15.01.2025
Вокуниш ба маводи корбари шабакаи иҷтимоии фейсбук Ҷамшед Турсунов вобаста ба таълими фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ
Имрӯзҳо, бо назардошти воқеаҳои ҷаҳонӣ, тағйироти геополитикӣ ва таҳдидҳои эҳтимолии амниятӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва омодагии ҳарбӣ дар байни ҷавонон ба масъалаи муҳимми миллӣ табдил ёфтааст. Пешниҳодҳое, ки равона ба баланд бардоштани сатҳи омодагии дифоии ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ватандӯстии ҷавононанд, ҳақиқатан муҳиманд ва бо эҳтироми зиёд бояд арзёбӣ шаванд. Дар ин баробар зарур аст, ки пеш аз қабули иқдомҳои нав, вазъи кунунӣ ва тадбирҳои амалишаванда ба таври муфассал таҳлил карда шаванд.
Дар доираи Стратегияи миллии рушди маориф ва барномаҳои давлатӣ таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маориф мебошад. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ” аллакай ҷорӣ шудааст, ки дар он хонандагон бо усулҳои ибтидоии ҳарбӣ, истифодаи яроқ, риояи интизоми низомӣ ва дигар малакаҳои зарурӣ шинос мешаванд. Дарсҳои ин фан бо назардошти талаботи барномаҳои таълимӣ ва бо истифодаи методикаҳои муосир баргузор мегарданд.
Таълими фанни “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ” дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ҷорӣ буда, мувофиқи барномаи тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Мақсади асосии таълими ин фан омода кардани хонандагон ба иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ барои ҳифзи истиқлолият ва амнияти кишвар аст. Барномаи таълимии Омодагии ибтидоии ҳарбӣ на танҳо ба донишҳои назариявӣ, балки ба малакаҳои амалии низомӣ ва вазъи равонӣ диққати махсус медиҳад. Хонандагон дар рафти омӯзиш бо таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтори неруҳои мусаллаҳ ва вазифаҳои асосии онҳо шинос мешаванд. Барномаи таълими ин фан соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодагии тактикӣ, тирандозӣ, ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ ва омодагии ҷисмониро фаро гирифта, дар ҳаҷми 102 соати таълимӣ татбиқ карда мешавад.
Барномаи таълимии амалкунанда на танҳо ба омӯзиши назариявӣ, балки ба малакаҳои амалӣ, аз қабили тирандозӣ, хазидан, кандани хандақ ва гузаштан аз монеаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар муассисаҳо барои гузаронидани машқҳои амалӣ аз майдонҳои махсуси таълимӣ истифода карда мешавад.
Машғулиятҳои ҳарбӣ тибқи низомномаҳо бо истифода аз унсурҳои интизоми низомӣ ва қоидаҳои амалии марбута гузаронида мешаванд. Дарсҳо на танҳо бо усулҳои назариявӣ, балки тавассути машқҳои амалӣ, аз қабили тирандозӣ, хазидан, ва омӯзиши тактикаҳои ҳарбӣ баргузор мешаванд. Машғулиятҳои амалӣ дар майдонҳои махсус ё синфхонаҳои муҷаҳҳазшуда бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ гузаронида мешаванд.
Омӯзгорони фанни “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ” мувофиқи стандартҳо тайёр шудаанд ва фаъолият мекунанд ва дорои малакаи баланд буда, тибқи низомномаи ҳарбӣ дарсҳоро мегузаронанд. Сатҳи омодагии онҳо ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.
Ҳамчунин, барои рушди малакаҳои амалӣ, дар баробари дарсҳои назариявӣ, машқҳои ҷисмонӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ доир мегарданд. Ин фаъолиятҳо барои ташаккули иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан мусоидат мекунанд.
Тарбияи ватандӯстӣ, ки дар заминаи таълими ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ густариш меёбад, як ҷузъи ҷудонашавандаи низоми таълимии Тоҷикистон мебошад. Мунтазам дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чорабиниҳои ватандӯстона баргузор мегарданд, ки ба ташаккули ҳисси масъулият, муҳаббат ба Ватан равона шудаанд. Чунин чорабиниҳо, аз қабили вохӯриҳо бо собиқадорон, зикри дастовардҳои таърихӣ ва мероси ниёгон, ба хонандагон имконият медиҳанд, ки донишҳои худро тақвият бахшанд ва онҳоро дар амал истифода карда тавонанд.
Бо вуҷуди арзишманд будани пешниҳодҳо, аксари корҳо, ки дар пешниҳод зикр шудаанд, дар низоми кунунии маориф аллакай амалӣ мешаванд:
- омӯзгорони фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ пурра омодаанд ва таълими ин фаннро дар сатҳи баланд таъмин мекунанд. Либоси низомӣ барои омӯзгорон дар айни ҳол як унсури иловагӣ буда, талаботи ҳатмӣ надорад, зеро таъсири тарбиявии фан аз шахсияти омӯзгор ва методҳои кори ӯ вобаста аст;
- пӯшидани либоси низомӣ барои хонандагон, гарчанде метавонад таъсири мусбат дошта бошад, аз назари амалӣ на барои ҳамаи хонаводаҳо қобили қабул аст. Айни замон, хонандагон тибқи меъёрҳои умумии либоспӯшӣ таълим мегиранд, ки ба талабот ва имкониятҳои иҷтимоии ҷомеа мутобиқ карда шудааст;
- коллеҷҳои ҳарбӣ: Дар сатҳи ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимии низомӣ, аз ҷумла литсейҳои ҳарбӣ, фаъолият доранд, ки ба ҷавонон имкони гирифтани маълумоти махсус ва омодагии касбиро фароҳам меоранд;
Барои ташаккули рӯҳияи ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ, дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ гурӯҳҳои корӣ амал менамоянд, ки ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, бо хонандагон ва омӯзгорон вохӯриҳо мегузаронанд. Ҳадафи ин гурӯҳҳо баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон оид ба хизмат ба Ватан ва ташаккул додани ҳисси ватандӯстии навсли наврас мебошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон