30.12.2024

 img

30-уми декабри соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо як зумра донишҷӯёну хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ғолиб гардиданд, инчунин ҷавонони фаъоли гурӯҳи "Авангард" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.

 

Зикр гардид, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар, бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон баргузор мегардад.

 

Дар идома зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди пайвастаи илму маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир намуда, дар баромадҳои худ иброз медоранд, ки барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ Ҳукумати кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

 

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ як гурӯҳ донишҷӯёну хонандагони лаёқатманд дар вақти таътили тирамоҳӣ аз 31-уми октябр то 5-уми ноябри соли равон барои истироҳату фароғат ба «Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон»-и ноҳияи Ховалинг сафарбар гардида, дар таътили зимистонаи хонандагон, яъне моҳи январи соли 2025 сафарбарии як гурӯҳ донишҷӯёну хонандагони лаёқатманд ба нақша гирифта шудааст.

 

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон зимни суҳбат бо донишҷӯёну хонандагони лаёқатманд онҳоро барои омӯхтани илму дониш, таъриху фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, мутолиаи асарҳои безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров, «Восеъ»-и С.Улуғзода ва тақвият додани нерӯи ақлонию зеҳнӣ ҳидоят намуд.

 

Зикр гардид, ки дар меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон ҳамаи шароитҳо барои илмомӯзию истироҳат муҳайё буда, ҷавононро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва сайқал додани илму дониши худ пайваста саъю талош намоянд. Дар вақти таътил ба чорабиниҳои варзишӣ - фарҳангӣ ва шоҳмотбозӣ машғул гардида, нерӯи зеҳнии худро тақвият бахшанд, зеро рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон, ташаккулдиҳандаи тафаккур ва маърифати онҳо арзёбӣ мегардад.

 

Изҳори итминон карда шуд, ки ҷавонони лаёқатманд рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МОДАРОН САФОБАХШИ ЗИНДАГИЯНД Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи модар  Модарони азиз! Муҳтарам бонувони соҳаи маориф! Ба муносибати фарорасии Рӯзи модар, ки яке аз ҷашнҳои фархунда ва пурифтихори кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, сарбаландӣ ва хушбахтии ҳамешагӣ орзу менамоям. Дар диёри маҳбуби мо Рӯзи модар ҳамасола ҳамзамон бо оғози зеботарин фасли сол — баҳори нозанину ҷаҳоноро таҷлил мегардад. Ин ҳамбастагӣ рамзи амиқи маънавӣ дорад, зеро модар низ, мисли баҳор, рамзи ҳаёт, ҳусну тароват, зебоӣ ва эҳёи зиндагист. Модар сарчашмаи офариниш, манбаи меҳру муҳаббат ва намунаи садоқату вафодорист. Ӯ посбону нигоҳдорандаи ҳаёти инсон буда, ба зиндагӣ нуру сафо мебахшад. Шодиву хуррамии рӯзгори ҳар яки мо самари меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва заҳмати шабонарӯзии модарон аст. Модарон тамоми умр бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд: аз ба дунё овардану тарбияи фарзандон то танзиму пешбурди рӯзгор. Онҳо моро ба роҳи неку покизагӣ, ба ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтирому қадрдонии модар ва гиромидошти мақоми ӯ аз волотарин фазилатҳои инсонӣ ва қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди бовафо ба шумор меравад. Бузургони хирад низ ба ин нуқтаи муҳим таъкид намудаанд: Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф Гарде аз роҳи модарон бошад. Боиси ифтихор аст, ки бонувони тоҷик дар баробари покдоманиву хирадмандӣ, инчунин, бо ҷасорат, матонат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фарқ мекунанд. Онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ дар паҳлуи мардон қарор гирифта, барои ҳифзи Ватан, адолат ва ҳувияти миллӣ талош менамоянд. Ин хислатҳои олии занони тоҷик дар осори безаволи адабӣ, махсусан дар шоҳасари ҷовидонаи Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ба таври равшан ва пурҷило тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ин асари гаронмоя ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гардид. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои занону модарони тоҷик имкониятҳои нав ва марҳалаи тозаи фаъолият фароҳам гардид. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» ва «Занон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд». Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар, занону бонувон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи фаъол ва арзанда доранд. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид иброз доштанд:«Мо нақши занону бонувони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз талошҳои онҳо барои бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем». Боиси қаноатмандист, ки занону бонувони тоҷик дар соҳаи маориф ва илм низ фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо дар тарбияи насли наврас, ташаккули маърифат ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз дар соҳаи маориф беш аз ҳафтод фоизи кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин нишонаи эътимоди баланд ба неруи зеҳнӣ ва қобилияти касбии онҳо мебошад. Занону бонувони соҳаи маориф дар татбиқи сиёсати давлатии соҳа, иҷрои барномаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак», ҳамчунин барномаҳои рушди илм ва маориф, саҳми арзишманд мегузоранд. Онҳо дар ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ, тарғиби анъанаҳои нек ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим доранд. Соли ҷорӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ эълон шудааст, занону бонувони тоҷик фаъолияти худро боз ҳам густариш дода, барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Модарону бонувони гиромӣ!  Ҳузури шумо дар зиндагӣ рамзи ҳусну тароват, меҳру муҳаббат ва саодати инсон аст. Хиради равшан, иродаи устувор ва меҳрубонии бепоёни шумо пояҳои мустаҳками оила ва ҷомеаро таъмин мекунад. Бо талошу заҳмати шумо фардои Ватани азизамон боз ҳам дурахшонтару ободтар хоҳад гардид. Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шумо — модарону бонувони гиромии кишварро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори пурсаодат ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям. Ҷашн муборак, модарони азиз!  

