13.08.2026

 img

Аз 10 то 12 августи соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ барои омӯзгорон тренингҳои омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Тренингҳо дар доираи лоиҳаи «Ҳамкорӣ ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳо барои наврасон тавассути омӯзиши малакаҳои сабз ва масъулияти экологӣ тавассути экоклубҳо, малакаҳои шуғли корӣ, инчунин мусоидат ба омӯзиши зеҳни сунъӣ барои таълим» ташкил шуда, ба масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии наврасон оид ба тағйирёбии иқлим бахшида шуданд.

 

Дар чорабинии омӯзишӣ омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат ва ноҳияи Рашт иштирок намуданд.

 

Зимни машғулиятҳо иштирокчиён доир ба имкониятҳои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, роҳҳои татбиқи онҳо дар раванди таълиму тарбия, инчунин масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ташаккули масъулияти экологӣ миёни наврасон маълумоту таҷрибаи муфид ба даст оварданд.

  • ТРЕНИНГҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН ДАР МАВЗУИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ img
  • ТРЕНИНГҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН ДАР МАВЗУИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ img
  • ТРЕНИНГҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН ДАР МАВЗУИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ЧОРАБИНИИ ИДОНАИ МАҲФИЛИ "ҶАВОНОНИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАҲСИЛДОШТА" БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН ВА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 12 августи соли 2026 дар толори IT Park-и шаҳри Душанбе чорабинии идонаи маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар чорабинӣ ҷавонони тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.   Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода иштирок ва суханронӣ намуд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҷавонони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ҳамчун неруи созанда ва дорои иқтидори баланди зеҳнӣ дар рушди илму маориф, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои кишвар нақши муҳим дошта метавонанд. Аз ин рӯ, таҳкими робитаи онҳо бо Ватан, мубодилаи дониш ва таҷрибаи пешқадам ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи иқтидори онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.   Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҷавонони соҳибистеъдод бояд дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар роҳи рушди устувор, пешрафти илму технология ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол самаранок истифода намоянд.   Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ҳамчун майдони муҳим барои таҳкими робита, табодули таҷриба ва ҳамгироии ҷавонони тоҷик, инчунин ҷалби онҳо ба равандҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию инноватсионии кишвар арзёбӣ мегардад.

    17

    13.08.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН Имрӯз, 12 августи соли 2026 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, намояндагони мақомоти давлатӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм, роҳбарону кормандони муассисаҳои соҳавӣ, меъморону муҳандисон, сохтмончиён, лоиҳакашон, соҳибкорон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.   Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас филми мустанади «Маорифпарвар» ва наворҳои оморӣ вобаста ба раванди бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ манзури иштирокчиён гардонида шуданд.   Зимни суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон табрик гуфта, таъкид намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон марҳилаи таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва вусъати бесобиқаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободонӣ дар мамлакат ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам оварда шудаанд.   Гуфта шуд, ки соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор дошта, дар баробари такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва сифати таълиму тарбия, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ низ ба яке аз самтҳои муҳим табдил ёфтааст.   Зикр гардид, ки мактаб танҳо бино ё маҷмуи синфхонаҳо набуда, пеш аз ҳама муҳити ташаккули инсон, ҷаҳонбинӣ, қобилияту истеъдод ва заминаи омода намудани насли ояндаи давлат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як муассисаи таълимии навбунёд ҳамчун сармоягузории мустақим ба ояндаи миллат ва рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ мегардад.   Тавре дар чорабинӣ иттилоъ дода шуд, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 ҳазору 135 бинои муассисаҳои таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 888 ҳазору 531 ҷойи нишаст дар як баст ва 1 миллиону 770 ҳазору 62 ҷойи нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шудаанд.   Аз ин шумора 1 ҳазору 941 иншоот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 621 иншоот аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва 1 ҳазору 573 иншоот бо саҳми соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва тавассути ҳашар бунёд гардидаанд.   Таъкид карда шуд, ки ин нишондиҳандаҳо танҳо рақамҳои оморӣ нестанд, зеро дар паси ҳар як муассисаи таълимии навбунёд имконияти таҳсили садҳо кӯдак, шароити беҳтари фаъолияти омӯзгорон ва таҳкими заминаи моддию техникии низоми маориф қарор дорад. Аз ҳамин нуқтаи назар, сохтмони муассисаи таълимӣ на танҳо бунёди як бино, балки бунёди заминаи ояндаи миллат мебошад.   Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои мутобиқ намудани муассисаҳои таълимии нав ба талаботи замони муосир, аз ҷумла, устувории сейсмикӣ, бехатарӣ, дастрасӣ, фарогирӣ, самаранокии энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу барқ, беҳтар намудани шароити санитариву беҳдоштӣ, кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Ҳамзамон, ба масъалаи ташаккули консепсияи «Мактабҳои сабз» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки мактаби сабз бояд на танҳо ҳамчун бинои замонавӣ, балки ҳамчун муҳити мукаммали таълимӣ хизмат намояд, ки дар он истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва об, технологияҳои каммасраф, кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон бо раванди таълиму тарбия пайваст карда шавад.   Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Умарзода суханронӣ намуда, оид ба нақши кормандони соҳаи сохтмон дар татбиқи сиёсати созандагии давлат, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва махсусан муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи меъморию техникӣ ибрози назар намуд.   Дар доираи чорабинӣ маросими қадрдонии як қатор роҳбарон, намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони соҳаи сохтмон, соҳибкорон, масъулони Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм, гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо ва пудратчиёне, ки дар бунёд, азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ саҳми арзанда гузоштаанд, баргузор гардид.   Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони кишвар бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона баромад намуда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардониданд.   Дар анҷоми чорабинӣ ба меъморону муҳандисон, сохтмончиёну бунёдкорон, соҳибкорон ва ҳамаи шахсоне, ки дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф саҳм мегузоранд, барои меҳнати содиқона изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки бо идомаи сиёсати созандаву маорифпарваронаи Пешвои миллат раванди бунёдкорӣ дар кишвар минбаъд низ вусъат хоҳад ёфт.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    18

