10.08.2026

 img

Аз 2 то 8 августи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ - International Olympiad in Artificial Intelligence (IOAI-2026) баргузор гардид.

 

Дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ беш аз 500 нафар хонандагони болаёқат аз 106 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар самтҳои муосири зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худмухтор санҷиданд.

 

Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ яке аз мусобиқаҳои сатҳи баланди илмӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба ҳисоб рафта, таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг - ЮНЕСКО баргузор гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи олимпиада Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев иштирок ва суханронӣ намуда, мусобиқаро расман ифтитоҳ кард. Сарвари давлати Қазоқистон зимни суханронӣ ба нақши рӯзафзуни зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисод, маориф, илм, идоракунии давлатӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа таъкид намуд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ чаҳор нафар хонандаи болаёқат намояндагӣ карданд:

 

- Синан Кандиков, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов;

 

- Диловар Икромов, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов;

 

- Фарангис Ҳаётова, хонандаи синфи 10-уми Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

- Муродҷон Хайраков, хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Хонандагони тоҷик дар рақобат бо беҳтарин наврасони ҷаҳон донишу маҳорати баланд нишон дода, дар маҷмӯъ соҳиби ду медал гардиданд. Ин дастовард барои дастаи Тоҷикистон, ки бори аввал дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ иштирок намуд, натиҷаи назаррас ва ифтихорофарин ба ҳисоб меравад.

 

Омодасозии аъзои дастаи Тоҷикистон ба ин мусобиқа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати zypl.ai ба роҳ монда шуд. Дар доираи ин ҳамкорӣ хонандагон аз машғулиятҳои махсуси назариявию амалӣ гузашта, барои иҷрои масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ омода гардиданд. Ҳамчунин, сафари ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Остона ва иштироки онҳо дар олимпиада таъмин карда шуд.

 

Натиҷаи бадастомада аз имкониятҳои баланди зеҳнии наврасони тоҷик шаҳодат дода, самараи тадбирҳои андешидашуда дар самти рушди таҳсилоти рақамӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва дастгирии хонандагони болаёқат мебошад.

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дарёфт, дастгирӣ ва омода намудани наврасони соҳибистеъдод ба олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ, бахусус дар самтҳои зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

Дастоварди дастаи Тоҷикистон дар IOAI-2026 қадами муҳим дар роҳи муаррифии неруи зеҳнӣ ва имкониятҳои илмии насли ҷавони кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

  • ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ СОҲИБИ ДУ МЕДАЛ ШУДАНД img
  • ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ СОҲИБИ ДУ МЕДАЛ ШУДАНД img
  • ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ СОҲИБИ ДУ МЕДАЛ ШУДАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД 21 сентябри соли 2026 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, иштирокчиёни озмун ва масъулони соҳаи маориф ҳузур доштанд. Меҳмонон ва иштирокчиён сараввал аз дастовардҳои Марказ ва маҳфилҳои марказ дидан намуда, сипас ба кори озмун оғоз бахшиданд. Зимни ифтитоҳ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода суханронӣ намуда, ба аҳаммияти омӯзиши мероси адабӣ ва фарҳангии миллӣ, бахусус «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавон таъкид намуд. Қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан насли наврасу ҷавон ба омӯзишу мутолиаи «Шоҳнома» ва арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллӣ мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаҳри Душанбе дар даври якуми озмун 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи даври дуюм 155 нафар иштирокчӣ бо дарназардошти ҷойҳои ифтихорӣ ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Дар маросими ифтитоҳ ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун низ муаррифӣ гардид. Ба ҳайати ҳакамон шахсони дорои таҷрибаи касбӣ ва дониши амиқи адабиёт ва фарҳанг шомил мебошанд. Пас аз маросими ифтитоҳ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» расман оғоз гардид. Иштирокчиён тибқи гурӯҳҳои муайяншуда ба ҷойҳои баргузории озмун роҳнамоӣ карда шуданд. Даври сеюми озмун аз 21 то 29 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзҳои баргузории озмун чунин муайян шудаанд: 21-22 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 1-4; 23-24 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 5–8; 25-26 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 9-11 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, синфҳои 10-11; 26-27 сентябр - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ - бакалавр ва магистр; 28 сентябр - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантон, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун; 29 сентябр - фаъолияти Комиссияи апеллятсионӣ.

    0

    22.09.2026
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.    Корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зартахта бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Дурахши Истиқлол барои таълиму тарбияи 240 кӯдак, толори варзишии Ҳафткалон бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳи  Марҳабо бо 30 кат дар шаҳраки Ғафуров, деҳоти Ёва, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудаанд, ки бо амалӣ гардидани чунин иқдомоти шоиста рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш дар маҳалҳо таъмин мешавад.   Зимни муаррифии имконият ва шароити фароҳамгардида ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолии созандаю бунёдкор дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 2745 иншооти гуногун мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуд ва иҷрои нақшаи қаблан пешбинишуда 137 фоиз таъмин гардид.   Дар шаҳраки Навкат, деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен бошад, ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти томактабии №6 бо фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии Шараёни Варид бо 26 кат ва 70 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Муҳайё бо таъсиси 40 ҷойи корӣ ва иқтидори моҳонаи истеҳсоли 1500 ҷуфт пойафзол ва 6 ҳазор дона либос, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.    Тибқи маълумоти масъулин, аз соли 2022 то ин замон дар ноҳияи Спитамен баъди бунёду навсозӣ зиёда аз 800 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва ҳоло корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммал барои сокинон шароити созгори кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.   Дар 11 иншооте, ки Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба истифода доданд, бештар аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки дар маҳалҳо корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам тақвият ёбад ва дар ин радиф васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф, инчунин ҷиҳати мукаммал гардидани инфрасохтори зарурӣ бунёди хатҳои интиқоли обу корез ва барқу гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир амалӣ карда шавад. 

    34

    21.09.2026
  •  img
    Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад.   Беморхона барои қабул ва табобати 200 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд, ки сифати хизматрасониҳоро ба ниёзмандон ба таври назаррас боло бардоштааст.   Бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ таъмин гардидани беморхона барои фаъолияти самараноки мутахассисон шароити мусоид фароҳам овардааст.   Ба ғайр аз бахши табобатӣ, дар бинои нав барои пешбурди корҳои муҳимми илмию таълимӣ шароити мусоид фароҳам буда, дар он утоқҳои махсуси таълимӣ, толори баргузории конфронс ва машғулиятҳои амалӣ ташкил карда шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.   Таъмини саломатии кӯдакон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии насли наврас, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва ташаккули ҷомеаи солим заминаи устувор фароҳам меорад.   Бинои нав бо дар назар гирифтани талаботи муосири соҳаи тандурустӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, барои қабули беморон, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, ташхиси саривақтӣ ва анҷом додани табобати зарурӣ имкониятҳои муносиб фароҳам меорад.   Таъсиси 120 ҷойи корӣ дар муассиса барои ҷалби мутахассисони соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандони тиб низ заминаи зарурӣ муҳайё сохтааст.   Ифтитоҳи бинои нави Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд қадами дигар дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

    31

    21.09.2026