03.07.2025

 img

Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари ниҳоӣ оид ба татбиқи Барномаи таълимии салоҳиятнок баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он иштирок карданд.

Семинар ҳамчун платформа барои баррасии пешрафт ва натиҷаҳои татбиқи БТС дар 140 муассисаи таҳсилоти умумии пилотии кишвар дар солҳои 2024–2025 баргузор шуд.

Диана Димова, менеҷери барнома аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо сӯхани ифтитоҳӣ баромад намуда, дастгирии доимӣ ва устувори Иттиҳоди Аврупоро ба соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард.

Дар суханронии ҷамъбастӣ ҷаноби Луи Тангуй, менеҷери Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, аз аъзоёни гуруҳи кории миллӣ ва байналмилалӣ, омӯзгорон ва шарикони лоиҳа барои кӯшишу заҳматҳои пайваста ва садоқати касбиашон самимона изҳори сипос намуд.

 

  • Семинари ниҳоӣ оид ба пилоткунии баҳодиҳии салоҳиятнок дар 140 муассисаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон img
  • Семинари ниҳоӣ оид ба пилоткунии баҳодиҳии салоҳиятнок дар 140 муассисаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон img
  • Семинари ниҳоӣ оид ба пилоткунии баҳодиҳии салоҳиятнок дар 140 муассисаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Тренинги омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи STEM бо иштироки омӯзгорони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод 3 ва 4 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе тренинги навбатии омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» (STEM) баргузор гардид. Ин чорабинӣ барои мутахассисон ва намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии гуногун роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он такмили малакаи касбӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар фанҳои дақиқ мебошад.   Дар тренинг омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22 ва №35-и шаҳри Ваҳдат, №37-и ноҳияи Файзобод иштирок намуданд. Ҳамчунин, методистон ва намояндагони шуъбаҳои маориф низ ба кори тренинг ҷалб гардиданд.   Масъулони лоиҳа ба иштирокчиён иттилои муфассал дар бораи ҳадафу самтҳои асосии лоиҳаи STEM пешниҳод карда, масъалаҳои гуногунро дар чаҳорчубаи лоиҳа мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.   Тренинг дар фазои озод ва рӯҳияи ҳамкорӣ ҷараён гирифта, барои мубодилаи таҷриба, такмили дониш ва тақвияти ҳамкориҳои касбӣ миёни иштирокчиён заминаи мусоид фароҳам овард.

    26

    04.07.2025
  •  img
    ТРЕНИНГИ НАВБАТИИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ STEM ДАР Ш. ДУШАНБЕ Дар дафтари лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» воқеъ дар шаҳри Душанбе тренинги навбатии омӯзишӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна баргузор гардида истодааст. Тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» амалӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисон дар самти таълими фанҳои дақиқ мебошад.   Дар тренинг намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №50-и шаҳри Ҳисор, №2-и шаҳри Хоруғ ширкат варзида истодаанд. Дар қатори омӯзгорони фанҳои дахлдор, ҳамчунин, директорон, муовинони директор, методистон ва кормандони шуъбаҳои маориф низ ширкат доранд.   Мутахассисони лоиҳа ба иштирокчиён маълумоти муфассал дар бораи ҳадафҳо, вазифаҳо ва мундариҷаи лоиҳаи STEM пешниҳод намуда, мавзуъҳои муҳимми зеринро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод: • Такмили омӯзиши фанҳои STEM тавассути гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо; • Тақвияти имкониятҳои касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим; • Шарҳи барномаи таълими гендерӣ ва таҳлили омилҳои маҳдудкунандаи гендер дар соҳаи STEM; • Муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ; • Пешгирии зуроварии ҷинсӣ ва озори шаҳвонӣ дар муҳити таълимӣ.   Тренинг дар фазои озод ва ҳамкоронаи касбӣ сурат гирифта, ба табодули таҷриба ва густариши донишу малакаи иштирокчиён мусоидат менамояд.

    62

    01.07.2025
  •  img
    Муаррифии лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон дар шаҳри Хоруғ 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо Лоиҳаи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази хизматрасонию, тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон, ки дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур сохта хоҳанд шуд, шинос шуданд.   Нахуст, ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди бинои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қабати якум ва дуюми бино маркази хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ пешбинӣ шуда, дигар ошёнаҳо иборат аз хонаҳои истиқоматии 1,2 ва 3 ҳуҷрадор хоҳанд буд. Масоҳати замин ва зери сохтмони иншоот мутаносибан 0,28 гектар ва 1 ҳазору 276 метри мураббаъро ташкил медиҳад.   Лоиҳаи маҷмааи варзишӣ, ки дар заминаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад, аз ҷониби ҶДММ “Кохи Муҳандисон” таҳия шуда, дар масоҳати 0,34 га сохта мешавад.   Иншооти варзишӣ дуошёна буда, аз ошхона бо 20 ҷой, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраи мураббӣ, минбар бо ҷои нишаст барои 240 нафар ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.   Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи меҳмонхона ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ муаррифӣ карда шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Бинои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нуралибеки Атобек аз ҷониби ҶДММ “Сомони давр” бо тарҳи муосир бунёд гардида, аз марказҳои хизматрасонию тиҷоратӣ ва дигар шароити маишӣ барои зиндагии шоиста иборат хоҳад буд.   Бино бо назардошти талаботи рӯз сохта хоҳад шуд. Пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда Пешвои миллат маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорон барои иҷрои ин амали шоиста, изҳори миннатдорӣ карда, ба онҳо барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо доданд.   Ҳамчунин дар ин рӯз, силсилаи лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда, аз ҷумла лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика”, ки дар асоси созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд амалӣ мешавад, муаррифӣ карда шуд. Тавре иттиллоъ доданд, тарҳи мазкур бо маблағи 40 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар 22 муассисаи таҳсилоти ҳамагонии кишвар амалӣ мешавад, ки ҳоло кор дар ин самт бомаром идома дорад.   Зимни муаррифии лоиҳаҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №2-и шаҳри Хоруғ ва сохтмони бинои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика, таъкид гардид, ки иншооти бунёдшаванда дар асоси нақшаи чорабиниҳои беҳтарсозии инфрасохтор дар соҳаи илму маориф амалӣ мешавад. Тибқи нақша ҳамаи лоиҳаҳои муаррифишуда, бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар онҳо таъмини босифати имкониятҳои мусоиди кору фаъолият пешбинӣ шудааст.   Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҳар як бинои бунёдшаванда, бояд дар доираи талаботи сохтмонию шаҳрсозӣ иҷро гардида, ба сифати корҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, то онҳо барои садсолаҳо ба наслҳои имрӯзу оянда хизмат расонад.   Ташаббускорон барои дастгирии ҳамешагӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар фаъолият карда, барои рушд ва пешрафти Ватан ҳиссагузор хоҳанд буд.

    54

    27.06.2025