҷудо карда шаванд:

- омӯзгорони собиқаи кории то 5-сола дошта;

- омӯзгорони собиқаи кории то 10-сола дошта;

- омӯзгорони собиқаи кории то 15-сола дошта;

- омӯзгорони собиқаи кории аз 15-сола зиёд дошта;

- омӯзгорони дорои таҳсилоти олии касбии тахассусӣ;

-омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тахассусӣ;

-омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- омӯзгорони дорои таҳсилоти ғайритахассусӣ (ғайрипедагогӣ).

 

Тибқи нақшаи миёнамуҳлати амали стратегия то соли 2030 барои 64 барномаи таълимии курсҳо аз рӯйи ҳашт категория барномаҳои таълимии курсҳо таҳия карда мешаванд. Дар назар дошта шудааст, ки номгӯйи барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос низ зиёд карда мешаванд.

 

Дар самти мазмуни барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ислоҳот давом дорад. То соли 2026 тамоми 64 барномаи таълимӣ бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ва талаботи имрӯзаи соҳа таҷдиди назар карда мешавад. Дар ин самт гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи донишкада таъсис дода шудааст. Барномаи намунавии таълимии курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ гардид. Дар асоси он то моҳи сентябр 6 барномаи таълимӣ таҳия гардида, то охири сол ба таври пилотӣ-озмоишӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

 

– Мусаллам аст, ки бо густариши фаъолият ва баланд гардидани сатҳи таълим равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад. Ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳо ва табодули таҷриба то кадом андоза ба такмили курсҳои омӯзишӣ такони ҷиддӣ мебахшанд?

 

– Донишкада бо як қатор кишварҳои хориҷӣ ва шарикони рушд роҷеъ ба самтҳои гуногуни корӣ шартнома ба тасвиб расонид. Ҳуҷҷатҳои имзошуда, асосан, самтҳои табодули таҷрибаи педагогӣ, коркарди барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, чопи маводи таълимӣ, гузаштани таҷрибаомӯзии кормандони муассисаҳои ҷонибҳо, доир намудани семинару омӯзишҳои илмӣ-педагогӣ ва омода намудани тренерони ҷавобгӯ ба сатҳи байналмилалиро дар бар мегирад.

 

Моҳи марти соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази маҳорати педагогии Ташкилоти худмухтори таълимии «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Дар доираи ҳамкориҳо моҳи май бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада барои омода намудани 50 нафар тренери сатҳи байналмилалӣ курси омӯзишии 12-рӯза баргузор гардид. Курси мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби намояндагони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шуда, 7 июни соли 2024 бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Омӯзгорони донишкада ва филиалҳои он ҳамчун тренер соҳиби сертификати сатҳи байналмилалӣ гардиданд.

 

Инчунин, дар доираи санади мазкур аз 29 июл то 23 августи соли ҷорӣ 50 нафар тренери донишкада дар ҳамкорӣ бо тренерон аз Маркази маҳорати педагогии «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев»-и Ҷумҳурии Қазоқистон 1206 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе аз семинари омӯзишии 10-рӯза оид ба «Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон» (PISA) дар се сатҳ (саводнокии табиӣ, математикӣ ва хондан) гузаронида мешаванд ва соҳиби сертификатҳои сатҳи байналмилалӣ мегарданд.

 

Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо бо лоиҳаи «Даря» бо мақсади баланд бардоштани мақоми донишкада ба 60 нафар омӯзгори ҷавони шаҳри Душанбе (аз 4 ноҳия), ки донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ мебошанд, семинар ва курсҳои баланд бардоштани маҳорати касбӣ, аз ҷумла, оид ба PISA ва Lesson stady ташкил карда мешавад. Онҳо дар татбиқи лоиҳаҳо ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

 

Шоистаи таъкид аст, ки дар донишкада маҷаллаи «Омӯзгор ва замон» таъсис дода шуд, ки бо нашр гардидани он ҳамчун роҳнамо дар хидмати омӯзгорон қарор гирифта, шакли электрониаш дар сомона ва платформа ҷойгир карда мешавад.

 

– Дар баробари пешрафт баъзе мушкилот низ вуҷуд доранд, ки дар ин миён метавон аз ҷониби масъулини бархе аз шаҳру ноҳияҳо таъмин накардани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисосро ёдовар шуд. Барои ба таври фарогир ҷалб намудани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бартараф намудани мушкили мазкур чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

 

– Донишкада ҳамасола бо мақсади иҷрои нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ба сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсусро барои соли 2024 дастрас мегардонад. Ҷиҳати таъмини шунавандагон ба курсҳо ба унвонии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол гардида, рӯйхати иштирокчиён то оғози курсҳо тартиб дода мешавад. Новобаста аз ин, баъзе шаҳру ноҳияҳо омӯзгоронро ба курсҳо тибқи нақша таъмин намекунанд.

 

Бояд қайд намуд, ки вазифаи донишкада ва филиалҳои он баргузории курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ буда, таъмин намудани иштироки омӯзгорону кормандони соҳа ба курсҳои такмили ихтисос тибқи сархати 13, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вазифаи мақомоти маҳаллии идоракунии маориф мебошад.

 

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷиҳати аз курсҳои 5-сола ба 3-сола гузаштани омӯзгорон ва корман­дони соҳаи маориф тағйирот ворид карда шуд.

 

– Масъалаи дигаре, ки ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ иртиботманд аст, фарогирии омӯзгороне, ки таҷрибаманд ҳастанд, вале аз рӯйи равияи омӯзгорӣ мактабҳои олиро хатм накардаанд. Инчунин, ҳастанд нафароне, ки мувофиқ ба ихтисоси худ таълим намедиҳанд. Оё донишкада барномаи мушаххасро ҷиҳати ҳалли ин масъала дорад? Яъне, омӯзгороне, ки ҳам методу услуби ҷолиби тадрис ва ҳам таҷрибаи кофӣ доранд, дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб гардида, бо гирифтани сертификат ва ё ҳуҷҷати дигари махсус ҳамчун омӯзгори ихтисосманд пазируфта мешаванд?

 

- Маълум аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии кишвар фаъолияти теъдоди муайяни омӯзгорони ғайриихтисос ба назар мерасад. Бо мақсади аз байн бурдани ин мушкилот зарурати ҷорӣ намудани бозомӯзии омӯзгорони соҳа ба миён омадааст. Донишкада ҷиҳати бозомӯзии кормандони соҳаи маориф лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаи диплом барои хатмкунандагони курсҳои бозомӯзии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро таҳия намуда, онро барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳо пешниҳод намуд ва айни ҳол дар коркард қарор дорад. Пас аз баррасӣ нақша ва барномаҳои таълимии бозомӯзӣ бо дарназардошти талаботи имрӯза таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. Амалӣ гардидани бозомӯзи имкон медиҳад, ки он омӯзгорон ва кормандоне, ки солҳои тӯлонӣ ғайри ихтисос фаъолият мекунанд, аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ, яъне, «Диплом» мегарданд. Мусаллам аст, ки дар ҷумҳурӣ теъдоди онҳо зиёд буда, таҷрибаи зиёди корӣ доранд ва мутахассиси соҳа мебошанд. Аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштани онҳо мушкилоти норасоии кадрӣ ва ғайриихтисос дарс додани омӯзгоронро аз байн мебарад.

 

– Ташаккур барои суҳбат.

 

– Саломат бошед.

 

Мусоҳиб Эҳсон САФАРЗОДА,

«Омӯзгор»

  • ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ ОМӮЗГОРОН ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ПАЁМ - РОҲНАМОВУ РОҲКУШОИ АҲЛИ ИЛМУ МАОРИФ Имрӯз, 14-уми январи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои марбут ба соҳаи маориф, ки дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, таҳти унвони «Паём - роҳнамову роҳкушои аҳли илму маориф» конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гардид.   Дар конференсия муовинони вазири маориф ва илм, раиси кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар командони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Конференсияро муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр карданд, ки «Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд». Ин таъкидҳо моро водор месозанд, ки Паёми имсоларо ҳадафи аслии сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳарчи бештар чораҳои дахлдор андешем.   Сипас, маърузаҳои раиси кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Насиба Содиқӣ ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Изатулло Маҳмудов дар мавзуи «Паём-омили муҳимми соҳаҳои калидии ҷомеа» шунида шуд.   Иброз гардид, ки нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд. Сарвари давлат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил доранд ва моро месазад, ки бо кору фаъолияти худ ва бо нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори эътимоди Роҳбари давлат гардем.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    72

