14.10.2025

 img

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории  “Душанбе Инвест - 2025” Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.

 

Ба амалишавии 42 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

 

Аз тавсеаи ҳамкории амалии доираҳои соҳибкории ду ҷониб истиқбол карда шуд.

 

Ҷалби маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзноки фондҳо ва муассисаҳои молиявии Қатар барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика ба мақсад мувофиқ шумурда шуд. 

 

Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” байни ду кишвари дӯст аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.

 

Ба масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ низ таваҷҷуҳ карда шуд. 

 

Барои роҳандозӣ ва омӯзиши таҷрибаи Қатар оид ба низоми бонкдории исломӣ изҳори омодагӣ карда шуд.

 

Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

  • Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид img
  • Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.   Дар вохӯрӣ раванди рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.   Аз фаъолияти Фонди саудии рушд дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.   Ҷонибҳо барои рушди робитаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ алоқамандии худро иброз доштанд.   Ба ҷоннок кардани фаъолияти василаҳои дуҷонибаи густариши ҳамкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Ҷалби сармояи саудӣ барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурда шуд.   Роҳандозии хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе намунаи хуби ҳамкории кишварҳо номида шуд.   Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

    42

    14.10.2025
  •  img
    Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчан 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд.   Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баррасӣ карда шуд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Комиссия ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад.   Президенти кишвар илова намуданд, ки ин ҳамкорӣ масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани инфрасохтор, ҳамчунин татбиқи ҳадафҳои “Раванди Душанбе оид ба  об” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро дар бар мегиранд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси Комиссияро дар мусоидат ба татбиқи иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои истифодаи устувори захираҳои обӣ, соддагардонии расмиёти савдо ва рушди иқтисоди сабз баланд арзёбӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкории худро бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, логистика, сертификатсия, рақамисозии омор ва таҳкими иқтисоди минтақавӣ идома диҳад.   Дар идома нақши Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва густариши савдои байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.   Масоили марбут ба мубориза бо тағйирёбии иқлим низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.   Дар анҷом омодагии Тоҷикистон барои боз ҳам густариш додани ҳамкории ҳамаҷониба бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо таъкид гардид.

    49

    14.10.2025
  •  img
    Иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” иштирок ва суханронӣ намуданд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокдорони форумро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.   Таъкид гардид, ки ҳадафҳои асосии ҳамоиш ин муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, ба ҳисоб меравад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Форуми Душанбе сармоягузориҳои “сабз”-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, Форум зери унвони “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо” баргузор карда мешавад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, кушодани иқтидори сармоягузории минтақа дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиати мутақобила заминаи муҳим фароҳам меорад.   Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистон дар маркази Авруосиё ба мо имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари минтақаҳо ва қитъаҳо баромад карда, долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд, таъсис диҳем.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ мебошад”.   Зикр карда шуд, ки таи солҳои охир кишвари мо ислоҳоти фарогир ба таҳкими уствории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ нигаронидаро амалӣ менамояд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳими стратегӣ, сармояи инсонии ҷавон ва пурнеруро аз афзалиятҳои рақобатпазири кишвари мо номиданд.   Оид ба зарурати таваҷҷуҳ ба рушди иқтисоди сабз ва қабули Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 низ андешаронӣ сурат гирифт.   Бо ба назар гирифтани имконияту иқтидорҳои соҳаи энергетика ба ширкатҳои манфиатдор лоиҳаҳои ояндадори ин бахш барои сармоягузорӣ пешниҳод карда шуд.   Ҳамчунин, аз сармоягузороне, ки дар самти истеҳсоли технологияҳои муосир, батареяҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунанд, барои саҳм гузоштан дар амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёси ин соҳаҳо истиқбол карда шуд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи иштирокдорони форум имкониятҳои дигари сармоягузории кишвар, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, комплекси агросаноатӣ ва соҳаи сайёҳиро муаррифӣ намуданд.   “Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Имрӯз мо ба сармоягузорон зиёда аз 240 кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод менамоем, ки зиёда аз 110-тои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ мебошанд”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъолияти тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорон созгор номиданд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи стратегии мо табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат мебошад, ки ба ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.   14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад.   Бо истифода аз фурсат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳибкоронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва барору муваффақиятҳо орзу намуданд.   Дар фарҷоми сухан Роҳбари давлат изҳори итминон намуданд, ки Форум ба оғози ташаббусҳои нави судманд замина гузошта, ҳамкориро таҳким мебахшад ва барои мардумони кишварҳо ва тараққиёти ҷаҳон натиҷаҳои намоён медиҳад.   Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025”, ҳамчунин, Султон Раҳимзода - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арипов Абдулло - Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Скляр Роман - муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз - Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилан, Малайзия, Татяна Молчан - Муовини котиби генералӣ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Сайид Али Маданизаде - Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ - Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ суханронӣ намуданд.

    41

    14.10.2025