Изҳороти роҳбари лоиҳа

05.09.2024

                Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, бо суръати мунтазами рушди      иқтисодии дар сатҳи 7% ва зиёда аз он қарор дорад. Дар раддабандии нави "Doing Business – 2020"-и Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон ворид шуд ва саъю кушиши кишвар барои беҳтар кардани муҳити тиҷорат шаҳодат медиҳад. Кишвар дар самти коҳиши камбизоатӣ ва меҳнати кӯдакона низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Назарсанҷии охири Gallup Тоҷикистонро амнтарин кишвари ҷаҳон ҳатто болотар аз Сингапур эълон кард. Илова ба ин, варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Париж се медали биринҷӣ ба даст оварда,   истеъдоди худро намоиш доданд. Тоҷикистон аз рӯи ишғоли медалҳо ба ҳисоби ММД дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум қарор гирифт.Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба ҷонибдории Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ба қувваи инсонӣ ҳамчун асоси пешравии устувор ва рушди осоишта шарик аст. Марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат намунаи шарикии содиқонаи ИА дар пешбурди ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи ин лоиҳаи панҷсола баланд бардоштани натиҷаҳои омӯзиш ва сатҳи шуғли ҷавонон, ба хусус аҳолии осебпазир мебошад. Тавассути таҳкими идоракунии маориф ва бозори меҳнат, пешбурди таҳсилоти рақамӣ ва касбомӯзӣ ва таъмини таҳсилоти фарогир ва мутобиқ ба ниёзҳои бозор мо ҳадаф дорем, ки барои ояндаи беҳтар ва дурахшони Тоҷикистон саҳм гузорем.

  • Бо таҷрибаи бисёрсола дар соҳаи рушди байналмиллалӣ ман аз имкони дастгирӣ кардани пешрафти маорифи Тоҷикистон илҳом мегирам. Ман ифтихор дорам, ки як гурӯҳи мутахассисони ҳадафманди миллӣ ва байналмилалиро, ки ҷонибдори гузоштани саҳми пурарзиш ва устувор ба соҳаҳои маориф ва бозори меҳнати кишвар мебошанд, роҳбарӣ мекунам.

  • Изҳороти роҳбари лоиҳа img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУҲОКИМАИ “ЧАҲОРЧӮБАИ МИЛЛИИ РУШДИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” Имрӯз, 27-уми декабри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муҳокимаи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.   Дар муҳокимаи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини вазири маориф ва илм Сафарзода Дилшод, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат, ҳамҳангсози лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”, намояндагони Кумитаи падару модарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.   Зимни муҳокима муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро ҳамчун самти калидии пешрафти кишвар ба таври мунтазам рушд ва тавсеа мебахшад. Роҳбарияти олии кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ки тамоми сатҳҳои таҳсилот, аз боғча то мактаби олӣ таълим ба талаботи ҷаҳонӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеа мутобиқ карда шаванд. Ҳадафи асосии “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тарҳрезӣ ва татбиқ кардани як низоми таълимие мебошад, ки дастрасӣ ва сифати таҳсилотро баланд бардошта, барои омодасозии насли нав ба талаботи бозори меҳнат дар арсаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Зеро рушди устувори кишвар аз рушди соҳаи маориф вобастагии калон дорад. Инчунин дар доираи ин чаҳорчӯба бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ низ дар назар дошта шудааст.   Гуфта шуд, ки “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” самтҳои муҳимми стратегии таъмини дастрасии баробар ба таҳсилот дар муҳити фарогир ва муҷаҳҳаз, баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияи муосир ба раванди таълим ва ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад.   Дар идома як қатор иштирокчиёни чорабинӣ вобаста ба моҳияти “Чаҳорчӯбаи милли рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фикру андешаҳои худро ироа намуда, таъкид гардид, ки “Чаҳорчӯбаи милли рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадами дигаре барои рушди маориф дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани муҳити таълими созгор ба ҳар як хонандаи тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    313

    27.12.2024
  •  img
    Баргузории семинари якум оид ба дурнамои малакаҳо          Дар доираи лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, якум семинари оид ба Дурнамои малакаҳо баргузор гардид. Ҳадафи семинар баланд бардоштани иқтидори мақомоти Тоҷикистон барои мутобиқ намудани малакаҳои кадрҳо бо талаботи бозори меҳнат буд.            Иштирокчиён бо усулҳои дурнамои малакаҳо шинос шуда, соҳаҳои асосӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, гузариш ба энергетикаи сабз ва сохтмонро барои таҳқиқоти оянда муайян намуданд. Ҳамчунин, нақшаи корӣ барои қадамҳои минбаъда таҳия гардид. Ин ташаббус, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ шудааст, як қадами муҳим дар роҳи пешгӯии ниёзҳои ояндаи бозори меҳнат дар Тоҷикистон мебошад.

    92

    13.12.2024
  •  img
    Рӯнамоии таҳқиқот дар бораи рушди фрилансинг дар Тоҷикистон         11 декабри соли 2024, дар доираи лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, рӯнамоии натиҷаҳои “Таҳқиқот ва коркарди механизмҳои бақайдгирӣ ва рушди фрилансинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Чорабинӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд.         Дар таҳқиқот имкониятҳо ва мушкилоти фрилансинг дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд, ки ба норасоии инфрасохтор, монеаҳои ҳуқуқӣ ва мушкилоти молиявӣ рабт доранд. Пешниҳодҳои асосӣ дарбар мегиранд: таъсиси платформаи миллии фрилансинг, ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва беҳбуди инфрасохтори интернет ва барқ. Вазорат омодагии худро барои пешниҳоди гуруҳи корӣ ҷиҳати танзими фрилансинг ва мусоидат ба рушди он баён намуд.         Ин ташаббус ҳадафи қавӣ намудани фрилансерҳои Тоҷикистон ва мутобиқ намудани кишвар ба равандҳои ҷаҳонии иқтисоди рақамӣ ва эҷодиро дорад.

    63

    11.12.2024