11.03.2025

 img

Дар доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат» оид ба «Таҳқиқот доир ба мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH» бо ҷалби коршиноси байналмилалӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Джад Ширер омӯзишҳо барои омода намудани коршиносони миллӣ идома доранд. TEACH як воситае мебошад, ки барои мушоҳидаи дарс дар чандин кишварҳои ҷаҳон ҳамчун омили асоси муайян намудани сифату самаранокии раванди таълим ва дарёфти маълумот дар бораи сатҳи азхудкунии дониш ва рушди салоҳиятҳои хонандагон гузаронида мешавад.

Дар дафтари кории ширкати “Машварат ва таҳлил” 10 марти соли 2025 барои 12 нафар коршиносони миллӣ, ки аз санҷишҳо гузаштанд, семинари омўзишӣ барои баргузории таҳқиқот анҷом дода шуд. Корҳои амалӣ рўзҳои 11-12 март идома меёбанд ва коршиносони миллӣ пас аз омӯзиш, моҳи апрели соли 2025 барои баргузории таҳққот ҷалб карда мешаванд.

 

  • ИДОМАИ ОМӮЗИШ БАРОИ КОРШИНОСОНИ МИЛЛӢ ДАР ДОИРАИ «ТАҲҚИҚОТ ДОИР БА МУШОҲИДАИ ДАРС ТАВАССУТИ ВОСИТАИ TEACH» img
  • ИДОМАИ ОМӮЗИШ БАРОИ КОРШИНОСОНИ МИЛЛӢ ДАР ДОИРАИ «ТАҲҚИҚОТ ДОИР БА МУШОҲИДАИ ДАРС ТАВАССУТИ ВОСИТАИ TEACH» img
  • ИДОМАИ ОМӮЗИШ БАРОИ КОРШИНОСОНИ МИЛЛӢ ДАР ДОИРАИ «ТАҲҚИҚОТ ДОИР БА МУШОҲИДАИ ДАРС ТАВАССУТИ ВОСИТАИ TEACH» img
  • ИДОМАИ ОМӮЗИШ БАРОИ КОРШИНОСОНИ МИЛЛӢ ДАР ДОИРАИ «ТАҲҚИҚОТ ДОИР БА МУШОҲИДАИ ДАРС ТАВАССУТИ ВОСИТАИ TEACH» img
  • ИДОМАИ ОМӮЗИШ БАРОИ КОРШИНОСОНИ МИЛЛӢ ДАР ДОИРАИ «ТАҲҚИҚОТ ДОИР БА МУШОҲИДАИ ДАРС ТАВАССУТИ ВОСИТАИ TEACH» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ БО ИШТИРОКИ ШИРКАТҲОИ СОХТМОНӢ 28 ноябри соли 2025 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» аз ҷониби кормандони лоиҳа марҳилаи дуюми тренинг оид ба коҳиш додани хатарҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ ва вокуниш ба шикоятҳо, ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳофизатӣ ва фаъолиятҳои гендерӣ барои ширкатҳои сохтмонии дар раванди тендер ғолибгашта доир гардид.    Тренинг дар доираи бастаи хариди CW01 - сохтмони биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №35 Ваҳдат, №8 Кӯлоб, №3 Муъминобод ва №4 Данғара гузаронида шуд.   Дар тренинги мазкур 13 намоянда аз 2 ширкатҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ҶДММ “Дашти Гулҳо”, ҶДММ “Фаридун” ва аз ширкат оид ба тарроҳӣ ва назорати корҳои сохтмонӣ ҶДММ “Мусаввир” иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар рафти баргузории тренинг намояндагони раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи STEM низ иштирок намуданд.   Тибқи барнома дар тренинг аз ҷониби кормандони масъули лоиҳа ба иштирокчиёни тренинг муаррифиҳо оид ба шарҳи умумии истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ дар доираи лоиҳаҳои аз ҷониби БОР маблағгузоришуда, шарҳи умумии Нақшаи амали ИШЗОҶ, хатарҳои ИШЗОҶ ва вокуниш ба ИШЗОҶ, таъмини риояи кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоии БОР ва фаъолиятҳои гендерӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи STEM ва уҳдадориҳои пудратчиён дар марҳилаи сохтмон пешниҳод карда шуд.   Ҳамзамон, дар чорабинии болозикр намояндаи Бонки Осиёии Рушд низ иштирок ва суханронӣ намуд.

    12

    28.11.2025
  •  img
    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАФТАРИ КОРИИ ГУРӮҲИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАИ STEM Дар дафтари кории Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.    Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда, суханони табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.    Сипас, чорабиниро роҳбари лоиҳа Абдулмаҷид Бобохон бо сухани табрикӣ идома дода, Парчами давлатии Тоҷикистонро рамзи Истиқлол, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва шиносномаи давлатдории муосири тоҷикон номид.    Қайд шуд, ки парчам ҳамчун рамзи ягонагӣ ва пешравии миллат моро ба эҳсоси масъулият, меҳнатдӯстӣ ва талош барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, маориф, даъват мекунад.   Дар идомаи ҳамоиш ҳуқуқшиноси лоиҳа Сафарзода Беҳрӯз оид ба таърихи  рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам суханронӣ намуд.    Дар анҷом, кормандон бо аксбардории рамзӣ ва мубодилаи суханони табрикотӣ чорабиниро ҷамъбаст карданд.    Рӯзи Парчами давлатӣ ба ҳайати лоиҳа рӯҳияи тоза бахшида, онҳоро барои идомаи фаъолияти созанда дар роҳи рушди соҳаи маориф ҳидоят намуд.

    173

    24.11.2025
  •  img
    Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон 3 ноябри соли 2025 омӯзиши мавзӯии «Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон» баргузор гардид. Дар омӯзиш омӯзгорон, роҳбарони методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони шӯъбаҳои маориф иштирок намуданд. Ҳадафи асосии омӯзиш — баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи омӯзгорон оид ба татбиқи арзёбии ташаккулдиҳанда ва таҳкими саводнокии функсионалии хонандагон буд. Дар ҷараёни чорабинӣ коршиносони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва коршиносони маҳаллӣ дар мавзӯъҳои гуногун суханронӣ намуданд. Казжанова Айгул, коршиноси калони байналмилалӣ оид ба таҳсилоти умумӣ (Лоиҳаи ИА), Холис Садурдинов коршиноси миллӣ меъёрҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро дар фанҳои гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ тавзеҳ доданд.

    390

    04.11.2025