16.04.2025

 img

Дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа Музаффарзода Бадриддин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини соҳа ва аъзоёни Шуро ширкат варзида, масъалаҳои муҳими марбут ба ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Зимни нишаст раванди амалисозии “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2027” ҷамъбаст гардида, дурнамо ва масъалаҳои ҷорӣ дар самти таъмини ғизои солим ба кӯдакону наврасон муҳокима шуданд.

 

Аъзоёни Шуро ҳамчунин пешниҳодҳои худро доир ба такмили бандҳои дахлдори лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарсозии ташкил ва танзими ғизои мактабӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва махсус ироа намуданд.

 

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари назоратӣ ба муассисаҳои таълимии манотиқи кишвар, баргузории ҷаласаҳои сайёр ва Форуми байналмилалии ғизои мактабӣ, ки моҳи ноябри соли 2025 баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хабарҳои дигар