12.03.2025

 img

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат» семинар - омӯзиши «Таҳқиқот доир ба мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH» барои 25 нафар омӯзгорону кормандони Донишкада ва филиалҳо гузаронида шуд, ки аз инҳо 14 нафар соҳиби сертифакати байналмилалӣ оид ба истифодаи воситаҳои TEACH гардиданд. Омӯзиш аз ҷониби мушовири байналмилалӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷад Ширер гузаронида шуд. Соли 2025 аз ҷониби 14 нафар тренерони сатҳи байналмилалӣ озмоиш оид ба истифодаи воситаҳои Teach дар 4 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва 130 муассисаи таълимии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Баргузории чунин таҳқиқот дар ҷумҳурӣ маротибаи аввал буда, Тренерон метавонанд фаъолияти муассисаҳои таълимиро дар шакли нав арзёбӣ намоянд.

  • 14 НАФАР КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИДАНД img
  • 14 НАФАР КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИДАНД img
  • 14 НАФАР КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИДАНД img
  • 14 НАФАР КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИДАНД img
  • 14 НАФАР КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИДАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ба истифода додани мактаби №27-и ноҳияи Ёвон 26 августи соли 2026 бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27, воқеъ дар деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Муассиса дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.   Бинои дуошёна дорои синфхонаҳои муосир, лабораторияҳо, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани мактаб 37 ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид.   Сохтмони мактаби нав дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) дар роҳи беҳтар намудани муҳити таълим ва шароити таҳсилу таълим барои хонандагону омӯзгорони деҳа саҳми муҳим мегузорад.  

    44

    28.08.2026
  •  img
    ҶАЛАСАИ ЛОИҲАИ ТАКМИЛИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ДАР СОҲАҲОИ STEM БАРГУЗОР ГАРДИД 16 июли соли 2026 дар дафтари кории Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)» ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои кумита, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин роҳбарияти лоиҳа иштирок намуданд.   Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода таъкид намуд, ки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардидааст. Қайд карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди тафаккури илмии хонандагон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.   Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи ҳамоҳангсози лоиҳа - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Музаффарзода ва менеҷери лоиҳа Б. Абдулмаҷид шунида шуд.   Тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳа як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар самтҳои рушди инфрасохтори таълимӣ, ҷорӣ намудани таҳсилоти STEM, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон ва рақамикунонии идоракунии соҳаи маориф пешрафти назаррас ба даст омадааст.   Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ба масъалаҳои иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда, сифати корҳои сохтмонӣ, омодасозии омӯзгорон барои татбиқи барномаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ намудани низоми иттилоотии идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.   Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома кумитаи роҳбарикунанда қарорҳои дахлдор қабул намуд. Аз ҷумла, ҳисоботи лоиҳа барои маълумот қабул гардида, ба Гурӯҳи идоракунии лоиҳа ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо, пурзӯр намудани назорати иҷрои шартномаҳо, мониторинги мунтазами нишондиҳандаҳо ва татбиқи сиёсати шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Осиёии Рушд, супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Ҳамзамон, ба воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тобеъ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият, мусоидат дар татбиқи чорабиниҳои лоиҳа ва истифодаи самараноки инфрасохтори нави таълимӣ дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуданд.   Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки татбиқи босамари лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори кадрӣ, тавсеаи имкониятҳои омӯзиши фанҳои дақиқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ нақши муҳим дошта, ба рушди устувори низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    188

    16.07.2026
  •  img
    МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» 5 майи соли 2026 мулоқоти ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода бо ҳайати Миссияи кории Бонки умумиҷаҳонӣ ва намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» баргузор гардид.   Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар Донишкада, баргузории рафти омӯзишҳо дар асоси маҷмӯи маводи таълимии курсҳои такмили ихтисос дар шакли модулӣ аз наздик шинос шуданд.   Ҳайати миссияро намояндагони лоиҳа ва Бонки умумиҷаҳонӣ Тигран Шмис, Саураф Дев Бхатта, Алмира Закиева ҳамроҳӣ намуданд.   Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз татбиқи самараноки бандҳои "Харитаи роҳ", азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби шунавандагон, раванди омӯзишҳо ва омодагии тренеронро натиҷагирӣ намуда, самтҳои минбаъдаи рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

    443

    05.05.2026