19.03.2025

 img

Имрӯз, 19 марти соли 2025, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, омӯзгорону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва меҳмонони беруна иштирок намуданд.

 

Чорабиниро ректори Донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуда, қайд намуданд, ки ҷaшни Нaврӯз,  дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бa шaрофaти Истиқлоли дaвлaтӣ вa сиёсaти фaрҳaнгпaрвaронaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо тaмоми ғaновaту рaнгорaнгии он эҳё гaрдид, ҳоло бa ҷaшни милливу дaвлaтии мо – тоҷикон вa рaмзи худшиносиву ифтихори миллӣ, вaҳдaту ҳaмдилии мaрдум вa пaйвaнди нaслҳо тaбдил ёфтaaст.

 

Сипас чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини Наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид.

  • ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН img
  • ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН img
  • ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

    0

    08.10.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    18

    08.10.2026
  •  img
    ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АСОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА 7 октябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ - асоси ҳувияти миллӣ ва омили рушди маънавию фарҳангии ҷомеа» баргузор гардид.   Дар конференсия вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муҳаққиқону мутахассисони соҳаи забон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илм оғоз гардид.   Вазир зимни суханронӣ таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ ва сарвати маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳифзу рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Арҷ гузоштан ба забони модарӣ арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи он мебошад.   Ҳамчунин, таъкид гардид, ки баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду равнақ ва эҳёи забони тоҷикӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» низ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.   Дар идомаи конференсия Р. Зулфониён, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи «Бознигарии сатҳи забондониву забономӯзии донишандӯзон дар зинаҳои таҳсилот» маъруза намуд. Дар баромади ӯ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва забономӯзии донишандӯзон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Ҳамчунин, Ш. Юсупов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар мавзуи «Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол» маъруза пешниҳод намуд.   Зимни музокира миёни иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи покии забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.   Дар фарҷоми конференсия вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки кормандони соҳаи маориф ва илм дар самти омӯзишу ҳифзи забони тоҷикӣ масъулияти муҳим дошта, бояд барои баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагону донишҷӯён ва риояи меъёрҳои забони адабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Дар баробари донистани забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ барои ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    18

    07.10.2026