Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Изҳороти роҳбари лоиҳа Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, бо суръати мунтазами рушди иқтисодии дар сатҳи 7% ва зиёда аз он қарор дорад. Дар раддабандии нави "Doing Business – 2020"-и Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон ворид шуд ва саъю кушиши кишвар барои беҳтар кардани муҳити тиҷорат шаҳодат медиҳад. Кишвар дар самти коҳиши камбизоатӣ ва меҳнати кӯдакона низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Назарсанҷии охири Gallup Тоҷикистонро амнтарин кишвари ҷаҳон ҳатто болотар аз Сингапур эълон кард. Илова ба ин, варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Париж се медали биринҷӣ ба даст оварда, истеъдоди худро намоиш доданд. Тоҷикистон аз рӯи ишғоли медалҳо ба ҳисоби ММД дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум қарор гирифт.Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба ҷонибдории Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ба қувваи инсонӣ ҳамчун асоси пешравии устувор ва рушди осоишта шарик аст. Марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат намунаи шарикии содиқонаи ИА дар пешбурди ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи ин лоиҳаи панҷсола баланд бардоштани натиҷаҳои омӯзиш ва сатҳи шуғли ҷавонон, ба хусус аҳолии осебпазир мебошад. Тавассути таҳкими идоракунии маориф ва бозори меҳнат, пешбурди таҳсилоти рақамӣ ва касбомӯзӣ ва таъмини таҳсилоти фарогир ва мутобиқ ба ниёзҳои бозор мо ҳадаф дорем, ки барои ояндаи беҳтар ва дурахшони Тоҷикистон саҳм гузорем. Бо таҷрибаи бисёрсола дар соҳаи рушди байналмиллалӣ ман аз имкони дастгирӣ кардани пешрафти маорифи Тоҷикистон илҳом мегирам. Ман ифтихор дорам, ки як гурӯҳи мутахассисони ҳадафманди миллӣ ва байналмилалиро, ки ҷонибдори гузоштани саҳми пурарзиш ва устувор ба соҳаҳои маориф ва бозори меҳнати кишвар мебошанд, роҳбарӣ мекунам.
6503
05.09.2024
-
Оғози омӯзиши оид ба саводнокии функсионалӣ барои омӯзгорони мактабҳои шаҳри Душанбе Оғози омӯзиши оид ба саводнокии функсионалӣ барои омӯзгорони мактабҳои шаҳри Душанбе Рӯзи 29 июл дар шаҳри Душанбе омӯзиши саводнокии функсионалӣ барои 1206 омӯзгори мактаб оғоз шуд. Ин як қисми омодагӣ ба PISA-2025 мебошад. Омӯзиш то 23 август давом медиҳад. Ин омузиш бо маблағгузории Иттиҳодияи Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Мактабҳои зеҳнии Назарбоев ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони сохаи маорифи Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазир маориф ҷаноб Каримзода Равшан, намояндаи Иттиҳоди Аврупо ҷаноб Вилям Линдберг ва ректори Донишкада ҷаноб Наврӯз Мирзозода иштирок доштанд. Ҳузури онҳо аҳамияти ин ҳамкориро дар баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар Тоҷикистон нишон медиҳад.
5228
23.08.2024
Эълон
Бештар-
10.10.2024
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
10.10.2024
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар -
10.10.2024
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ. ПРОЕКТ СРЕДА ОБУЧЕНИЯ ОСНОВА КАЧЕСТВЕННОГО ОБРАЗОВАНИЯ (LEARN)
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ. ПРОЕКТ СРЕДА ОБУЧЕНИЯ ОСНОВА КАЧЕСТВЕННОГО ОБРАЗОВАНИЯ (LEARN) Бештар
Ҳамаи элонҳо