    12

    07.03.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ТАКМИЛИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи маориф мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва методии соҳаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, такмил ва рушди санадҳои меъёрӣ дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст муовини якуми вазир зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти такмили низоми таҳияи китобҳои дарсӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири таълим ва талаботи байналмилалӣ ибрози назар намуд. Сипас ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тавзеҳоти ҳуқуқию педагогӣ оид ба такмили консепсия ироа намуда, ҷанбаҳои назариявӣ, меъёрӣ ва амалии ҳуҷҷати мазкурро шарҳ дода, таъкид дошт, ки консепсияи такмилёфта бояд ба принсипҳои шаффофият, сифати илмӣ, мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва фарогирии равандҳои инноватсионӣ такя намояд. Дар идома муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ шакли такмилёфтаи “Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пешниҳод намуда, тағйиру иловаҳои воридгардида, ҳадафу вазифаҳо ва механизмҳои амалисозии онро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар қисмати муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда ибрози назар намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили минбаъдаи санади манзур намуданд. Намояндагони ЮНИСЕФ омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва расонидани дастгирии техникӣ дар самти рушди муҳтавои таълимӣ ва таҳияи маводи таълимии босифат изҳор доштанд. Дар фарҷоми мизи мудаввар қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар самти такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳияи китобҳои дарсӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти умумӣ тақвият дода мешаванд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    35

    05.03.2026
  •  img
    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 5-уми марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, занону бонувони собиқадори соҳаи маориф ва раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм занону бонувони собиқадори соҳа ва кормандони дастгоҳи марказиро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом, хушбахтии ҷовидонӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кард. Ҳамзамон қайд намуд, ки модар рамзи меҳру муҳаббати бекарон, вафодорию садоқати беназир ва ҳусну таровати ҷовидонӣ буда, ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз ёфта, ситоиши модар чун меҳру муҳаббати ӯ интиҳо надорад. Ҳастии мо, кору фаъолияти пурсамари мо бидуни модар ва меҳрубонию ғамхорию роҳнамоиҳои ӯ имконнопазир аст. Дар кулли корҳои мо нақши барҷастаю мондагори дастони модар равшан эҳсос мешавад, ки ин худ нишона аз бузургии эшон аст. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба мақоми баланди зан-модар таъкид намуда, онҳоро чароғи хонадон ва тарбиятгари наслҳои оянда номидаанд: «Занон ва модарон неруи бузурги ҷомеа мебошанд, ки дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва пешрафти давлат нақши калидӣ доранд», – иброз доштаанд Пешвои миллат. Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба мақоми зан-модар аҳаммияти махсус медиҳад ва барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Нақши бонувони мо, махсусан, дар соҳаи маориф барҷастаю назаррас буда, барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Дар идома маърузаи сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” Э.Сафарзода дар мавзуи “Нақши зан - модар дар таҳкими давлатдории миллӣ” шунида шуд. Қисмати фарҳангии чорабиниро барномаҳои рангини ҳунарӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони варзида ва ҳаваскорони санъат иҷро шуд, шукӯҳу таровати хосса зам намуда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш, вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни чорабинӣ, бахусус занону бонувони собиқадор ва кормандони фаъоли вазорат, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    49

    05.03.2026