17.03.2026
Таҳти ин унвон имрӯз, 17 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳозирин ва меҳмононро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик намуда, барои ҳамагон сулҳу осоиш, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав орзу кард. Таъкид шуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва ҳамбастагии мардумон дорои арзишҳои баланди маънавӣ буда, дар фарҳанги миллати тоҷик ҷойгоҳи хос дорад.
Гуфта шуд, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба сифати ҷашни миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад.
Дар идома, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ С. Қосимӣ дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз дар дарозаи таърих» маъруза намуда, таърихи ташаккул ва рушди ин ҷашни бостониро аз давраҳои қадим то замони муосир таҳлил кард. Ӯ таъкид намуд, ки Наврӯз дар тӯли асрҳо ҳамчун унсури муҳимми фарҳанги миллӣ ва омили муттаҳидсозандаи мардум нақши муҳим бозидааст. Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назарияи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода М. Раҳимова дар мавзуи «Тасвири баҳор ва Наврӯз дар ашъори шоирони классик» баромад намуд. Қайд гардид, ки дар эҷодиёти шоирони классик Наврӯз ҳамчун рамзи зебоӣ, эҳё, покӣ ва оғози зиндагии нав васеъ инъикос ёфтааст.
Зикр шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи бедории замин ва оғози фасли созандагиву умед аз қаъри асрҳо то ба имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ҳифз гардида, таҷассумгари арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардумон мебошад.
Дар қисмати ҷамъбастӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ мусоидат менамояд.
Конференсия бо таманниёти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии минбаъдаи кишвар ба кори худ хотима бахшид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон