12.09.2026

 img

После завершения рабочей поездки Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон из Раштского района возвратился в город Душанбе. В аэропорту Раштского района Главу государства с искренностью проводили активисты и руководство района.

 

В ходе тёплой беседы в аэропорту Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отметил роль предпринимателей в поддержке инициатив Правительства страны, их вклад в работы по благоустройству, а также создание производственных и обслуживающих объектов. Он подчеркнул, что постепенное развитие экономики и улучшение уровня жизни населения являются результатом Государственной независимости и стабильности Родины.

 

Представителям частного сектора и руководству района поручено максимально использовать имеющиеся возможности для развития социально-экономических отраслей, повышения качества образования, подготовки высококвалифицированных специалистов, уделять приоритетное внимание современным требованиям градостроительства при строительстве новых объектов, поддерживать дехкан, внедрять современные методы выращивания сельскохозяйственных культур и сбора урожая, а также эффективно использовать богатые природные возможности для увеличения производства материальных благ и наращивать экспорт сельскохозяйственной продукции.

 

Следует отметить, что Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон ввёл в эксплуатацию 69 объектов социальной и экономической сфер в Раштском, Нурободском, Сангворском, Лахшском и Таджикабадском районах, а также провёл встречи и тёплые беседы с населением.

 

Наряду с этим, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял участие в культурной программе высокого уровня в честь 35-летия Государственной независимости Республики Таджикистан в Раштском районе.

  • Завершилась рабочая поездка Главы государства Эмомали Рахмона в Раштский район img
  • Завершилась рабочая поездка Главы государства Эмомали Рахмона в Раштский район img
  • Завершилась рабочая поездка Главы государства Эмомали Рахмона в Раштский район img
  • Завершилась рабочая поездка Главы государства Эмомали Рахмона в Раштский район img
  • Завершилась рабочая поездка Главы государства Эмомали Рахмона в Раштский район img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОМИЛИ БУНЁДИИ ТАҲКИМУ ТАҚВИЯТИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди сиёсиву таърихии миллати тоҷик дар даврони навин мебошад. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ, балки оғози эҳёи арзишҳои миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва худмуайянкунии сиёсӣ гардид. Агар ба таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик назар афканем, равшан мегардад, ки ормони соҳибдавлатӣ ва озодӣ ҳамеша дар қалби фарзандони ин миллат зинда буд. Аз ҳамин рӯ, соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 танҳо як воқеаи сиёсӣ набуда, балки амалӣ шудани ормони таърихии наслҳои зиёди тоҷикон ба шумор меравад.   Таҷрибаи таърихии инсоният собит намудааст, ки озодӣ ва истиқлол ба осонӣ ба даст намеоянд. Дар ҳар давру замон халқҳои гуногун барои соҳиб шудан ба ҳуқуқи худмуайянкунӣ, ҳифзи фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ мубориза бурда, дар ин роҳ қурбониҳои зиёд додаанд. Миллати тоҷик низ чунин роҳи пурмашаққатро паси сар кардааст. Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ барои мо на танҳо рамзи соҳибихтиёрии давлат, балки арзиши муқаддасест, ки ҳифзу таҳкими он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.   Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба давраи ниҳоят ҳассоси таърихи ҷаҳон рост омад. Дар оғози солҳои навадум низоми сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳам пошид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатҳои мустақили нав ба вуҷуд омаданд. Тоҷикистон низ дар ин марҳила роҳи мустақили рушди худро интихоб кард. Аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо хеле вазнин буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва фаъолияти неруҳои ифротӣ ба ҳастии давлат ва сарнавишти миллат хатари воқеӣ эҷод намуданд. Дар он рӯзҳои душвор масъалаи асосӣ на рушди иқтисодӣ, балки ҳифзи давлатдорӣ, тамомияти арзӣ ва наҷоти миллат буд. Агар бештари давлатҳои навтаъсиси собиқ Шуравӣ роҳи рушдро пеша карда бошанд, Тоҷикистон баҳри бақо мубориза мебурд.   Маҳз имрӯз, таърих бо итминон шаҳодат медиҳад, ки интихоби роҳи сулҳу ваҳдат ягона роҳи дуруст буд. Иҷлосияи тақдирсозу таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик оғози марҳилаи нави давлатдорӣ гардид. Дар ин иҷлосия асосҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, эҳёи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини суботи сиёсӣ гузошта шуданд. Баъдан, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои муттаҳид сохтани ҷомеа, бозгашти гурезаҳо, эҳёи иқтисод ва рушди давлат заминаи мусоид фароҳам овард.   Имрӯз, баъди 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаи душвори эҳё ва таҳкими давлатдориро паси сар намуда, ба давраи рушди устувор ворид гардид. Дар саросари мамлакат роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, иншооти фарҳангиву варзишӣ ва ҳазорон иншооти иҷтимоӣ бунёд гардидаанд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан рушд карда, имконоти нави истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи давлати соҳибистиқлол мебошанд.   Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир арзиши Истиқлоли давлатӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, кибертаҳдидҳо ва тағйирёбии иқлим нишон медиҳанд, ки ҳифзи соҳибихтиёрии давлат танҳо бо доштани сарҳади давлатӣ маҳдуд намешавад. Имрӯз истиқлол, ҳамзамон, маънои доштани иқтисоди устувор, ҷомеаи муттаҳид, волоияти қонун, амнияти миллӣ ва шаҳрвандони дорои ҳисси баланди ватандӯстиро дорад.   Аз ин лиҳоз, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ танҳо як анъанаи идона нест. Ин фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба таърих, ёдоварӣ аз роҳи тайшуда, қадршиносии сулҳу оромӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ.   Миллате, ки гузаштаи худро пос медорад ва аз сабақҳои таърих хулосаи дуруст мебарорад, метавонад ояндаи худро бо итминон бунёд намояд. Дар ҳамин замина, бозгардонидани хоки фарзандони барӯманди миллат - Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Ватан низ ҳамчун як иқдоми муҳимми таърихӣ ва нишонаи эҳтиром ба хотираи шахсиятҳое арзёбӣ мешавад, ки дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Ин иқдом, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, аҳаммияти бузурги маънавӣ дошта, ба хотири ҳифзи хотираи таърихӣ ва ба насли имрӯз расонидани сабақҳои роҳи пурпечутоби расидан ба истиқлол анҷом дода шуд.   Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ давлат ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар ин давра ҳазорон муассисаи таълимӣ, томактабӣ ва тандурустӣ бунёд ва таҷдид гардида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва хидматрасонии тиббӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, сохтмони мактабҳои муосир ва муассисаҳои таълимии насли нав ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми рушди маориф ба орзуи деринаи бисёр наслҳо табдил ёфта, имрӯз ба воқеияти созанда мубаддал гардидааст.   Эҷоди чунин шароити мусоид дар соҳаи маориф бозгӯи он аст, ки сармоягузорӣ ба дониш ва тарбияи инсон ҳамчун заминаи асосии пешрафти устувори кишвар эътироф мешавад. Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ ба инсон ҳамчун арзиши асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф гардидааст.   Рушди ҷомеаи муосир бе истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия имконнопазир аст. Аз ин рӯ, солҳои охир дар Тоҷикистон ба рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ, густариши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин раванд на танҳо ба баланд гардидани самаранокии идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд, балки барои рушди соҳибкорӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба хидматрасониҳои давлатӣ низ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.   Дар баробари дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, яке аз муҳимтарин натиҷаҳои истиқлол ташаккули тафаккури нави давлатдорӣ мебошад. Имрӯз эҳсоси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва таърихи миллат дар ҷомеа ба маротиб тақвият ёфтааст. Маҳз ҳамин арзишҳо пояҳои маънавии истиқлолро ташкил дода, ҷомеаро дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид месозанд.   Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ҷаҳони муосир дар назди давлатҳои соҳибистиқлол вазифаҳои нав мегузорад. Тағйирёбии вазъи геополитикӣ, рушди босуръати технологияҳо, таҳдидҳои амниятӣ, мушкилоти экологӣ ва тағйирёбии иқлим тақозо менамоянд, ки давлат ҳамеша омодаи посух ба ин чолишҳо бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти ин воқеиятҳо татбиқи стратегияҳои миллӣ, таҳкими иқтидори иқтисодӣ, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварро ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст.   Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ ба таври возеҳ собит месозад, ки бузургтарин дастоварди Тоҷикистон танҳо бунёди иншооти азим ё рушди иқтисодӣ нест. Дастоварди асосӣ ҳифзи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати ҷомеа ва фароҳам овардани шароите мебошад, ки ҳар шаҳрванди кишвар тавонад дар фазои ором меҳнат кунад, таҳсил намояд ва барои ободии Ватани худ саҳм гузорад. Маҳз ҳамин арзишҳо пояҳои воқеии Истиқлоли давлатиро ташкил медиҳанд ва рушди устувори Тоҷикистонро дар оянда низ таъмин хоҳанд кард.   Дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии фаъол ва ташаббускорро идома дода, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ саҳми худро мегузорад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки ба ҳифзи манфиатҳои умумибашарӣ равона шудаанд, имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамчун намунаи муносибати масъулона ба масъалаҳои рушди устувор эътироф мегарданд.   Ташаббуси нави байналмилалии Сарвари давлат «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» низ идомаи сиёсати сулҳпарварона мебошад, ки ҳадафи он пешгирии низоъҳо ва ташаккули тафаккури нави инсондӯстона дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.   Дар фалсафаи муосир мафҳуми масъулияти байнинаслӣ яке аз арзишҳои меҳварӣ ба шумор меравад. Ҳар як насл меросбарони гузашта, соҳибони замони ҳол ва амонатдорони фардои башарият мебошанд. Ҷангҳо на танҳо ҳаёти имрӯзаро аз байн мебаранд, балки имконоти рушди наслҳои баъдиро маҳдуд месозанд. Баръакс, сулҳ барои рушди илм, маориф, фарҳанг, иқтисод ва тарбияи инсони комил замина фароҳам меорад. Аз ҳамин рӯ, «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» танҳо як барномаи сиёсӣ нест, он даъват ба эҳсоси масъулияти ахлоқӣ барои тамоми инсоният мебошад. Ҳамин аст, ки ташаббуси Тоҷикистон сулҳро аз сатҳи як ормони сиёсӣ ба сатҳи як арзиши умумибашарӣ боло мебарад.   Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ бори дигар собит намуд, ки омили асосии пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа, пеш аз ҳама, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳеҷ як дастоварди бузург бе оромии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии мардум имконпазир нест. Маҳз фазои сулҳу ваҳдат ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки неруи созандаи худро ба ободии Ватан, рушди иқтисод ва таҳкими давлатдории миллӣ равона созанд.   Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони зудтағйирёбанда ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлатдорӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баландро талаб менамояд. Насли ҷавон, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ба камол мерасад, бояд арзиши истиқлолро амиқ дарк намоянд. Зеро онҳо ояндаи давлат ва идомадиҳандаи роҳи созандагии миллат мебошанд. Донишандӯзӣ, аз худ намудани касбу ихтисосҳои муосир, эҳтироми таърих ва фарҳанги миллӣ, истифодаи самараноки имконоти фароҳамшуда вазифаи муҳимми ҷавонон ба ҳисоб меравад.   Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои миллӣ ва имконоти дохилии худ роҳи рушди хосси давлатдориро интихоб намуд. Ин роҳ нишон медиҳад, ки ҳар давлат бо дарназардошти таърих, фарҳанг ва манфиатҳои миллии худ метавонад, модели рушди мувофиқро ташаккул диҳад. Муҳим он аст, ки ин раванд дар заминаи сулҳу субот, волоияти қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ гардад.   Истиқлол барои ҳар миллат рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва масъулият аст. Онро ҳамеша ҳифзу эҳтиром кард ва тақвият бояд бахшид. Миллате, ки истиқлоли худро қадр мекунад, таърихи худро меомӯзад ва барои ояндаи худ талош менамояд, метавонад, ҷойгоҳи шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин созад.   Имрӯз, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди кишвар бо эҳсоси ифтихор метавонад, ба роҳи тайшуда назар афканад. Ин роҳ роҳи эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдат, рушди созандагӣ ва бунёди ояндаи боз ҳам дурахшони миллат мебошад.   Насиба НУРУЛЛОЗОДА, директори Маркази таълимии занон “Сарвар”, доктори илми фалсафа

    13

    14.09.2026
  •  img
    СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ВА РИСОЛАТИ АҲЛИ МАОРИФ Дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди маориф бо масъалаи рушди ҷомеаи муосир пайванди мустақим пайдо намудааст. Зеро тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва технологие, ки дар ҷомеа ба амал меоянд, пеш аз ҳама, ба низоми маориф таъсир мерасонанд. Ҳадафи асосии низоми маориф тарбияи инсони фаъол, соҳибмаърифат, соҳибҳунар, масъулиятшинос ва созандаву бунёдкор мебошад. Дар ҳамин замина, масъалаҳои ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, шинохти арзишҳои умумиинсонӣ, рушди тафаккур, қобилияти мустақилона андеша кардан, малакаи ҳамкорӣ ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа аҳаммияти махсус пайдо мекунанд.   Ҳар як муассисаи таълимӣ дар иҷрои ин вазифаҳо саҳми худро дорад. Мактаб дар чунин шароит на танҳо ҳамчун муассисаи омӯзонидани фанҳои таълимӣ, балки муҳити ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират, худшиносии миллӣ ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона бояд бошад. Натиҷаи фаъолияти мактаб танҳо бо баҳои хонандагон муайян намегардад, балки барои мо муҳим аст, донем, ки хонанда то кадом андоза донишро мефаҳмад, онро истифода карда метавонад, фикри худро асоснок баён менамояд, масъалаҳоро таҳлил мекунад, бо дигарон ҳамкорӣ менамояд ва дар баробари тағйироти ҷомеа мавқеи дуруст интихоб мекунад. Бинобар ин, ташкилу баргузории машваратҳои августии кормандони соҳаи маориф аҳаммияти махсус доранд.   Машваратҳои августӣ яке аз марҳилаҳои муҳимми омодагӣ ба соли нави таҳсил ба ҳисоб рафта, фаъолияти кормандони соҳа дар соли гузашта, дастоварду камбудиҳо, вазифаҳои нав ва самтҳои минбаъдаи фаъолият дар он мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Тибқи Дастурамали ташкил ва баргузор намудани машваратҳои августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2026 тасдиқ гардидааст, машваратҳои августӣ ҳамасола дар нимаи дуюми моҳи август баргузор мегарданд ва омӯзгорони фанҳои таълимӣ, мураббиён, роҳбарони синф, китобдорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мутахассисони соҳаи маориф ва дигар кормандони дахлдорро фаро мегиранд.   Машварати августӣ танҳо ба фаъолияти омӯзгорони фанҳои алоҳида маҳдуд нагардида, доираи васеи кормандони соҳаи маорифро муттаҳид менамояд, ки масъалаҳои таълим, тарбия, роҳбарӣ, корҳои методӣ, фаъолияти китобхонаҳо, идоракунии муассиса ва ҳамкории сохторҳои гуногунро дар бар мегиранд.   Мақсади асосии машварати августӣ таҳлили натиҷаҳои соли таҳсили гузашта, муайян намудани самтҳои асосии фаъолият барои соли нави таҳсил, ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, шиносоии омӯзгорон бо тағйиру иловаҳои нақшаву барномаҳои таълимӣ, ҷамъбасту паҳн намудани таҷрибаи пешқадам, истифодаи технологияҳои муосир ва такмили маҳорати методию касбии омӯзгорон муайян гардидааст.   Аз ин лиҳоз, машварати августӣ, пеш аз ҳама, муҳити таҳлили фаъолияти соҳа, мубодилаи таҷриба, омӯзиши масъалаҳои воқеии таълим ва муайян намудани вазифаҳои соли нави таҳсил ба ҳисоб меравад. Ҳар соли таҳсил барои соҳаи маориф бо натиҷаҳои муайян ҷамъбаст мегардад. Дар баробари дастовардҳо масъалаҳое низ пайдо мешаванд, ки омӯзиш, таҳлил ва хулосабарориро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, таҳлили фаъолияти соли гузашта яке аз қисматҳои муҳимтарини машваратҳои августӣ мебошад.   Дар марҳилаи омодагӣ ба машварати августӣ таҳлили натиҷаи аттестатсия, мониторинг, сатҳу сифати таҳсилот, малака ва маҳорати хонандагон ва иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳоро гузаронида мешавад. Чунин таҳлил имкон медиҳад, ки натиҷаи фаъолияти ҳар як муассиса воқеъбинона арзёбӣ гардад. Дар ҷое, ки нишондиҳандаҳо хубанд, сабабҳои муваффақият омӯхта мешаванд. Дар ҷое, ки мушкилот ҷой дорад, омилҳои он муайян мегарданд. Бо ҳамин васила, машварат метавонад, ба воситаи воқеии такмили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ табдил ёбад.   Яке аз масъалаҳои муҳиму меҳварӣ дар машваратҳои августӣ фаъолияти омӯзгор мебошад. Омӯзгор дар тамоми низоми маориф мавқеи марказӣ дорад. Ҳар тағйироте, ки дар мазмуни таълим, барнома, китоби дарсӣ, технология, арзёбӣ ё ташкили дарс амалӣ мегардад, дар ниҳоят тавассути фаъолияти омӯзгор татбиқ мешавад. Омӯзгори имрӯза дар шароити хеле мураккаб фаъолият мекунад. Ҳаҷми иттилоот меафзояд, технология босуръат рушд мекунад, талаботи ҷомеа ба сифати таҳсилот баланд мегардад ва хонанда низ нисбат ба солҳои пешин ба манбаъҳои гуногуни дониш дастрасии бештар дорад. Дар чунин шароит нақши омӯзгор тағйир меёбад. Омӯзгор фаъолияти таълимии хонандаро ташкил менамояд, ӯро ба андеша кардан водор месозад, муҳити омӯзишро идора мекунад, ба инкишофи қобилиятҳои инфиродӣ мусоидат менамояд ва дар ташаккули шахсияти кӯдак саҳми калон мегузорад.   Машварати августӣ барои омӯзгор имкон медиҳад, ки бо мазмун ва талаботи соли нави таҳсил шинос гардад, тағйироти барномаҳои таълимиро омӯзад, таҷрибаи ҳамкасбонро баррасӣ кунад, оид ба масъалаҳои дарс ва фаъолияти тарбиявӣ фикру мулоҳиза баён намояд ва барои фаъолияти минбаъдаи худ хулоса барорад. Махсусан, масъалаи сифати дарс дар маркази таваҷҷуҳи фаъолияти методӣ қарор мегирад. Ҳар гуна тадбир дар соҳаи маориф дар ниҳоят ба сифати дарс таъсир мерасонад. Муҳити синфхона, омодагии омӯзгор, мазмуни мавзуъ, усули баён, фаъолияти хонанда, истифодаи воситаҳои таълимӣ ва тарзи арзёбӣ маҷмуи омилҳое мебошанд, ки ба натиҷаи омӯзиш таъсири мустақим доранд.   Дарси хуб дар зеҳни хонанда савол пайдо мекунад, таваҷҷуҳи ӯро бедор месозад, ба таҳлил водор менамояд ва имкон медиҳад, ки дониш бо таҷрибаи воқеӣ пайваст гардад. Дар чунин дарс хонанда танҳо шунаванда намемонад. Ӯ фикр мекунад, муқоиса менамояд, хулоса мебарорад, масъала ҳал мекунад ва дониши худро дар ҳолатҳои нав истифода мебарад.   Дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ин масъала боз ҳам аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Воситаҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки дастрасӣ ба иттилоот васеъ шавад, маводди таълимӣ гуногун гардад ва фаъолияти мустақилонаи хонанда бештар дастгирӣ ёбад. Бо мақсад мувофиқ аст, ки дар доираи баргузории машварати августӣ дар кори бахшу сексияҳо истифодаи технологияҳои муосир, машғулиятҳои интерактивӣ, тренингҳо, омӯзиши ҳолатҳои амалӣ, мастер-классҳо, мизи мудаввар ва муҳокимаи озод ташкил карда шаванд. Ҳамчунин, истифодаи платформаҳои таълимӣ, воситаҳои рақамӣ, захираҳои онлайн ва шаклҳои гуногуни иштирок дар ҷараёни машварат мавқеи махсус дорад. Ин имкон медиҳад, ки машваратҳои августӣ бо мазмуни амалӣ ғанӣ гарданд. Омӯзгор ҳангоми иштирок дар машварат танҳо маълумот намегирад, балки метавонад, намунаи истифодаи технологияро бинад, усули корро омӯзад ва онро бо фаъолияти худ муқоиса кунад.   Дар шароити имрӯза масъалаи зеҳни сунъӣ низ тадриҷан ба яке аз мавзуъҳои муҳимми соҳаи маориф табдил ёфта истодааст. Технологияҳои зеҳни сунъӣ ба тарзи дастрасӣ ба иттилоот, таҳияи мавод, омӯзиш, таҳлил ва муошират таъсири амиқ мерасонанд. Ҳолати мазкур омӯзгорро водор месозад, ки имкон ва маҳдудияти технологияҳои навро дарк намояд, зеро истифодаи онҳо дар раванди таълим бо саводнокии рақамӣ, фарҳанги кор бо иттилоот, санҷиши манбаъ, ҳифзи маълумот ва масъулияти ахлоқӣ пайванди бевосита дорад.   Дар баробари масъалаҳои таълимӣ, тарбияи хонандагон низ яке аз самтҳои меҳварии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад. Мактаб дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши хеле бузург дорад. Муносибати хонанда ба Ватан, ҷомеа, меҳнат, дониш, фарҳанг ва инсон аз муҳите, ки ӯ дар он тарбия мегирад, вобаста мебошад. Тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги муошират, масъулиятшиносӣ, одоби ҳамида ва эҳтироми қонун дар фаъолияти муассисаи таълимӣ ҷойгоҳи хос доранд.   Муҳити таълимӣ худ як воситаи тарбия мебошад. Рафтори омӯзгор, муносибати роҳбар бо кормандон, муносибати омӯзгорон бо хонандагон, фазои синфхона ва фарҳанги муошират ба ташаккули шахсияти хонанда таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, масъалаҳои тарбия дар машваратҳои августӣ бо масъалаҳои таълим дар пайванди мустақим баррасӣ мегарданд. Таълиму тарбия ду ҷузъи як раванди ягона мебошанд. Дониш бе фарҳанг ва ахлоқ арзиши иҷтимоии худро аз даст медиҳад. Тарбия бе дониш ва ҷаҳонбинӣ низ самараи пурра дода наметавонад.   Яке аз самтҳои дигари асосии машваратҳои августӣ омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад. Дар муассисаҳои таълимии кишвар омӯзгорон ва роҳбарони зиёде фаъолият мекунанд, ки дар фаъолияти худ таҷрибаи хуб ба даст овардаанд. Таҷрибаи пешқадам дар ҳолате арзиши бештар пайдо мекунад, ки он омӯхта шуда, таҳлил ва дастраси дигарон гардад. Агар таҷрибаи муваффақ танҳо дар доираи як омӯзгор ё як муассиса маҳдуд монад, имкони таъсири он ба рушди умумии соҳа кам мегардад. Дар ҳамин замина, намоиши маводди таълимию методӣ, дидактикӣ, дастурҳо, корҳои эҷодӣ, дастовардҳои хонандагон ва таҷрибаи омӯзгорон аҳаммияти калон дорад, зеро он имкон медиҳад, ки таҷрибаи муассисаҳо муқоиса гардад, идеяҳои нав пайдо шаванд ва фаъолияти эҷодии омӯзгорон бештар муаррифӣ гарданд.   Ҳар омӯзгор дар оғози соли нави таҳсил ба синфхона бо масъулияти нав ворид мегардад. Ҳар роҳбари муассиса фаъолияти худро бо ҳадафҳои нав идома медиҳад. Ҳар методист масъалаҳои нави дастгирии омӯзгоронро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Натиҷаи кори ҳамаи онҳо дар як нуқта ба ҳам мепайвандад, ки ин нуқта сифати таълиму тарбияи хонанда мебошад. Соли нави таҳсил барои ҳар як хонанда як марҳилаи муҳимми ҳаёт аст. Ӯ дониши нав меомӯзад, таҷрибаи нав мегирад, бо одамони нав муносибат мекунад ва ҷаҳонбинии ӯ тадриҷан ташаккул меёбад. Ҳар рӯзи таҳсил дар ҳаёти кӯдак аҳаммияти калон дорад. Он чизе, ки имрӯз дар синфхона омӯзонида мешавад, метавонад ба интихоби касб, муносибат ба ҷомеа ва роҳи минбаъдаи зиндагии ӯ таъсир расонад. Аз ҳамин сабаб, масъулияти кормандони соҳаи маориф танҳо ба иҷрои нақшаи таълимӣ маҳдуд намегардад, зеро онҳо дар ташаккули сармояи инсонӣ ва ояндаи ҷомеа саҳм мегузоранд.   Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба насли дорои дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, худшиносии миллӣ, фарҳанги баланди ахлоқӣ, малакаҳои рақамӣ, қобилияти эҷодӣ ва эҳсоси масъулият ниёз дорад. Тарбияи чунин насл аз фаъолияти ҳамоҳанг ва масъулиятноки омӯзгорон, роҳбарон, методистон, падару модарон ва тамоми ҷомеа вобаста буда, вазифаи бузург, пурифтихор ва масъулиятноки аҳли маориф мебошад.   Машваратҳои августӣ дар оғози соли нави таҳсил ҳамин масъулиятро бори дигар ёдрас намуда, аҳли маорифро барои фаъолияти созанда, омӯзиши пайваста, ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки таълим ва тарбияи насли шоистаи Ватан муттаҳид месозанд.   Шавкат КАРИМЗОДА, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    13

