22.09.2025

 img

Дар доираи лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари дурӯза бо мавзӯи «Зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ: фурсатҳо ва дурнамо» баргузор гардида,  ҳадафи он баланд бардоштани огоҳӣ ва рушди донишу малакаҳои мутахассисони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буд.

Дар семинар роҳбари лоиҳа ҷаноби Штефан Зиверт, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси байналмилалӣ Айгул Казжанова оид ба таҳсилоти умумӣ иштирок карданд.

Раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, аҳамияти ҳамкории зичи Кумита бо Иттиҳоди Аврупоро таъкид кард.  

Ҳадафҳои асосии семинар:

имкониятҳо ва дурнамоҳои ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар равандҳои таълимӣ;

таҷрибаи байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар истифодаи платформаҳо ва усулҳои ЗС;

таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат ва талабот ба малакаҳои нав;

🎓Барномаи семинар муаррифии маърузаҳо, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва табодули таҷрибаҳоро дар бар гирифт. Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён инчунин ҳуҷҷатҳои амалии тавсиявӣ барои рушди минбаъдаи ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф ва бозори меҳнат таҳия намуданд.

Пас аз анҷоми семинар иштирокчиён бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

  • Зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ img
  • Зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ img
  • Зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ img
  • Зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Аз синфхона ба ҷойи кор: Тарғиби омӯзиши амалӣ (Work-Based Learning) дар Тоҷикистон Семинар дар Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода баргузор гардида, намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва шарикони лоиҳаро барои баррасии имкониятҳои таҳкими ҳамкорӣ миёни соҳаи маориф ва бозори меҳнат ҷамъ овард. Дар семинар Фарҳод Раҳимӣ - Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Штефан Зиверт - Роҳбари лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо; ва намояндаи Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Дар сухани ифтитоҳии худ ҷаноби Раҳимӣ ба аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ бо корфармоён барои таъмини мувофиқати таҳсилоти касбӣ-техникӣ ба талаботи бозори меҳнат ишора намуд.  Ҷаноби Зиверт уҳдадории Иттиҳоди Аврупоро дар самти дастгирии рушди малакаҳо ва татбиқи навоварӣ тавассути моделҳои шарикии давлатӣ-хусусӣ (PPP) таъкид кард. Дар доираи барнома, гурӯҳи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ба Литсейи касбии металлургии Турсунзода ва Корхонаи алюминийи Тоҷикистон TALCO ташриф оварда, бо шароит ва имкониятҳои амалисозии омӯзиш дар асоси истеҳсолотро бо намояндагони соҳаи саноат мубодилаи таҷриба намуданд.  

    12

    24.09.2025
  •  img
    Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо дар соҳаи маориф Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо (ШҲД) як ҷаласаи сатҳи баландро барои таҳкими ҳамкорӣ ва ба даст овардани мувофиқа байни шарикони рушд, ки соҳаи маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, баргузор намуд. Ҷаласаро расман хонум Исабел Уриз Эрнандес (Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон) оғоз намуда, аҳамияти ҳамкории судманд байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар пешрафти ислоҳоти маориф ва таҳкими чаҳорчӯби ҳамоҳангсозии донорҳо таъкид кард. Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ намояндагони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Сафорати Британияи Кабир, ЮНЕСКО ва дигар шарикон ширкат доштанд. Мавзӯи асосии мулоқот пешбурди Платформаи ҳамоҳангсозии ШҲД буда, ҳадафи он беҳтар намудани ҳамкорӣ, таъмини масъулият ва дастгирии устувории иштироки донорҳо дар соҳаи маориф мебошад. Ҳадафҳои калидии ҷаласа: • Муаррифӣ ва баррасии платформаи ҳамоҳангсозии пешниҳодшуда. • Муҳокимаи нақшҳо, саҳмҳо ва механизмҳои устувории платформа. • Мувофиқа оид ба қадамҳои оянда, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳои корӣ ва таъини мутахассисони масъул.    

    54

    19.09.2025
  •  img
    ВЕБИНАРИ МАҶОЗӢ БО МУШОВИРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОР 10 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи STEM вебинари маҷозӣ бо мушовири байналмилалии БОР хонум Сара Мартин доир гардид.    Вебинари мазкур аз ҷониби намояндагии БОР дар Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намояндагиҳои бонк ва лоиҳаҳое, ки аз ҷониби бонк маблағгузорӣ мегарданд, ширкат намуданд.    Вебинарро бо сухани ифтитоҳӣ Ҷеймс Лонг, намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон оғоз намуда, оид ба ҳадафи баргузории вебинари мазкур маълумот дод.   Сипас, мушовири байналмилалии БОР хонум Сараҳ Мартин бо презентатсия дар мавзуи “Монеаҳо барои ифшои SEAH (ИШЗОҶ) ва раванди шикоят” баромад намуд.    Сара Мартин тавсияҳои ёддошти таҷрибаи хуби БОР оид ба ҳамгироии гузоришдиҳӣ дар бораи истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ, баррасии парвандаҳо ба механизмҳои баррасии шикоятҳои лоиҳаро таъкид намуд.    Зимни баргузории вебинар кормандони лоиҳа фаъолона ширкат намуда, вобаста ба масъалаи муроҷиатҳо, ҳассосият, махфият ва  гузоришдиҳии SEAH маълумоти муфассал  гирифтанд.

    78

    10.09.2025