09.01.2026

 img

8 январи соли 2026 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» аз ҷониби кормандони лоиҳа марҳилаи дуюми омӯзиши асосӣ оид ба коҳиш додани хатарҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ ва вокуниш ба шикоятҳо, ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳофизатӣ ва фаъолиятҳои гендерӣ барои ширкатҳои сохтмонии дар раванди тендер ғолибгашта доир гардид. 

Тренинг дар доираи бастаи хариди CW02 – Сохтмони биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар назди муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ: МТМУ №16 н. Восеъ, МТМУ №67 Данғара, МТМУ №19 Ҳамадонӣ ва бастаи хариди CW06 – Сохтмони биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар назди муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ: МТМУ №32 ш. Панҷакент, МТМУ №2 ш. Хоруғ, МТМУ №4 н. Мастчоҳ  гузаронида шуд.

Дар омӯзиши мазкур 15 намоянда аз 4 ширкати сохтмонӣ, аз ҷумла ҶДММ “Фидо сохтмон”, ҶДММ “Тилло хан”, ҶДММ “Сангрези Кӯлоб”, ҶДММ “Ҳокими Чорбоғ”, 5 намоянда аз ширкати тарроҳӣ ва назорати корҳои сохтмонӣ ҶДММ “Мусаввир” ва 3 намоянда аз раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ва лоиҳаи STEM низ иштирок намуданд. 

Тибқи барнома дар тренинг аз ҷониби кормандони масъули лоиҳа ба иштирокчиёни омӯзиш муаррифиҳо оид ба амалисозии Нақшаи татбиқи ИШЗОҶ-и пудратчӣ, шарҳи умумии Нақшаи амали ИШЗОҶ, хатарҳои ИШЗОҶ ва вокуниш ба ИШЗОҶ, таъмини риояи кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоии БОР ва фаъолиятҳои гендерӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи STEM ва уҳдадориҳои пудратчиён дар марҳилаи сохтмон пешниҳод карда шуд.

  Ҳамзамон, дар чорабинии болозикр намояндаи Бонки Осиёии Рушд низ иштирок ва суханронӣ намуд. 

 

Хабарҳои дигар

  •  img
    Баргузор гардидани семинар оид ба дастрасӣ дар Душанбе Дар Литсейи касбӣ-техникии Душанбе барои шахсони дорои маъюбият семинари махсус оид ба масъалаҳои дастрасӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯён, омӯзгорон ва тренерон иштирок намуда, сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиши амалии худро оид ба таҳсилоти фарогир ва меъёрҳои дастрасӣ тақвият бахшиданд. Семинарро Кармен Ротару роҳбарӣ намуда, таҷрибаҳои байналмилалӣ ва усулҳои амалиро барои беҳтар намудани муҳити омӯзишӣ барои шахсони дорои маъюбият муаррифӣ кард. Иштирокчиён дар муҳокимаҳо ва машқҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, роҳҳои таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти касбиро баррасӣ карданд.

    23

    02.03.2026
  •  img
    Дар Тоҷикистон семинари машваратии миллӣ оид ба PISA 2025 баргузор гардид Рӯзи 13 феврали соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари машваратии миллӣ оид ба татбиқи Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025 ва таҳияи Гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба PISA 2025 баргузор гардид. Семинар дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил шуда, дар он тақрибан 80 намояндаи соҳаи маориф ва шарикони рушд иштирок намуданд. Иштироки Тоҷикистон дар PISA 2025, ки аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) татбиқ мегардад, аввалин таҷрибаи кишвар дар арзёбии бузурги байналмилалии сифати таҳсилот ба шумор меравад. Арзёбӣ ба саводнокии функсионалии хонандагон дар самтҳои хониш, математика ва илмҳои табиӣ равона шудааст. Ҳадафи чорабинӣ шинос намудани ҷонибҳои манфиатдор бо раванди татбиқи PISA 2025, муаррифии таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳияи гузоришҳои миллии PISA ва ҷамъоварии пешниҳодҳо ҷиҳати дастгирии таҳияи гузориши миллии PISA 2025 дар асоси далелҳо буд. Семинарро Директори Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ ва шарикони рушд иштирок карданд.  

    116

    13.02.2026
  •  img
    Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо намояндагони асосии шарикони рушдро ба ҳам оварда, масъалаҳои афзалиятноки ҳамоҳангсозӣ ва қадамҳои минбаъдаро ҷиҳати дастгирии ислоҳоти бахши маориф дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Ин ҷаласа бо дастгирии муштараки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баргузор гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ хонум Изабел Уриз, роҳбари ҳамкорӣ дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ва хонум Эри Двиведи, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, баромад намуданд. Иштирокчиён иҷрои тадбирҳои мувофиқашуда дар ҷаласаи қаблии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки моҳи ноябри соли 2025 баргузор шуда буд, баррасӣ намуда, инчунин нақш ва ваколатҳои Шӯроро дар заминаи ислоҳоти бахши маориф муҳокима карданд. Таваҷҷӯҳи махсус дода шуданд ба: муайян намудани арзиши иловагии DCC, робитаи он бо Гурӯҳи маҳаллии маориф ва таҳияи паёмҳои асосии адвокатсионӣ, ки ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд. Қисмати алоҳидаи ҷаласа ба таҳкими вазифаи ҳамоҳангсозии соҳавии Вазорати маориф ва илм бахшида шуд. Ба иштирокчиён натиҷаҳои Пурсиши самаранокӣ оид ба Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм, инчунин дидгоҳи Шӯро вобаста ба нақши Гурӯҳи маҳаллии маориф таҳти роҳбарии вазорат муаррифӣ гардид.  

    82

    12.02.2026