    14.01.2025
  •  img
    МУТАХАССИС, БАКАЛАВРИАТ, МАГИСТРАТУРА: УМУМИЯТ, ФАРҚИЯТ, БАРТАРИЯТ Муқаддима Дар ҷомеа баҳсҳои зиёде атрофи доштани дипломи мутахассис, бакалавр ва магистратура вуҷуд доранд ва ин ҳолат бисёриҳоро ба сӯйи тафоҳум мувоҷеҳ сохтааст.   Аз ин рӯ, зарур донистем, ба таври мушаххас ва дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зинаҳои таҳсили бакалавр, мутахассис ва магистратураро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор бидиҳем, зеро тасаввуроти ғалат вуҷуд дорад, ки гӯё бо дипломи бакалавр ба кор қабул кардан намехоҳанд, ҳол он ки ин тавр нест. Малака, қобилият ва тафаккури пешрафта барои корфармо аз ҳама муҳим ба ҳисоб меравад. На ҳама дарк мекунанд, ки бакалавр аз мутахассис чӣ фарқ дорад. Бояд қайд кард, ки бакалавр зинаи асосии таҳсилоти олӣ аст ва сатҳи навбатии он магистратура мебошад. Чунин низоми дузинагии таҳсилот дар соли 1999 дар ҷараёни татбиқи Болония тасдиқ карда шуд, ки ҳадафи он ташкили фазои ягонаи таълимӣ дар Аврупо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин низоми таҳсил аз соли 2007 инҷониб амал мекунад. Бакалавр ба монанди мутахассис маълумоти олии мукаммал аст.   Бакалавр – таҳсилоти олии нопурра? Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ тақсимот ба таҳсилоти олии пурра ва нопурра ва ибораҳое, ба монанди «таҳсилоти нопурра ва пурра» вуҷуд надоранд. Ҳам дараҷаи бакалавр ва ҳам мутахассис сатҳи таҳсилоти олӣ мебошанд ва маълумоти пурра медиҳанд. Таҳсилоти низоми панҷсола дар замони Шуравӣ пайдо шудааст. Аз ин рӯ, бо рушду пешрафти ҷомеа дар баробари мутахассис низоми дусатҳаи таҳсил ба миён омад. Ин низом имкон медиҳад, ки дипломи шаҳрванд дар арсаи ҷаҳонӣ бемамониат эътироф гардад ва ҳангоми таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ мушкилоте ба вуҷуд наояд.   Маълумоти нопурра таҳсилоте дониста мешавад, ки диплом гирифта нашудааст. Масалан, агар донишҷӯ аз аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ нагузаштааст, бо сабабҳои шахсӣ ё бо сабаби нокомӣ аз донишгоҳ аз таҳсил хориҷ карда шудааст ва ё ҳоло ҳам меомӯзад, пас маълумоти ӯ нопурра дониста мешавад. Бояд ба мафҳуми таҳсил эътибор дода шавад, зеро масъалаи дипломи нопурра ё таҳсилоти нопурра дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ зикр нашудааст. Бинобар ин, мехоҳем, нахуст мафҳумҳои «бакалавр», «мутахассис» ва «магистратура»-ро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ шарҳу тавзеҳ бахшем. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр шудааст, ки «бакалавр - шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст. Магистратура - дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дипломи намунаи давлатиро медиҳад». Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» қайд шудааст, ки бакалавр - дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд.   Магистр - дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ, ки баъди супоридани имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад. Магистр асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ мебарад ва аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоти ӯ мувофиқанд, кор мекунад.   Мутахассис - шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбиро со­ҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ қобилият дорад.   Маълум мегардад, ки дар ягон мафҳуми зикршуда калимаи «пурра» ё «нопурра» зикр нашудааст, баръакс, ҳамчун таҳсилоти олии касбӣ маънидод гардидааст ва дипломи таҳсилот аз рӯйи мутахассис ва бакалавр як мебошад. Яъне, таҳсилот дар зинаи бакалавр баробар ба таҳсилот дар зинаи мутахассис дониста шудааст. Ин нуктаро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаҳои бакалавриат, магистратура ва мутахассис» (аз 30 декабри соли 2007) тасдиқ мекунад: «Дипломи намунаи давлатии дараҷаи «бакалавр» ба дипломи намунаи давлатии дараҷаи «мутахассис» баробарарзиш дониста шавад».   Дар ин замина, барои тақвияти андеша ба шарҳи ин ду мафҳум мепардозем, ки ҳам дар «Низомномаи мутахассис» ва ҳам дар «Низомономаи бакалавриат» омадааст.   Дар «Низомномаи мутахассис» зикр гардидааст, ки мутахассис - шахсест, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи ихтисоси худ донишу малака ва маҳорати касбӣ дошта, инчунин, дорои қобилияти навиштани кори илмӣ мебошад.   Дар «Низомномаи бакалавриат» қайд шудааст, ки бакалавриат зинаи аввали (заминавии) таҳсилоти олии касбӣ буда, бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони баландихтисос таъсис дода мешавад.   Бакалавриат таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стан­дартҳои ҷаҳонии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити мусоид муҳайё месозад ва баробарарзишии онҳоро таъмин менамояд.   Паҳлуи дигари баробарарзишии ҳуҷҷатҳо ҳангоми қабул ба кор дар асоси низомнома ба ҳисоб меравад. Масалан, дар «Низомномаи мутахассис» зикр шудааст: «Ҳангоми ба кор қабул намудани мутахассис ба ӯ ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки мутобиқи талаботи давлатӣ ба тахассуси «мутахассис» пешбинӣ гардидааст». Ҳамин нукта низ дар «Низомномаи бакалавриат» қайд шудааст: «Ҳангоми ба кор қабул намудани бакалавр ба ӯ ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки мутобиқи талаботи таснифоти давлатии равияҳо ва ихти­сосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тахассуси «мутахассис» пешбинӣ гардидааст».   Аз ин рӯ, маълум мегардад, ки дар асоси санадҳои мавҷуда дипломи бакалавр баробарарзиш бо дипломи мутахассис мебошад ва ҳамчун зинаи асосии пурраи олӣ маънидод мешавад. Бинобар ин, он диплом дар зинаи бакалавр дода мешавад, ки моҳиятан бо дипломи мутахассис баробар аст ва овозаҳое, ки атрофи дипломи ин зинаи таҳсилот вуҷуд дорад, беасос буда, дипломи бакалавр ҳамчун таҳсилоти пурраи илмӣ ҳисобида мешавад.   Чаро бояд дар магистратура таҳсил кард? Мусаллам аст, на ҳамаи онҳое, ки зинаи бакалаврро хатм мекунанд, имкони таҳсил дар зинаи магистратураро доранд. Аввалан, магистратура ҳамчун зинаи илмӣ маҳсуб меёбад ва на ҳама мехоҳанд, ки дар оянда ба самти илм раванд. Дуюм, тибқи талабот ва низомнома танҳо 20 фоизи хатм­кунандагон, ки зинаи бакалаврро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонидаанд, имкони таҳсил дар зинаи магистратураро пайдо мекунанд. Дар зимн, дар омӯзишу таҳсил дар зинаи магистратура асоси фаъолияти магистрант ҷанбаи илмӣ пайдо мекунад. Бинобар ин, бояд магистрант ба корҳои илмӣ амиқан машғул гардад ва дар давоми таҳсил дипломи магистрии хешро омода кунад.   Дар «Низомномаи магистратура», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №650 тасдиқ шудааст, қайд гардидааст, ки: «Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад».   Дар зимн, қайд шудааст: «Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд».   Фаъолияти магистрант ду ҷанбаро фаро мегирад: якум, таълимӣ ва дуюм, таҳқиқотӣ. Дар ин зина барои соҳаи илм мутахассисон омода карда мешаванд ва бояд самти таҳқиқиву пажуҳишии онҳо ба эътибор гирифта шавад ва ин нукта дар «Низомномаи магистратура» зикр шадааст: «Шахсоне, ки магистратураро бо баҳои аъло хатм мекунанд, дар асоси қарори комиссияи давлатии аттестатсионӣ ба аспирантура ва барои ба даст овардани дараҷаи илмии доктори илм (DPhD) ба муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ тавсия карда мешаванд».   Бинобар ин, бояд ба зинаи магис­тратура диққати махсус дода шавад, онҳое ба ин зина қабул гарданд, ки бевосита ба соҳаи илм машғул мегарданд, дар ин замина донишу ҷаҳонбинии пешрафта дошта бошанд ва дар оянда ҳамчун мутахассиси сатҳи баланд дар самти илму истеҳсолот ба камол расанд.   Хулоса Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии таҳсил ворид гардидааст ва ҳар навгоние, ки дар соҳаи маорифи ҷаҳон ба вуҷуд меояд, тадриҷан дар кишвар амалӣ мегардад. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, маорифи кишвар ҳамқадами замон гардад, аз ҷониби дигар, мутахассисоне, ки дар кишвар омода карда мешаванд, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷа­вобгӯ бошанд. Низоми Болония имрӯз дар тамоми ҷаҳон амал мекунад ва мутахассисоне, ки дар ин зинаи таҳсилот тайёр карда мешаванд, дар бозори ҷаҳонӣ харидор пайдо мекунанд. Ҳамчунин, ҳангоми кор ва идомаи таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ пешорӯйи онҳо мушкилӣ ба вуҷуд нахоҳад омад. Дар ин ҷода, мебояд танҳо ба омӯзиши фарогир машғул гардид, мутахассиси варзидаи соҳаи худ шуд ва мавқеи хешро дар ҷомеа ба таври шоиста пайдо намуд.   Зинаи магистратура, аслан, барои онҳое пешбинӣ гардидааст, ки дар оянда мехоҳанд дар самти илм ба ковишу таҳқиқоти бунёдӣ машғул гарданд ва дар самти муайяни илмию истеҳсолӣ корҳои муфиди илмиро анҷом бидиҳанд. Мутаассифона, баъзан иддае талош мекунанд, ки ба зинаи магистратура дохил гарданд, ҳол он ки ба пажуҳиш шавқу рағбат ва маҳорату малакаи кофӣ надоранд. Онҳо бо андешаи он ки гӯё маълумоти онҳо «пурра» мегардад, ба ин зина дохил мешаванд. Бинобар ин, бояд дар хотир дошт, ки дипломи бакалавр маълумоти олии пурра буда, соҳиби он ҳамчун мутахассис эътироф мегардад ва таҳсил дар магистратура имкон медиҳад, ки шахс дар оянда ба пажу­ҳишҳои илмӣ машғул гардад.   Насриддин ОХУНЗОДА, «Омӯзгор»

