18.02.2025
18-уми феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Швидкой Михаил Ефимович ва Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев баргузор гардид.
Нахуст вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза худ далели устувори ҳамкориҳои зич миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия дар соҳаҳои маориф ва илм мебошад.
Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм қайд намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар асоси созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, маориф, тандурустӣ, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкориҳо дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол тавсеа меёбанд.
Дар навбати худ Швидкой Михаил омодагии ҷониби Федератсияи Россияро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самтҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон ишора кард.
Гуфта шуд, ки омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ муассисаҳои муштарак дар самтҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, бо кадрҳои баландихтисоси равияи омӯзгорӣ, махсусан омӯзгорони забони русӣ таъмин будани муассисаҳои таълимӣ омили таъсиррасон дар рушди соҳаи маориф ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар равияи омӯзгорӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, доир намудани мактабҳои тобистона барои хонандагону донишҷӯён, баргузор намудани чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, таҷрибаомӯзӣ дар заминаҳои донишгоҳҳои самти омӯзгорӣ, омодагӣ барои баргузор намудани Форуми Фонди байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ - фарҳангӣ, рафъи мушкилоти таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия, омӯзиши забони русӣ ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон