03.10.2025
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии идона бахшида ба "Рӯзи омӯзгор" ва "Рӯзи забони давлатӣ" бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Қодирзода Руслан Раҷаб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифова Нигина, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, намояндагони вазорату идораҳо, фаъолони касбу кори гуногун, собиқадорони соҳаи маориф, масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия ва омӯзгорони фаъол ширкат варзиданд.
Нахуст, раиси ноҳия аҳли толорро ба санаҳои муҳими таърихӣ яъне "Рӯзи омӯзгор" ва "Рӯзи забони давлатӣ" шодбош гуфта, ба ҳозирин ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тарбияи дурусти насли наврас изҳори сипосу минатдорӣ баён намуда изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.
Зикр гардид, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи пойтахт ва ба ҳаёту фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, вобаста ба дастовардҳои назаррас дар таълиму тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар озмунҳои касбӣ ва дигар чорабиниҳои маданию тарбиявӣ қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии омӯзгорон иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин замина, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ пайваста қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм - фурӯғи маърифат”, озмунҳои соҳавии “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол”, омӯзгорону мураббиёне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб омаданд ва собиқадорони дигар кормандони соҳаи маориф, ба беҳтар гардидани шароиту имконияти онҳо мусоидат намуда, барои баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар пойтахт заминаи мусоидеро фароҳам меорад.
Дар идома, ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия, собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони ифтихории "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон", Сипосномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои КИ Ҳизби халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Иттифоқи касаба, шуъбаи маориф ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идома чорабинии фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.
ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ
ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