11.07.2025

 img

Бо ҳамин мақсад имрӯз (11.07.2025) дар партави дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таълиму тарбияи насли наврасро аз ҷумлаи самтҳои калидии сиёсати давлатӣ қарор додаанд, ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан аз раванди таълиму фароғат ва истироҳати хонандагон-фарзандони омӯзгорону кормандони донишгоҳ-дар Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди муассиса дар ноҳияи Муъминобод дидан намуданд.

 

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати кишвар дар доираи ин ҳадаф бо роҳандозии лагерҳои тобистона барои кӯдакон муҳити солиму созанда ва шароити мусоиди таълиму тарбияро фароҳам меорад.

 

Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол» низ намунаи равшани татбиқи ин сиёсати хирадмандона мебошад. Ин пойгоҳи таълиму фароғатӣ, ки бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ташкил гардидааст, имсол дар се баст 150 нафар кӯдак - фарзандони кормандону устодони донишгоҳро ба фароғат фаро мегирад. Дар ин лагер барномаи фарогири рушди шахсият, аз ҷумла маҳфилҳои адабӣ, бозиҳои варзишӣ, омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ ва дарсҳои тарбиявӣ роҳандозӣ шудаанд.

 

Бо таъмини шароити муносиб ва муҳити муҳаббатомез, кӯдакон на танҳо фароғат мекунанд, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ рушд меёбанд. Ин иқдом ҳар сол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо дарки масъулияти баланд ва арҷгузорӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат амалӣ мегардад.

 

Дар қисмати баъдӣ, барномаи рангоранги фарҳангии омоданамудаи тарбиятгирандагони лагер бо дарбаргирии суруду таронаҳои ватандӯстона, шеърхонӣ ва суханрониҳои тарбиявӣ, ки бозгӯи ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ин барнома бо самимият ва муҳаббати беолоиши кӯдакона фазои идонаеро ба вуҷуд оварда, мавриди истиқболи гарми меҳмонон ва кормандон қарор гирифт.

  • ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС-РИСОЛАТИ МУҚАДДАС img
  • ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС-РИСОЛАТИ МУҚАДДАС img
  • ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС-РИСОЛАТИ МУҚАДДАС img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ва ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфарро мавриди истифода қарор доданд.   Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд гардидааст.   Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, дорои имкониятҳои хуби таълиму тарбия мебошад.   Синфхонаи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мувофиқ ба завқи кӯдакон бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.   Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи хуб дониста шуд ва сокинони шаҳри Панҷакент самимияту миннатдории хоси худро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ташкили фазои мусоиди таълим баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

    30

    11.07.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд.   Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.   Масоҳати умумии маҷмаа 8 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон аз як ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он китобхонаи замонавӣ бо 5 ҳазор адабиёти ҷаҳонии муосир, классик ва бачагона, коргоҳи пойафзолбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол, кошонаи ҳусн, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои кории мактаби варзишии ноҳия, хонаи бахт, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст.   Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани онро барои таъмини инфрасохтор дар бахшҳои алоҳида неку муассир арзёбӣ намуданд.   Қобил ба зикр аст, ки бинои маҷмааи Боғистон бо тарҳ ва усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба яке аз маконҳои хуби сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.   Саҳн ва атрофи бино сабзкорӣ шуда, барои истироҳати сокинон суҳбаткадаву айвонҳои муосир бунёд гардидааст.   Коргоҳи истеҳсоли пойафзол, дар асоси барномаи рушди саноатикунонии кишвар рӯи даст гирифта шуда, тамоми таҷҳизоти насбгардида, истеҳсоли насли нав мебошад ва неруи барқро сарфа мекунад.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии коргоҳ 20 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, бо назардошти зиёд гардидани талабот ҳаҷми истеҳсол афзоиш ва теъдоди коргарон низ ба маротиб зиёд карда мешавад.   Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз китобхонаи маҷмаа дидан карда, бо шароити кории он шинос шуданд.   Дар китобхонаи электронии ин махзани илм 2 ҳазор адабиёт маҳфуз буда, барои дӯсторони каломи бадеъ имконияти мусоид муҳайё шудааст.   Гӯшаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” қисмҳои алоҳидаи китобхонаро ташкил медиҳад, ки бо адабиёти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.   Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар Маҷмаа Муассисаи давлатии Мактаби варзишии ноҳиявӣ бо назардошти толору дигар инфрасохтори зарурӣ фаъолият менамояд.     Ҳамчунин, толори варзишӣ барои бозиҳои тенниси рӯи миз, гуштин, вазнбардорӣ ва бозиҳои шашкаву шоҳмот пешбинӣ шудааст. Ҷавонону варзишгарон барои ин иқдоми Роҳбарияти олии кишвар изҳори сипос намуданд.   Хонаи ақди нигоҳ ва кошонаи ҳусн аз имкониятҳои алоҳидаи маҷмаа аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.   Тарабхонаи миллии маҷмаа дорои 150 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабинҳои гуногун мувофиқ мебошад. Тарҳ ва намои тарабхона сирф миллӣ буда, бо санъати баланди меъмории муосир ҳаккокӣ шудааст.   Дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 80 нафар ятимон ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.   Мавриди зикр аст, ки чун аънана Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.   Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, маҷмӯи сару либос ва кумаки молиявӣ тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.   Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст туҳфаҳои арзишманд  гирифтанд. Кудакон аз он изҳори хушҳолӣ мекунанд, ки ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосир ҳидоят намуданд.   Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад.

    19

    11.07.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 11 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷараёни татбиқи Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) дар нимсолаи якуми соли 2025 ҷаласа баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир, сардорони шуъбаву раёсатҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа Абдулло Асрорзода ва ҳамоҳангсоз, мушовир оид ба мониторинг ва арзёбӣ Ҳамида Ашурова доир ба натиҷаву дастовардҳои лоиҳа дар нимсолаи якуми соли 2025, ҳамзамон мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар раванди татбиқи фаъолиятҳои банақшагирифташуда ҳисоботи муфассал пешниҳод карданд.   Дар идомаи ҷаласа Харитаи татбиқи қисмати дуюми лоиҳа, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифату самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ тавассути таҳияи стандартҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълимии хонандагон мебошад, мавриди муҳокима қарор гирифт.   Муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки татбиқи босамари ин лоиҳа заминаи муҳим барои таҳкими системаи таҳсилоти фарогир ва рушди муҳити босифати омӯзиш мебошад. Ӯ ба роҳбарияти лоиҳа ва сохторҳои дахлдори вазорат ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, сари вақт аз худ намудани маблағҳои пешбинишуда ва татбиқи самараноки ҳамаи фаъолиятҳои дар нақша буда, супоришҳои мушаххас дод.   Лоиҳаи мазкур яке аз калонтарин лоиҳаҳои амалкунандаи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, татбиқи он ба беҳтар гардидани муҳити таълим, таҳкими низоми таҳсилоти фарогир дар асоси салоҳият ва баланд бардоштани натиҷаҳои омӯзиши хонандагон равона гардидааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    8

    11.07.2025