    14.09.2026
  •  img
    Суханронӣ ба муносибати ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт Ҳамдиёрони азиз!   Кулли сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахшу Сангвор ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон саломатӣ, сулҳу оромӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамон барору комёбӣ орзу менамоям.   Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди ватандӯст неъмати бебаҳо, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.   Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ мову шумо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидем.   Боиси ифтихор аст, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини водии Рашт дар баробари сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷашни бузурги миллиро бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ, иқдомҳои неку ватандӯстона ва дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.   Ноҳияҳои минтақаи Рашт бо табиати зебои кӯҳистон, захираҳои фаровони обу энергетикӣ, имкониятҳои васеи кишоварзӣ, маъданҳои табиӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои нодири сайёҳӣ яке аз минтақаҳои дорои иқтидори бузурги рушди кишвар ба ҳисоб мераванд.   Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар ноҳияҳои водии Рашт сохтмону азнавсозии 986 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то 20-уми августи соли 2026-ум 825 иншоот ё 82,1 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.   Дар бунёди иншооти ҷашнӣ, дар баробари маблағгузории давлатӣ, сокинони ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша саҳми назаррас гузоштаанд.   Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои ташаббусҳои созанда, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иштироки фаъолонаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдорӣ баён менамоям.   Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор аз ҳисоби буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.   Ҳамчунин, дар ин давра ба иқтисодиёти онҳо, дар маҷмуъ, 5,6 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб шудааст.   Бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба зиёда аз 50 ҳазор оилаи ноҳияҳои зикршуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати умумии 11 ҳазор гектар ҷудо карда шудаанд.   Илова бар ин, барои бунёди иншооти муҳимми иҷтимоиву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.   Танҳо аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар 20 соли охир дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш 43 иншоот ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.   Ҳоло сохтмони панҷ иншооти дигар бо арзиши умумии 370 миллион сомонӣ идома дорад.   Қобили зикр аст, ки дар 20 соли охир шумораи корхонаҳои саноатии минтақа беш аз се баробар афзоиш ёфта, истеҳсоли 37 номгӯйи маҳсулот ба роҳ монда шудааст.   Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 197 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2015–ум 4,3 баробар зиёд гардидааст.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водӣ зиёда аз 128 километр хатҳои интиқоли барқ бунёд гардида, 45 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии зиёда аз 3 ҳазор киловатт мавриди истифода қарор дода шудааст.   Дар натиҷаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва заҳмати кишоварзон соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти соҳа ба 2,8 миллиард сомонӣ расидааст.   Ба мақсади осон намудани рафтуомади одамон ва интиқоли молу маҳсулот дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водӣ даҳҳо лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо ва пулҳо татбиқ карда шудаанд.   Аз ҷумла қитъаҳои роҳи Душанбе – Қарамиқ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба масофаи 300 километр таҷдид гардида, дар ноҳияи Лахш дар доираи се лоиҳа 255 километр роҳ ва 15 пул ба маблағи 850 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардида, татбиқи лоиҳаҳои беҳтар намудани роҳҳои дигар идома дорад.   Дар ноҳияи Нуробод се лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ – сохтмони қитъаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод, инчунин пули калон аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ва роҳҳои ба он пайвастшаванда амалӣ шуда истодааст.   Арзиши умумии лоиҳаҳо дар ноҳияи Нуробод 3,7 миллиард сомониро ташкил дода, сохтмони 172 километр роҳ, 3 нақб ва 15 пулро дар бар мегирад.   Татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои наздик ҳаракати бехатари мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро ба маркази мамлакат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кишварҳои хориҷӣ таъмин карда, ба рушди тиҷорату сайёҳӣ такони мебахшад.   Дар 20 соли охир барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ 360 бинои муассисаи таълимӣ бо 37 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.   Имрӯзҳо сохтмони боз 26 бинои муассисаи таълимӣ барои 4500 нафар хонанда идома дорад.   Дар солҳои 1998 – 2026, яъне аз оғози таъсиси квотаи президентӣ то имрӯз 3100 нафар ҷавонони ноҳияҳои зикргардида, аз ҷумла 1900 нафар духтарон бо истифода аз ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда шудаанд.   Омӯзиши касбу ҳунар барои саноатикунонӣ ва рушди кишоварзӣ, сохтмон, энергетика, нақлиёт ва хизматрасонӣ аҳаммияти калидӣ дорад.   Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф дар ноҳияи Рашт сохтмони бинои нави литсейи касбҳои техникӣ ба анҷом расонида шуд ва имрӯз ин муассиса ба фаъолият оғоз кард, ки ба хеле беҳтар гардидани шароиту имкониятҳои касбомӯзии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.   Ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус модару кӯдак, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.   Ҳоло дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 300 муассисаи тандурустӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 431 нафар табибон ва 1200 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.   Ҳамдиёрони азиз!   Натиҷаҳои 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки мардуми заҳматқарину сарбаланди ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор дорои неруи бузурги созандагӣ, таҷрибаи ғании кишоварзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошанд.   Махсус таъкид месозам, ки ноҳияҳои зикршуда барои истеҳсоли картошка, мева, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза имкониятҳои васеъ доранд.   Мо барои рушди ноҳияҳои водӣ то имрӯз корҳои зиёдеро анҷом додем, вале марҳалаи нави пешрафту тараққиёт аз роҳбарону масъулон ва ҳар як фарди бонангу номус ташаббус, масъулияти баланд ва заҳмати бештарро тақозо менамояд.   Зарур аст, ки ҳар як ваҷаб қитъаи замин, иншооти бунёдшуда ва захираҳои табиӣ ба манфиати мардум, шуғли аҳолӣ, афзоиши истеҳсолот, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ободии Ватан самаранок истифода карда шаванд.   Соҳибкорон, зиёиён, ҷавонон, занону бонувон, фаъолон ва тамоми сокинон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ободиву пешрафти диёри худ саҳми боз ҳам бештар гузоранд.   Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ, дӯст доштани Ватан, омӯхтани илму донишҳои муосир ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои замонавӣ тарбия намоем.   Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани обод ва давлати озоду соҳибихтиёр ҳастем ва давлати мо имрӯз дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯ ва мақоми шоиста аст.   Фаромӯш набояд кард, ки ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ шарти асосии амалӣ гардидани ҳамаи нақшаву ҳадафҳои созандаи мо мебошад.   Итминони комил дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияҳои водии Рашт барои ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбуби худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ содиқона заҳмат мекашанд.   Бори дигар ҳамаи шумо ва кулли сокинони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангворро ба ифтихори 35–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон самимона табрик мегӯям.   Ба ҳар яки шумо саломатӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва комёбиҳои нав орзу менамоям.   Ҳамеша сарбаланду хонаобод ва муваффақ бошед, ҳамдиёрони азиз!

    2

    12.09.2026