    77

    14.01.2025
  •  img
    РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 14 январи соли 2025 дар филиали Муассисаи давлатии "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф" дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар мавзуи "Рақамикунонии соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Пешвои миллат" бо иштироки меҳмонони даъватӣ аз Донишкадаи  ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, роҳбарияти Филиал, мудирони шуъбаву кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос конференсияи илмӣ-назарявӣ доир гардид.   Сараввал бо садо додани Суруди миллӣ  директори филиали Донишкада дар шаҳри Душанбе, Мутриба Аҳмадӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида,  зикр намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи мушаххаси корбарӣ барои ҳар як фарди фаъоли ҷомеаи маданӣ, муассисаҳову идораҳои давлатӣ, махсусан, аҳли маорифи кишвар ироа гардидааст, моро водор менамояд, то ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва ҷамъиятӣ масъулияти баланди маданӣ эҳсос намуда, барои татбиқи амалии нишондодҳои он саҳми назаррас гузорем. Чунки Паём роҳнамои асосии зиндагӣ ва воситаи муҳайёкунандаи зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.   Сипас дотсенти кафедраи методикаи таълими фан дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ, Мавлоназаров Силмон дар мавзуи "Масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикситон", омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Холназаров Имомназар дар мавзуи"Таҳлили Паёми Пешвои миллат дар соҳаи маориф ва илм" ва муовини директор оид  ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-методӣ, Умедҷони Файзалӣ дар мавзуи"Рақамикунонии низоми такмили ихтисос дар партави Паёми Пешвои миллат" баромад намуданд. Ва зикр намуданд, ки дар Паём масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳамчун чароғи фурӯзон ва роҳнамову пешбарандаи ҷомеа нишон дода шудааст.    Дар анҷом бо садо додани Суруди миллӣ конфренсия кори худро ба анҷом расонид.  

    24

    14.01.2025