16.10.2025

 img

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курси омодасозии тренерони аз рӯйи барномаҳои нави курси такмили ихтисос (дар шакли модулҳо) барои омӯзгорони фанни таърих ва география баргузор гардид. 

 

Зимни маросими ифтитоҳӣ муовини вазири маориф ва илм Музаффарзода Бадриддин ва ректори Донишкада Н.Мирзозода иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини вазир аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, таъкид намуд, ки яке аз омилҳои муҳимми рушди соҳа таҳияи барномаҳои муосири таълимиест, ки навгониҳо ва ниёзҳои омӯзгоронро ба назар мегиранд.

 

Сипас, ректори Донишкада изҳор дошт, ки ҳадафи асосии таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва ташкили чунин курсҳо - ин рушди салоҳиятҳои калидии омӯзгорони фанҳои таърих ва география дар заминаи методикаи муосири таълим мебошад. 

 

Курс ба такмили салоҳиятҳои касбии омӯзгорон тавассути истифодаи усулҳои муосири таълимӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва муносибати босалоҳият нигаронида шуда, дар охир иштирокчиён соҳиби шаҳодатномаи хатми курс гардиданд.

 

Мақсади асосӣ - баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ мебошад, ки рушди тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, ҳамкорӣ, муошират ва дигар салоҳиятҳои 4К+ (тафаккури интиқодӣ, ҳамкорӣ, муошират, эҷодкорӣ ва маҳорати омӯзишро) таъмин мекунад.

 

Мундариҷаи курс

Барномаи омӯзишӣ аз 4 модул иборат аст:

1.  Муносибати салоҳиятнок ва муҳити таълимӣ дар таълими фан

2.  Муҳити физикии таълим ва таҷрибаи омӯзгорон

3.  Таҳияи вазъиятҳои таълимӣ барои рушди салоҳиятҳо

4.  Арзёбии дастовардҳои таълимӣ дар шароити нави таълим

Барномаи курс дар маҷмӯъ 48 соати омӯзишӣ-ро дар бар мегирад.

 

Методҳо ва мазмуни омӯзиш

Омӯзиш бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим, аз қабили кортҳои омӯзишӣ, кейс-стади, варақаҳои худбаҳодиҳӣ, презентатсияҳо ва маводи тақсимшаванда баргузор гардид. Иштирокчиён имконият доранд порчаҳои дарсӣ таҳия намуда, онҳоро дар муҳити таҳлилӣ ва дастгиркунанда пешниҳод ва муҳокима кунанд.

 

Дар доираи курс масъалаҳои зерин низ баррасӣ мешаванд:

•  таълими фарогир;

•  усули STEAM дар таълим;

•  арзёбии ташаккулдиҳанда;

•  фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ;

•  мутобиқсозии муҳити физикӣ ба талаботи муосир.

 

Натиҷаҳои интизоршаванда

•  Такмили салоҳиятҳои касбии омӯзгорон дар шароити муосир;

•  Татбиқи усулҳои интерактивӣ ва муосири таълим;

•  Баланд бардоштани сифати таълим ва ангезаи хонандагон;

•  Мутобиқсозии муҳити таълимӣ ба талаботи омӯзиши салоҳиятнок;

•  Татбиқи принсипҳои таълими фарогир ва STEAM.

  • БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАЪРИХ ВА ГЕОГРАФИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ - АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img
  • БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАЪРИХ ВА ГЕОГРАФИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ - АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img
  • БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАЪРИХ ВА ГЕОГРАФИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ - АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img
  • БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАЪРИХ ВА ГЕОГРАФИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ - АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img
  • БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАЪРИХ ВА ГЕОГРАФИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ - АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img
  • БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАЪРИХ ВА ГЕОГРАФИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ - АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар Тоҷикистон семинари машваратии миллӣ оид ба PISA 2025 баргузор гардид Рӯзи 13 феврали соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари машваратии миллӣ оид ба татбиқи Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025 ва таҳияи Гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба PISA 2025 баргузор гардид. Семинар дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил шуда, дар он тақрибан 80 намояндаи соҳаи маориф ва шарикони рушд иштирок намуданд. Иштироки Тоҷикистон дар PISA 2025, ки аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) татбиқ мегардад, аввалин таҷрибаи кишвар дар арзёбии бузурги байналмилалии сифати таҳсилот ба шумор меравад. Арзёбӣ ба саводнокии функсионалии хонандагон дар самтҳои хониш, математика ва илмҳои табиӣ равона шудааст. Ҳадафи чорабинӣ шинос намудани ҷонибҳои манфиатдор бо раванди татбиқи PISA 2025, муаррифии таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳияи гузоришҳои миллии PISA ва ҷамъоварии пешниҳодҳо ҷиҳати дастгирии таҳияи гузориши миллии PISA 2025 дар асоси далелҳо буд. Семинарро Директори Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ ва шарикони рушд иштирок карданд.  

    28

    13.02.2026
  •  img
    Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар таҳқиқоти байналмилалии PISA 2025-ро бо муваффақият ба анҷом расонид 15-уми январи соли 2026 дар шакли онлайн (MS Teams) ҷаласаи хотимавии PISA CBIS QTJ доир гардида, ба анҷоми расмии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилот PISA 2025 бахшида шуда буд. Дар ҷаласа намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Шӯрои австралиягӣ оид ба таҳқиқоти таълимӣ (ACER), намояндагони Шӯрои идоракунии PISA (PGB), Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи миллии PISA, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, ширкати Eductrade, инчунин дигар шарикони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ расман тасдиқ карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талаботи таҳқиқоти PISA 2025-ро бомуваффақият иҷро намуда, татбиқи ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташударо дар муҳлатҳои муқарраршуда ба итмом расонид. Шарикони байналмилалӣ сатҳи ҳамоҳангсозӣ, омодагии техникӣ ва ҷалби касбии дастаи миллии PISA ва Маркази миллии тестиро баланд арзёбӣ карданд. OECD ва ACER ба лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дастгирии ҳамаҷонибаи молиявӣ ва техникӣ дар давоми тамоми давраи PISA 2025 миннатдорӣ баён намуданд. ACER инчунин ҳамкории самарабахш бо шарикони миллӣ ва рушди назарраси иқтидори институтсионалӣ ва касбии дастаи Тоҷикистон, аз ҷумла рушди салоҳиятҳои роҳбарӣ ва таҳлилиро қайд кард. Дар доираи муҳокимаҳо иштирокчиён оид ба масъалаҳои татбиқи таҳқиқот, таҳкими иқтидори миллӣ ва рушди таҷрибаи арзёбӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти таҷрибаи андӯхташуда, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои иштироки минбаъдаи Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии арзёбӣ зоҳир карда шуд. Намояндагони OECD аҳамияти стратегии маълумоти PISA-ро барои банақшагирии ислоҳоти оянда дар соҳаи маориф ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ таъкид карданд. Инчунин дурнамои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳлил ва паҳнкунии натиҷаҳои PISA 2025 дар соли 2026, инчунин иштироки эҳтимолии кишвар дар давраи PISA 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифт.  

    1475

    19.01.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ОМӮЗИШИ АСОСӢ БО ИШТИРОКИ ШИРКАТҲОИ СОХТМОНӢ 8 январи соли 2026 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» аз ҷониби кормандони лоиҳа марҳилаи дуюми омӯзиши асосӣ оид ба коҳиш додани хатарҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ ва вокуниш ба шикоятҳо, ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳофизатӣ ва фаъолиятҳои гендерӣ барои ширкатҳои сохтмонии дар раванди тендер ғолибгашта доир гардид.  Тренинг дар доираи бастаи хариди CW02 – Сохтмони биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар назди муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ: МТМУ №16 н. Восеъ, МТМУ №67 Данғара, МТМУ №19 Ҳамадонӣ ва бастаи хариди CW06 – Сохтмони биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар назди муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ: МТМУ №32 ш. Панҷакент, МТМУ №2 ш. Хоруғ, МТМУ №4 н. Мастчоҳ  гузаронида шуд. Дар омӯзиши мазкур 15 намоянда аз 4 ширкати сохтмонӣ, аз ҷумла ҶДММ “Фидо сохтмон”, ҶДММ “Тилло хан”, ҶДММ “Сангрези Кӯлоб”, ҶДММ “Ҳокими Чорбоғ”, 5 намоянда аз ширкати тарроҳӣ ва назорати корҳои сохтмонӣ ҶДММ “Мусаввир” ва 3 намоянда аз раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ва лоиҳаи STEM низ иштирок намуданд.  Тибқи барнома дар тренинг аз ҷониби кормандони масъули лоиҳа ба иштирокчиёни омӯзиш муаррифиҳо оид ба амалисозии Нақшаи татбиқи ИШЗОҶ-и пудратчӣ, шарҳи умумии Нақшаи амали ИШЗОҶ, хатарҳои ИШЗОҶ ва вокуниш ба ИШЗОҶ, таъмини риояи кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоии БОР ва фаъолиятҳои гендерӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи STEM ва уҳдадориҳои пудратчиён дар марҳилаи сохтмон пешниҳод карда шуд.   Ҳамзамон, дар чорабинии болозикр намояндаи Бонки Осиёии Рушд низ иштирок ва суханронӣ намуд.   

    1466

    09.01.2026