14.10.2025

14 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовинони вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ва Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози вохӯрӣ, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода бо ибрози пазироии самимӣ, ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳониро ба вазорат хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки ин мулоқот барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Таъкид шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 1993 то инҷониб ҳамчун яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим, хусусан дар бахшҳои маориф ва илм, саҳми назаррас дорад. Дар давоми ҳамкорӣ, Бонки Ҷаҳонӣ ба зиёда аз 120 лоиҳа маблағгузорӣ намудааст.
Дар навбати худ, намояндаи ҳайати гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ миннатдории худро барои пазироии гарму самимӣ изҳор намуда, таъкид дошт, ки ҳамкории мунтазам миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ заминаи устувори рушду тавсеаи соҳаи маориф ва илм хоҳад гашт.
Гуфта шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ омода аст, минбаъд низ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳим ва дастгирии ташаббусҳои нави вазорат саҳми фаъол гузошта, дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дастрасии васеи хонандагон ва донишҷӯён ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монад.
Бо ишора ба саҳми арзандаи Бонки Ҷаҳонӣ дар рушди соҳаи маориф, қайд гардид, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳаи бузург аз ҷониби ин созмон амалӣ гардида истодааст, ки ҳадафи асосии онҳо беҳтарсозии сифати таълим, рушди инфрасохтори таълимӣ ва баланд бардоштани дастрасии хонандагон ба таҳсилоти босифат мебошад.
Дар идома, муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музафарзода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, тадбирҳои судмандро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, бахусус, дар самтҳои илмҳои дақиқ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM), татбиқ намуда, тавассути сохтмони муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз ва таҳкими иқтидори омӯзгорӣ, барои ташаккули сармояи инсонӣ заминаи устувор фароҳам оварда истодааст.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва мутақобилан судманд сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими равобити дуҷониба таъкид намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон