04.04.2025

Шарҳи умумӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини ғизои солим барои кӯдакон таваҷҷуҳи хосса изҳор менамояд. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои баландсифат, хусусан барои кӯдакон, яке аз афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» қабул гардид.
Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илмро роҳандозӣ намуда, барномаи ғизои мактабиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 инҷониб амалӣ мекунад. То имрӯз, барномаи мазкур дар 50% муассисаҳои таълимии кишвар фаро гирифтааст ва ҳамарӯза зиёда аз 400 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ғизои гарм таъмин мегарданд.
Дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо тақвияти ҳамкориҳо, Вазорати маориф ва илм ҳамасола маблағгузории барномаро афзоиш медиҳад. Дар соли 2025 маблағгузории давлатӣ ба 19 миллион сомонӣ расид, ки 94 муассисаи таълимиро фаро мегирад ва зиёда аз 25 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоиро бо ғизои гарм ва солим таъмин менамояд. Барои муқоиса, дар соли 2022 ин маблағ ҳамагӣ 5,5 миллион сомониро ташкил медод. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба васеъшавии фарогирии барнома дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон назар дошта, ин имкониятро фароҳам меорад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар пурра бо ғизои солим таъмин шаванд.
Фаъолиятия Бахши ғизои мактабӣ
Бахши ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 бо дастгирии БОҶ таъсис ёфтааст. Вазифаҳои асосии он ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги фаъолиятҳои ғизои мактабӣ, инчунин мусоидат ба баланд бардоштани иқтидори кормандони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои он дар минтақаҳо ва ноҳияҳо мебошанд. Таъсиси бахши ғизои мактабӣ қадами муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ миёни БОҶ ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» ба шумор меравад.
Маросими кушодашавии бахши ғизои мактабӣ
Бахши навтаъсис дар пеши худ ҳадафҳои мушаххас гузоштааст, ба монанди густариш додани ҳамкориҳо бо вазоратҳо ва корхонаҳои ба барномаи ғизои мактабӣ шомил, ҳамоҳангсозӣ бо шарикони рушд, тақвими иқтидори масъулини раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, кӯмак ба муассисаҳои таълимӣ барои ташкил ва идоракунии ғизои мактабӣ, хусусан муассисаҳои, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ҳамчунин, бахши ғизои мактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳо ва нишондиҳандаҳои «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» саҳми арзанда мегузорад.
Саҳми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ғизои мактабӣ ва таҳкими иқтидори бахши ғизои мактабӣ саҳми бузург дорад. Таҳти роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои барнома амалӣ гардида, масъалаҳои ғизои мактабӣ муҳокима мегарданд ва роҳҳои ҳалли худро ёфтаанд. Бо дастгирии роҳбарияти вазорат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим ба монанди «Дастурамали ташкил ва идораи ғизои мактабӣ», «Тартиби маблағгузории ғизои мактабӣ» ва инчунин шаклҳои ҳисоботии ғизои мактабӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд. Дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо масъулини ғизои мактабӣ тайин гардидаанд, ки амалисозии барномаро дар ноҳияҳои худ назорат ва идора мекунанд. Вазифаҳои корӣ ва уҳдадориҳои масъулини ғизои мактабӣ барои рушди ғизои мактабӣ таҳия карда шуда, аз ҷониби вазири маориф ва илм тасдиқ гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз масъалаҳои чандинсола низ бо дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳалли худро ёфт. Бо назардошти камбудии норасоии ошпазҳо ва кормандони ошхонаҳо, ки қаблан бо кӯмаки волидайн дар муассисаҳои таълимӣ кор мекарданд, воҳидҳои нави корӣ, аз ҷумла ошпаз, ёрдамчии ошпаз ва ғизошинос ҷорӣ карда шудаанд. Муассисаҳо имконият пайдо кардаанд, ки ошпазҳоро ба кор гирифта ғизои мактабиро ташкил намоянд. Дар таърихи муассисаҳои таълимӣ корманди ғизошинос воҳиди нав буда, вазифаҳои ӯ барои хонандагон таҳия намудани таомномаҳо, назорати саломатии хонандагон ва ҳолати гигиенӣ-санитарӣ дар муассиса, аз ҷумла дар ошхонаву толорҳои хӯрокхӯрӣ мебошад.
Ҳамкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои барнома
Тибқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027», вазоратҳо ва соҳаҳои дигар, ки дар барнома шомил ҳастанд, бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ намуда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои муассир талоши якҷоя меварзанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таҳсил, таъмин намудани шароити муносиб барои таълим ва таъмиру азнавсозии ошхонаҳои мактабӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳад, дар ҳоле ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сифат ва таркиби ғизои мактабиро назорат мекунад. Вазоратҳои дигар низ ӯҳдадориҳои худро ҷиҳати паҳлуҳои дигари барнома иҷро менамоянд. Вазорату идораҳои дахлдор мунтазам дар ҷаласаҳои шӯрои байнисоҳавии ғизои мактабӣ иштирок намуда, ҳисоботҳо ва маълумотҳои худро оид ба амалисозии «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» пешниҳод ва баррасӣ менамоянд.
Иштирок дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ
Соли 2023 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ пайваст ва ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» ба котиботи эътилоф пешниҳод намуд. Иштироки Вазорати маориф ва илм дар ин ташаббусҳои ҷаҳонии рушди соҳаи ғизо ва маориф дар кишвар барои беҳтар намудани сифати ғизо, инчунин таъмини шароити солим барои таҳсил ва рушди кӯдакон аҳамияти калони стратегӣ дорад.
Ҳадафҳои асосии эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ инҳоянд:
- густариш додани ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо мушкилоти ғизо ва гуруснагӣ, ки ба таҳсил ва рушд таъсири манфӣ мерасонад;
- рушд додани иқтидори коршиносони соҳаи маориф дар таҳияи ва амалӣ кардани барномаҳои ғизо;
- ҷалби маблағгузорӣ барои сохтани инфрасохтори ғизо дар муассисаҳои таълимӣ.
Дар тӯли ду сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои ҷаҳонии ғизои мактабӣ фаъолона иштирок кардааст, ки ин ба таҳкими амалисозии барномаҳо ва ҳалли мушкилоти ғизои мактабӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ҳадафҳо барои соли 2025
Дар соли 2025 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳадафҳои зеринро ба нақша гирифтааст:
- Густариши фаъолияти бахши ғизои мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ.
- Рушди истифодабарии заминҳои мактабӣ ва ёрирасон бо мақсади беҳтар намудани ғизои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ.
- Таъмир ва ҷиҳозонидани ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ.
- Афзоиш додани маблағгузории ғизои мактабӣ ва зиёд намудани шумораи муассисаҳои таълимӣ.
- Рушди иқтидори муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маориф оид ба амалӣ ва идоракунии ғизои мактабӣ.
- Баланд бардоштани маърифатнокии волидайн ва хонандагон дар масъалаҳои истеъмоли ғизои солим.
- Шарикати фаъолонаи ҷомеаи маҳаллӣ, кормандони мактаб ва мақомоти маҳаллӣ дар амалӣ намудани барномаҳои ғизоии мактабӣ.
- Ташкил ва таҳия кардани механизмҳои мониторинг ва арзёбӣ барои арзишёбии самаранокии барномаҳо ва таъсири онҳо ба саломатии хонандагон ва натоиҷи таълимӣ.
- Таъмини устувории барномаҳо тавассути кӯмакҳои молиявӣ дарозмуддат ва истифодаи манобеи маҳаллӣ барои таъмини ғизо барои мактабҳо.
- Рушди иқтидори омӯзгорон ва кормандони мактаб дар таҳияи ва амалисозии барномаҳои ғизоии мактабӣ ва таълими дуруст дар бораи ғизои солим.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ, Барномаи ғизои мактабӣ дар солҳои 2025 ва минбаъда бо истифода аз ҳамкории васеъ, имкониятҳои молиявӣ ва таъсиси инфрасохтори устувор, маърифатнокии ғизо ва амалисозии устувори ғизои мактабиро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта, ба беҳбуди саломатӣ ва таҳсили хонандагон саҳм мегузорад.