15.09.2025

 img

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

 

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд.

 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли таҳаввулоти мусбати солҳои охир дар ҳамкории ду кишвар изҳори қаноат намуда, тамосу мулоқоти пайвастаро омили муҳими таконбахши рушди равобит номиданд.

 

Таъкид гардид, ки мо арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва забонии кишварҳоямонро ҳамеша пос медорем.

 

Ҷонибҳо вазъи кунунии мураккаб ва ноустувори минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони исломро муҳокима намуда, андешидани тадбирҳои муассири якҷояро барои нигаҳдории эътидол ва осоиши саросарӣ зарур шумурданд.

 

Аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш сурат гирифта, ҳаллу фасли низои Фаластину Исроилро дар асоси усули “ду давлат барои ду мардум” дар назар дорад, истиқбол карда шуд.

 

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон роҳи ҳалли ҳамаи буҳрону низоъҳоро дар минтақа ва ҷаҳон, қабл аз ҳама, дар музокироту муколама мебинад.

 

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди назари ду ҷониб ҷараён гирифт.

  • Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён img
  • Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён img
  • Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён img

Хабарҳои дигар

  •  img
    «БОЗЁФТ» -И БӮСТОН Имрӯз дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Бӯстон маросими ифтитоҳии Ҳафтаи «Бозёфт» барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони шуъбаи маориф ширкат намуда, оид ба аҳаммият ва ҳадафҳои чорабинӣ суханронӣ карданд.    Таъкид гардид, ки ин иқдом барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, рушди истеъдодҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва такмили дониш равона шудааст.   Ҳафтаи «Бозёфт» бо машғулиятҳои интерактивӣ баргузор гардида, имконият фароҳам меорад, ки хонандагон қобилият ва завқи худро муайян намуда, дар оянда барои иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳо омодагӣ гиранд.   Ин иқдом ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби истеъдодҳои нав дар шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва рушди хонандагони лаёқатманд роҳандозӣ мешавад. Шаҳри Бӯстон аз натиҷаи ин ҳафта бозёфтҳои навро интизор аст!

    41

    15.09.2025
  •  img
    ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД Дар маросими кушодашавии Ҳафтаи «Бозёфт» дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Файзобод намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомҳои пайдарпайи Вазорати маориф ва илм ба хотири дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ҷалб ва рушди онҳо чанд сухани муқаддимавӣ гуфтанд.   Зикр гардид, ки ин иқдом ҳамасола дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, ҳадафи асосии он татбиқи Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар самтҳои гуногун, ҳамчунин, фароҳам овардани имконияти омӯзиши ройгон дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳост.   Дар ноҳияи Файзобод Ҳафтаи «Бозёфт» имсол теъдоди бештари хонандагонро гирд овард, ки ин аз афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ шаҳодат медиҳад. Муддати як ҳафта баргузории чорабиниҳои гуногун идома ёфта, барои дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нав, мусоидат ба касбинтихобкунии хонандагон ва омодасозии онҳо ба озмуну олимпиадаҳо шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.   Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин бо волидайне, ки фарзандонашонро ҳамроҳӣ мекарданд, суҳбатҳои судманд анҷом ёфт. Онҳо, пеш аз ҳама, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил изҳори миннатдорӣ намуданд

    30

    15.09.2025
  •  img
    «БОЗЁФТ» ДАР ҲИСОР Имрӯз ҳайати кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо раванди баргузории Ҳафтаи "Бозёфт"-и Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Ҳисор шинос шуданд.    Ҳадафи баргузории ҳафта дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдод, ҷалби хонандагони болаёқат ба таҳсилоти иловагӣ ва омодасозии онҳо ба озмуну олимпиадаҳо мебошад. Дар ҳафта намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директори МДРИ шаҳри Ҳисор Аброр Азизов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ш.Ҳисор Муҳаммадшариф Мирзоев ва директори МТМУ № 3-и ш. Ҳисор иштирок ва суханронӣ карданд.    Бо сабаби надоштани бино рӯзи аввали ҳафта дар МТМУ №3-и шаҳри Ҳисор  баргузор гардид. Зикр шуд, ки Марказ ва маҳфилҳои фаннӣ ва гурӯҳҳои таҳсил маҳз ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди онҳо фаъолият мекунанд.    Аз суолу ҷавоби хонандагон маълум шуд, ки онҳо иштиёқи омӯзиши донишҳои иловагиянд. Аз ҷумла, аз ҷониби хонандагон чунин саволҳо пешниҳод шуданд: Ба ду маҳфил шомил шудан мумкин аст? Аз синфи чанд ба маҳфилҳои фаннии МДРИ шомил шудан мумкин аст? Ман дар маҳфили фанни ҳуқуқ таҳсил мекунам, метавонам боз ба маҳфили забони англисӣ шомил шавам? ва ғ.   Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои муфассал дода шуд.

    36

    15.09.2025