    12.08.2026
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 7 мактаби миёна, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, биноҳои меҳмонхона ва маҷмааи солимгардонӣ, шуъбачаи милитсия, Қасри ҳоким ва 4 корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор 11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.   Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 барои 672 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи нави таълимӣ дорои 17 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон мебошад.   Ҳамзамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Дар деҳаи Руҷони деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 барои 384 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимӣ аз 8 синфхона, кабинетҳои таълимӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин мебошад.   Дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Ҳисор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 барои 434 хонанда дар ду баст кушода шуд. Бинои муассиса бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, аз 9 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.   Дар деҳаи Баракати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 барои 768 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он барои омӯзиши як қатор фанҳои муҳим, аз ҷумла биология, математика, технологияи иттилоотӣ ва забони англисӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.   Дар идомаи тадбирҳо дар деҳаи Турдиқишлоқи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 576 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст.   Ҳамзамон дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 бо имкони дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани то 576 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ ва як ҳуҷраи корӣ мебошад.   Дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Ҳисор Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури истиқлол барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он таълиму тарбияи кӯдакон бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.   Ҳамчунин, дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Хадича барои 140 кӯдак ифтитоҳ гардид. Бино аз 8 ҳуҷраи барҳавои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.   Дар доираи тадбирҳо дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара дар масоҳати 5 ҳазору 500 метри мураббаъ ҷойгир буда, имкониятҳои истироҳатӣ, солимгардонӣ ва варзиширо дар як маҷмаа муттаҳид менамояд.   Дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ бинои нави шуъбачаи милитсияи деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ифтитоҳ ёфт. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шаҳодати идомаи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба рушди инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.   Инчунин дар ҳамин рӯз дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Қасри Ҳоким ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон хизмат хоҳад кард.   Дар сохтмон ва ороиши он унсурҳои хоси меъмории таърихӣ ба назар гирифта шуда, ҳамзамон барои истифодаи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Дар деҳаи Деҳи Нави деҳоти Мирзо Ризо Корхонаи коркарди оҳан ва пластикаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ҳоҷӣ Шариф ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 1 ҳазору 200 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки дар бозори дохилӣ талабот ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин гардида, вобастагӣ аз воридоти баъзе намудҳои маҳсулот коҳиш дода шавад.   Дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод корхонаи зотпарварии парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АРК АГРО мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳудуди корхона 9 коргоҳи истеҳсолӣ ва биноҳои ёрирасон бо масоҳати умумии беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир мебошанд.   Дар ҳудуди деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли масолеҳи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Барх мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур дар масоҳати 3 ҳазору 897 метри мураббаъ сохта шудааст.   Дар ин ҷо намудҳои гуногуни часпак барои кошин, санги мармар, сафол, гранити керамикӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки дар маҷмуъ 60 номгӯйи маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол гардад.   Дар деҳаи Боғистони деҳоти Сомон корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Босфор Тиҷорат ифтитоҳ ёфт. Дар раванди сохтмони иншоот беш аз 50 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст.   Корхона дорои се хатти истеҳсолӣ буда, имкони истеҳсоли 14 номгӯй маҳсулотро дорад. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 80 килограмм донаи офтобпараст, 50 килограмм картошкаи хушк ва 50 килограмм ҷуворимаккаро ташкил медиҳад.   Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5136 хонанда дар ду баст, 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 640 кӯдак, 8 корхонаи саноатӣ, 4 иншооти сайёҳӣ, 3 иншооти хизматрасонӣ, дар умум бо таъсиси қариб 700 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Хамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 58 км роҳ мумфарш карда шуд.   Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Ҳисор бояд 1809 иншоот сохта мешуд.  То имрӯз 1848 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 102,2% нақшаро ташкил медиҳад.   Баъди бунёди иншоот 1034 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

    62

    11.08.2026