04.09.2024
4-уми сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ, бахшу сохторҳои зертобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф чорабинии тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва супоридани мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ баргузор гардид.
Сараввал, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба ифтихори фарорасии соли нави таҳсил ва ҳамзамон ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, иброз дошт, ки 33 сол муқаддам миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба ин дастоварди бузург ноил гардид.
Гуфта шуд, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон чун муҳимтарин дастоварди таърихии давраи истиқлолият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби нодири омӯзиш табдил ёфтааст. Дар ин росто сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи ин неъмати бебаҳо беназир аст.
Дар идома Дилрабо Мансурӣ кулли кормандони соҳаи маорифро ба ин ҷашни бузургу сарнавиштсоз табрик намуда, ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кишвари мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Фаромӯш набояд кард, ки ин неъмати бузург барои халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд, ки давлати навини Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Вале бар хилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст ва баъзе доираҳои манфиатдор дар як муддати кӯтоҳ қувваҳои солими ҷомеаи мо бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори якпорчагӣ ва парчами мардонагиву нангу номус ба ҳам омада, якдилона роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.
Сипас, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Шарипов вобаста ба таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ маъруза намуд.
Дар охир дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ба кормандони соҳаи маориф ва илм мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорида шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон