07.10.2024
Гурӯҳи корӣ тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.10.2024, №1168 бо роҳбарии Ш. Асомиддинзода - сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳолати латукӯб шудани омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ваҳдат Ф. Раҷабоваро мавриди санҷиш қарор дод.
Ҳангоми санҷиши гурӯҳи корӣ муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Ваҳдат Раҷабова Файзихон дар санаи 5-уми октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Сармисоқова Фируза - модари хонандаи синфи 8 “г”-и муассисаи мазкур Муминова Шаҳзода зери лату кӯб қарор гирифта, айни замон дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бистарӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки омӯзгор Раҷабова Файзихон – бо таҳсилоти миёнаи касбӣ бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ бо собиқаи 4-солаи корӣ дар муассисаи таълимии мазкур кор мекунад.
Гурӯҳи корӣ ҳолати ба вуқуъомадаро баррасӣ намуда, маълум намуд, ки омӯзгор Раҷабова Файзихон рӯзи 4-уми октябри соли 2024 (як рӯз пеш аз ҳодиса) дар синфи 8 “г”-и муассисаи мазкур дарси “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ”-ро мегузаронид ва дар раванди дарс вобаста ба якчанд ҳолатҳои вайронкунии дарс омӯзгор аз хонанда Муминова Шаҳзода эрод гирифта, хонанда бошад, худро ислоҳ накарда ба эродҳои омӯзгор вокуниш нишон медиҳад, ки дар натиҷа байни онҳо баҳс ба миён омада, муаллима маҷбур мешавад, ки ба рафтори хонанда баҳои “2” гузорад.
Инчунин, аз рӯйи баёноти худи хонанда ва ҳамсинфонаш муайян гардид, ки омӯзгор Раҷабова Файзихон ба хонанда калимаи “лаънатӣ”-ро истифода намудааст.
Сипас, баъди анҷоми дарс хонанда - Муминова Шаҳзода ҳамроҳи ҳамсинфону хонандагони ҳамин муассиса ба хотири ҷашн гирифтани зодрӯзаш, ки дар ҳамин рӯз будааст, ба хонаашон мераванд. Ҳодисаи дар ин рӯз ба вуқуъомадаро ҳамсинфони хонанда - Муминова Шаҳзода ба модари ӯ Сармисоқова Фируза мерасонанд.
Модари хонанда дар санаи 5 октябри соли ҷорӣ соати 11:15 дақиқа бо мақсади танбеҳи омӯзгор ба муассисаи таълимӣ ворид шуда, бидуни огаҳ намудани роҳбари муассиса ва ё шахси дигар ба синфхонае, ки омӯзгор Раҷабова Файзихон дарс мегуфт даромада, дар дохили синфхона бо ӯ ҷанҷол намуда, омӯзгорро зери латукуб қарор додааст, ки дар натиҷа омӯзгор ҷароҳат бардошта, айни ҳол бистари беморхона мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи раиси Иттифоқи касабаи муассиса омӯзгор Раҷабова Файзихон 4 сол мешавад, ки дар муассиса фаъолият дорад ва муносибаташ бо аҳли кормандон ва хонандагон хуб буда, ягон арзу шикояд нисбати ӯ то ин дам ба Иттифоқи касаба ворид нагардидааст.
Лозим ба қайд аст, ки омӯзгор Раҷабова Файзихон барои чораандешии масъалаи мазкур ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат дар санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ бо тариқи хаттӣ ариза намудааст, ки айни ҳол зери тафтиш қарор дорад.
Гурӯҳи корӣ пас аз омӯзиши ҳолати кор ҳамчунин, бо ҳайати кормандони педагогии муассиса ҷаласа баргузор намуда, оид ба масъалаҳои интизоми баланди касбӣ, масъулиятшиносӣ ва сатҳу сифати таҳсилот суҳбат оростанд. Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ бо мақсади шиносоӣ аз аҳволи омӯзгор Раҷабова Файзихон ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат рафта, бо омӯзгор ҳамсуҳбат шуданд.
Вазорати маориф ва илм амали Сармисоқова Фируза - модари хонандаи сини 8 “г”-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Ваҳдатро маҳкум намуда, қайд менамояд, ки дар асоси моддаи 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад.
Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди баррасӣ карор дода мешавад. Санҷиши фаъолияти омӯзгорро танҳо дар асоси муроҷиати хаттӣ ё санади тартибдодаи мақоми (шахси) ваколатдор оғоз кардан мумкин аст.
Амали содирнамудаи шаҳрванд Сармисоқова Фируза ҳамчун амали ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, илова ба асосҳои болозикр ҳамчунин қонунвайронкунии ҷиноятӣ ҳисобида мешавад, ки айни ҳол аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
- Маркази матбуоти
- Вазорати маориф ва илми
- Ҷумҳурии Тоҷикистон